Истифодаи оқилонаи об дар сайёра

Қабули қатъномаи Созмони Милали Мутаҳид, бо пешниҳоди бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар ҳоле роҳандозӣ гардид, ки дар тамоми рўи Замин гармшавии саросарии сайёра ва норасоии рўзафзуни оби тозаи ошомиданӣ ҷараён дорад.

  Ҳоло дар сайёраамон аз лиҳози дастрасӣ доштан ба оби тозаи нўшиданӣ аксарияти давлатҳо танқисӣ мекашанд ва ин амал шаҳрвандони ин кишварҳоро ба ташвиш овардааст. Дар як қатор кишварҳо ва мегополисҳо, яъне шаҳрҳои бузурги сераҳолӣ аз нокифоягии оби тозаи нўшиданӣ трофикҳо, яъне лимити обро ҷорӣ намудаанд. Масалан, дар шаҳрҳои Теҳрон ва Табрези Эрон, Дубайи Аморати Мутаҳидаи Араб, Риёзи Арабистони Саудӣ ва ѓайра аз норасоии об, то нисфирўзӣ қисме аз шаҳр пас аз нисфирўзи қисми дигари шаҳр ва шабона қисми сеюмии шаҳрҳоро бо об таъмин менамоянд. 

Зимни таҳқиқҳои олимон ва мутахассисони соҳа агар гармшавии кунунии сайёравӣ ба ҳамин минвол идома ёбад, пас, дар 20-30 соли оянда аҳолии тамоми рўи замин нокифоягии оби тозаи ошомиданиро эҳсос хоҳанд кард ва аксарияти аҳолии қисматҳои марказӣ ва ҷанубии сайёраамон бо мақсади зиндагони кардан дар мавзеъҳои дорои оби тозаи нўшиданӣ ба қисматҳои шимолии Замин муҳоҷир хоҳанд шуд. Тибқи омори пешакӣ дар ҳолати идома ёфтани гармшавии кунунии сайёравӣ ва рўз аз рўз афзудани талаботи аҳолии рўи замин нисбат ба оби тозаи ошомиданӣ то соли 2050 бештар аз 500 млн. аҳолӣ ба саргаҳи дарёҳои бузург кўч мебанданд, ки ин раванд  нохушиҳои зиёди экологиро дар пай хоҳад дошт. Шурўъ аз солҳои 50-уми қарни ХХ то ба ҳол 3 баробар аҳолӣ дар рўи замин афзудааст ва дар ин баробар талабот низ  нисбат ба оби тозаи ошомиданӣ бештар аз 3 маротиба зиёд гардидааст, ки беш аз пеш мушкилии норасоии оби тозаро сокинони тамоми сайёра эҳсос хоҳанд кард.

Мо метавонем бо муқоиса намудани харитаҳои географӣ ва геологии миёнамиқёс ва бузургмиқёси минтақавии як қатор кишварҳои ҷудогона шоҳиди рўз аз рўз камшавии оби нўшиданӣ дар сайёраамон гардем. Яъне, дар харитаҳое, ки дар қарни гузашта таҳия гардидаанд, рўдҳо бо хати обиранг, кабудранги яклухт ишора гардидаанд, дар харитаҳои замони мо бошад, маҳз дар ҷои ҳамон хатҳои обиранги яклухт хатҳои обиранги канда-канда бо тере-тере нақш ёфтаанд, ки дар ҷои рўдхонаҳое, ки замоне пур аз об буданду то резишгоҳҳо рафта мерасиданд, ҳоло рўдҳои камоби мавсимӣ ишора гардидаанд, ки дар баҳорон сероб гардидаву дар фаслҳои тобистону тирамоҳ хушк мегарданд. 

Дар замони мо дар як қатор мамлакатҳои дунё корҳои омўзишӣ ва ҷустуҷўии геологӣ, геофизикӣ ва гидрогеологиро бо мақсади пайдо намудани ҳавзаҳои хурду бузурги обҳои нўшидании зеризаминӣ ба роҳ мондаанд ва дар ин корҳо маблаѓҳои зиёдеро ҳам масраф менамоянд, зеро барои онҳо об яке аз канданиҳои фоиданоки арзишманд маҳсуб меёбад,  дар ҳоле ки дар кишвари мо обҳои тозаи нўшиданӣ дар сатҳ дар рўи замин ба воситаи дарёву дарёчаҳо ҷорӣ гардида, дар баробари бароварда намудани ҳоҷатҳои аҳолии кишварамон давлатҳои ҳамсояи поёнобро низ шодоб менамоянд. Аз ин ҷост, ки бештар аз 60%-и обҳои Осиёи Миёна дар кишвари мо тавлид гардидаву аз он танҳо 15%-аш дар дохил истифода мегардаду халос, боқӣ ҳама то резишгоҳҳо ба кишварҳои поёноб чун Ўзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон ҷорӣ мегарданд. 

Тоҷикистони мо аз захираҳои обӣ бой буда, дар он бештар аз 1400 кўли хурду бузурги табиӣ ва зиёда аз 20 обанбори сунъӣ мавҷуданд. Дар кўҳҳо ва доманакўҳҳои Тоҷикистон 8492 пирях дар масоҳати 8476 км2 мавҷуд мебошанд, ки  овозадортарини онҳо ин  бузургтарин пиряхи кўҳӣ дар сайёраамон пиряхи Федченко мебошад. Ин пирях бо дарозии 77 км, паҳноии  миёнаи 5 км,  ѓафсиаш то 1600 м, масоҳат 650 км2  ва бо дорои 50 шохоб тавсиф мешавад.  Ѓайр аз ин бештар аз 1000 дарёву дарёчаҳои кўҳӣ, дар қаламрави кишварамон ба қайд гирифта шудааст, ки тўли умумии онҳо ба бештар аз 30000 км расида, манбаи ѓизогирии аксарияташон  пиряху барф мебошад ва ин далели он аст, ки онҳо ба гурўҳи дарёҳои мавсимӣ шомил намегарданд.

Дур намеравем, танҳо дар шаҳри Душанбе, ки бузургтарин нуқтаи аҳолинишин дар кишварамон мебошад, аз дохил ва атрофи он 5 дарёи пуроб мегузарад, чун Варзоб, Лучоб, Душанбе, Кофарниҳон ва Элок. Фикр мекунам дар тамоми сайёра ин ягона шаҳр, пойтахтест, ки аз он ва атрофаш на кам аз 5 дарёи серроб ҷорист. 

Ѓайр аз ин дар зери замини шаҳрамон бузургтарин ҳавзаи оби зеризаминии тозаи нўшиданӣ бо номи Ҳавзаи Душанбе мавҷуд аст, ки миллионҳо метри кубӣ захираи оби тозаи нўшиданиро дошта, аз он бештар аҳолии шаҳрнишини қисматҳои ҷанубии пойтахтамон шодоб мегарданд. 

  Ҳамаи он ишораҳое, ки дар боло ёд намудем, далели онанд, ки ҷумҳурии мо ҳанўз мушкилии норасоии оби тозаро дар баробари дигар давлатҳо мувоҷеҳ нагардидааст. Аммо кишвари мо бо сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззам  дар самти дастрасии аҳолии сайёра ба об бетараф набуда, барои бартараф  намудани мушкилоти ҷойдошта оид ба об пайваста ташаббусҳо нишон медиҳад. Ташаббускориву пешниҳодоти кишварамон ва қабули пайдарҳамии чаҳор қатънома аз тарафи Созмони Милали Мутаҳид: чун  «Соли 2003 ҳамчун Соли Оби тоза»,  «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт»  солҳои 2005-2015», «Соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва  «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аҳамияти умумисайёравиро дорад ва шаҳодати бузургии шахсият ва гуманизмии Президенту халқи азизи мост. 

Каюмарси М.,

 устоди ДМТ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj