Истиқлолияти энергетикӣ

Тадқиқу омўзиши захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон аз ҷумлаи корҳое ба шумор меравад, ки ҳарчанд дар гузашта шурўъ гардида бошад ҳам, вале дар замони истиқлолият суръати тоза касб кард. Зеро расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолист. Барои расидан ба ин ҳадаф таҳти сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои зиёде сурат гирифтааст, ки бунёди неругоҳҳои “Сангтуда-1”, “Сангтуда-2”, марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе, неругоҳҳои зиёди хурди барқии обӣ ва ниҳоят мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати якуми НБО “Роғун” аз ҷумлаи ин кўшишҳои натиҷаоваранд. Қобили зикр аст, ки ба таври комил даст ёфтан ба ин ҳадаф барои рушду тараққиёти соҳаҳои гуногун, алалхусус иқтисодиёти Тоҷикистон зарур мебошад.

Оғози бунёди неругоҳҳо...

Зикр намудан бамаврид аст, ки хоҷагии халқи кишвар ва сокинони он даврони шўравӣ ҳангоми ба фаъолият пардохтани неругоҳи барқи обии “Норак” то андозае ҳалли худро ёфта буд. Чунонки маълум аст, то ба фаъолият пардохтани ин неругоҳи азим ва нотакрори минтақа Тоҷикистон аз ҷиҳати таъмин намудани сокинон, корхонаю хоҷагиҳо ва дигар соҳот бо қувваи барқ сахт танқисӣ мекашид. Солҳои панҷоҳум ва шастуми асри гузашта дар пойтахти кишвар тавассути аввалин неругоҳ дар кишвар - НБО “Варзоб”, маркази барқу гармидиҳӣ ва якчанд неругоҳҳои дизелӣ фаъолият доштааст. Марказ аксар биноҳои чандқабатаи истиқоматӣ ва идораю биноҳои маъмурии пойтахтро дар фасли сармо бо гармӣ таъмин мекард. Ҳамчунин, ду чархаи нерудиҳанда, ки дар ин марказ насб шуда буд, тавассути буғ имкон медод қувваи барқ истеҳсол гардад. Ҳамчунин, аввалин неругоҳи барқии кишвар – НБО “Варзоб” тамоми неруи истеҳсолшударо ба пойтахт мефирситод. Ҳамин тавр, масъалаи таъминоти барқ он замон дар пойтахти кишвар то андозае ҳалли худро меёфт. Илова бар он, силсиланеругоҳҳои барқие, ки охири солҳои панҷоҳум ва аввали солҳои шастум дар рўди Вахш – Сарбанд, Марказӣ ва Шаршара бунёд ёфта буданд, баробари таъмини минтақа, яъне водии Вахш бо барқ, ҳамчунин, тавассути хатҳои баландишиддати интиқолдиҳандаи барқ ба пойтахти кишвар неруи барқ интиқол медодаанд.

Дар дигар манотиқ, махсусан марказҳои маъмурӣ, яъне шаҳру ноҳияҳо таъминот бо неруи барқ асосан тавассути неругоҳҳои дизелӣ сурат мегирифт. Қисмати шимолии кишвар, яъне вилояти Суғди имрўза тавассути НБО “Қайроққум”, ки ба силсилаи ягонаи барқии ҳамсоякишвари Ўзбекистон пайваст буд, бо барқ таъмин мегардид. Фасли сармо ин неругоҳ имкон надошт, минтақаро бо барқ пурра таъмин созад. Дар ин маврид тавассути силсилаи ягона аз кишвари ҳамсоя ба минтақа барқи иловагӣ ворид мегардид. Ва масъалаи норасоии барқ то андозае ҳал мешуд. Ҳамин тавр, шимоли кишвар аз силсилаи ягонаи барқии худӣ тамоман ҷудо буд. Ҳатто пас аз ба кор даромадани чархаҳои НБО “Норак” низ ин масъала ҳалли худро ёфта натавонист. 

Моҳи ноябри соли 1972 чархаи аввалини НБО “Норак” ба фаъолият пардохтааст. Метавон гуфт, ки маҳз пас аз фаъолияти ин неругоҳ бо барқ таъмин намудани минтақаҳои гуногуни кишвар қадре имконпазир гашт. Баробари бунёди неругоҳи “Норак” барои ба сислсилаи ягонаи худӣ пайвсатани шимоли кишвар кўшишҳо ба харҷ дода шуданд. Ибтидо ба нақша гирифта шуд, ки тавассути ағбаи Анзоб хатҳои баландшиддати ҷараёни барқ интиқол ёбад. Аммо бо сабаби душвории хатгузаронӣ, яъне кўҳсор мутахассисон ба ифоқа омаданд, ки хати интиқоли ҷараёни баландшиддат тавассути Регар-Деҳнав сурат гирад. Пас аз ба кор даромадани НБО “Норак” интиқоли барқ ба шимоли кишвар маҳз бо ин самт сурат мегирифт. Аммо дар ин маврид ҳам ин маънои силсилаи ягонаи барқии худро надошт. Ҳоло ҳам тобеи силсилаи ягонаи барқии ҳамсоя будем, ки пас аз истиқлолият аз сабаби норасоии неруи барқ мардуми тоҷик азоби онро хеле сахт кашид.       

Маҳз замони истиқлолият бо эҳтимом ва саъю кўшиши Роҳбарияти кишвар замина муҳайё гардид, ки шимоли кишвар ба шабакаи ягонаи барқи кишвар ворид гардад. Аҷиб он аст, ки ин кор маҳз тавассути ағбаи “Анзоб” сурат гирифт. Дар шароити бағоят душвор ва шояд нарасидани мутахассисон ва таҷҳизот. Аммо ин кор роҳандозӣ шуд. Ҳол он ки замони шўравӣ мутахассисон, таҷҳизот, техника хуллас ҳама чиз мерасид. Аммо танҳо саъю кўшиш, дилсўзӣ намерасид. Дили гарм набуд. Зеро аксар мутахассиону курсинишинон худӣ набуданд. Шояд дилашон ба ҳоли мардуми таҳҷо намесўхт.    

Истиқлолияти энергетикӣ - ҳадафи №1

Бояд гуфт, истиқлолияти энергетикӣ маънои вобаста набудан аз лиҳози энергетикиро дорад. Яъне, пурра қонеъ гардонидани талаботи кишвар – аҳолӣ, корхонаю муассисаҳо, ташкилоту хоҷагиҳо ва ғайра бо неруи барқи худӣ. Хушбахтона, ноилшавӣ ба ин натиҷа дар мамлакат зина ба зина мумкин гашта истодааст. Бо он далел, ки давоми солҳои истиқлолият дар соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ даҳҳо лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 1,8 млрд. доллари ИМА татбиқ гардидааст. Муҳимтарин дастовардҳои соҳа мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ, ба монанди агрегати якуми НБО “Роғун”, неругоҳҳои барқи обии “Сангтўда-1” (670 МВт), “Сангтўда-2” (220 МВт), Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 (100 МВт), НБО “Помир-1” ва як қатор неругоҳҳои барқи обии хурд (30 МВт) бо иқтидори умумии  1020 МВт, сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500 кВ “Душанбе-500”, “Суғд-500”, дастгоҳи тақсимкунандаи пўшидаи элегазии 500 кВ дар НБО-и “Норак”, хати интиқоли барқи 500 кВ “Ҷануб-Шимол” (ба масофаи 263,8 км),  зеристгоҳҳои барқии 220 кВ “Лолазор”, “Хатлон”, “Айнӣ”, “Шаҳристон”, “Шаҳринав”, хатҳои интиқоли барқи 220 кВ “Лолазор-Хатлон” (53,3 км) “Тоҷикистон-Афғонистон” (116 км), “Хуҷанд–Айнӣ” (83,2 км), “Қайроққум-Ашт” (74 км) ва “Геран-Румӣ” (78 км) ба масофаи умумии 407,5 км ба шумор мераванд...

Илова бар ин, таҷдиду азнавсозии иқтидорҳои мавҷуда, ки яке аз масъалаҳои муҳимми соҳа ба шумор мераванд, ҳал шуда, дар ин замина таъмири неругоҳҳои “Норак”, “Қайроққум”, “Сарбанд” ва “Варзоб” шуруъ гардид. Аллакай, то ин дам дар доираи таҷдиди НБО “Норак”  чархаи кории  агрегатҳои № 3 ва № 8 нав гардид ва тамоми таҷҳизоти дастгоҳи тақсимотии кушодаи 220 кВ бо асбоби муосири элегазии ДТПЭ – 220 кВ ва  дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 500 кВ  бо таҷҳизоти замонавии элегазии ДТПЭ – 500 кВ  иваз гашта, бори аввал дар таърихи неругоҳ дарбанди куравӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, вазъи таъминоти неруи  барқро дар ҷумҳурӣ бамаротиб беҳтар намуданд. Дар ин давра ифтитоҳи хати интиқоли барқи 500 кВ-и “Ҷануб – Шимол” хеле муҳим арзёбӣ мегардад, ки ба системаи ягонаи энергетикии кишвар асос гузошт.

Дар асоси сиёсати энергетикии Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаҳои зиёди ҷумҳуриявию байналмилалӣ роҳандозӣ шудаанд. Аз ҷумла, 12 майи соли 2016 бо иштироки  сарварони Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон татбиқи Лоиҳаи минтақавии неруи  барқи  CASA – 1000 оғоз ёфт, ки дар он саҳми Тоҷикистон баланд аст.

Албатта, барои ба ин ҳадаф расидан ва ба кишвари содиркунандаи неруи барқ табдил додани кишвар баробари сохтмони неругоҳҳои бузург мо бояд ба манбаъҳои алтернативии энергия, техникаву таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурду миёна ва истифодаи самараноки қувваи барқ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем. Ин таъкиди Пешвои миллат аст, ки зимни банақшагирии сохтмони корхонаҳои саноатӣ ҳаҷми зарурии неруи барқ, об, роҳ ва дигар инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ бо истифодаи технологияҳои каммасраф ба инобат гирифта шавад. Зеро сохтмону таҷдиди иншооти энергетикии ба нақша гирифташуда дар ояндаи наздик имкон медиҳад, ки аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиамон пурра бо барқ таъмин гардида, барои содироти неруи барқи зиёдатӣ ба кишварҳои минтақа шароит фароҳам оварда шавад. Ҳамин тавр, замина муҳайё мегардад, ки қувваи барқро чун моли худӣ ба кишварҳои минтақа пешкаш созем. Аз фурўши он фоида ба даст оварда, мабалғи муҳайёгаштаро баҳри пешрафт, инкишофи дигар соҳоти хоҷагии халқи кишвар сарф намоем.   

Пайдост, ки мардуми Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ сол то сол барои расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ин аст, ки нисбат ба солҳои пеш ҳоло дар манотиқи дурдаст барқрасонӣ беҳтар гаштааст. Лимти барқ, ки пештар дар фасли сармо ногузир ҷорӣ карда мешуд, имрўз дигар аз миён бардошта шудааст. Ин ҳама баёнгари он аст, ки Ҳукумати мамлакат ба ҳадафи пешгузоштаи худ даст ёфта, рушди бомароми кишвар дар ояндаи наздик таъмин карда хоҳад шуд.

Гузашта аз ин, 16-уми ноябри соли гузашта ба шарофати саъю кўшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми НБО  “Роғун” ба кор андохта шуд, ки яке аз дастовардҳои беназири миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Бо пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани НБО “Роғун” мустақилияти энергетикӣ дар кишвар таъмин ва кишвари тоҷикон ба яке аз давлатҳои пуриқтидори минтақа табдил хоҳад ёфт. Зеро иқтидори энергетикии ҳар як кишвар ифодагари тавонмандии он маҳсуб меёбад.

М. УСМОНОВ, 

ассистенти кафедраи журналистикаи байналхалқӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj