Иттиҳоди Аврупо ҳамчун ниҳоди дипломатияи ҳамгироӣ дар муносибатҳои байналхалқии муосир

Солҳои охир дар илм истилоҳи «сиёсати аврупоӣ» ба кор бурда мешавад, ки маънои дар арсаи ҷаҳонӣ пайдо гардидани ниҳоди ғайримарказонидашуда ва бисёрсатҳа оид ба мувофиқанамоӣ ва пеш бурдани сиёсати умумиро дорад. Иттиҳоди Аврупо (ИА) ин «давлати абарқудрат» нест, вале ҳамчун сохтори ҳамгироӣ иддаои  пешбурди сиёсати хориҷии умумиро дорад. Дар ҳуҷҷати ИА бо номи Рўзномаи маҷлиси соли 2000-ум (Повестка дня 2000) дарҷ гардидааст, ки иқтидори иқтисодии Аврупо бояд ба талаботи сиёсати нави хориҷӣ ҷавобгў бошад. Дар ҳуҷҷати мазкур хулосабардорӣ шудааст, ки дар шароити бо ҳам вобаста будан ва афзудани нақши омилҳои фаромиллӣ ба ИА зарур аст, ки аз чаҳорчўбаи пешбурди усули анъанвии муносибатҳои байналхалқӣ берун барояд. Ҳуҷҷатҳои ИА бетағйир  зарурати ба  даст овардани ягонагӣ ва умумият дар масъалаи сиёсати байналхалқиро тасдиқ менамоянд. Дар назди ИА мақсади «бо як овоз иброз доштан» гузошта шудааст. Ин маънои онро дорад, ки ИА бояд вобаста ба масоили байналхалқӣ фикру ақидаи ягонаро иброз дорад, дар созмонҳои байналхалқӣ ва конфронсҳои байналхалқӣ мавқеи умумиро гузорад ва бо мақсади ба имзо расонидани шартномаҳои байналмилалӣ бо кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ музокирот пеш барад. 

1. Азбаски ИА ҳамчун сохтори ягона бо давлатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ музокирот пеш мебарад ва ҳамчун ҷониби ба имзорасонандаи шартномаҳои байналмилалӣ баромад менамояд, масъалаи субъекти ҳуқуқӣ будани ИА ба миён омада буд. Аммо муддатҳои зиёд тавофуқнома оид ба эътироф намудани  субъекти ҳуқуқӣ будани Иттиҳоди Аврупо ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба имзо нарасид. 

  Соли 2002 Конвенти аврупоӣ (органи қонунбарор) барои коркарди Лоиҳаи конститутсияи ИА ташкил гардида буд, ки ин сохтори қонунбарор дар матни муқаррарот ИА-ро ҳамчун вориси ҳуқуқии ҷамъияти аврупоӣ ворид намуд, ки баъдан субъекти ҳуқуқӣ будани онҳо дар ҳуҷҷатҳои таъсисёбандаи солҳои 50-ум муайян гардида буд. Ахиран, соли 2007 Аҳдномаи Лиссабон  муқаррароти ИА-ро ҳамчун шахси ҳуқуқии ягона ба таври пурра тасдиқ намуд, ки он дар арсаи ҷаҳонӣ  субъекти ҳуқуқӣ буданро дорад.

Аммо муқаррароти мазкур ҳуқуқи ҳар як кишвари аъзоро вобаста ба сиёсати хориҷии мустақил истисно намекунад. Маҳз вобаста ба ин масъала дар қабули қарорҳои умумӣ шиддатнокии максималӣ ба назар мерасад. Бисёре аз нозирон бар он андешаанд, ки самаронокӣ ва таъсирнокии дипломатияи ҳамгироӣ ба он хотир коста мегардад, ки иштирокчиёни сиёсати хориҷии Аврупо дар ҳолати дуҷониба қарор доранд. Бо вуҷуди ин ки вазири корҳои хориҷӣ ва дипломатҳои тобеи ў иштирокчиён (акторҳо)-и миллӣ мебошанд, вале дар ҳолатҳои маҳдуд онҳо ҳамчун иштирокчиёни сиёсати умумии хориҷӣ ва амниятӣ фаъолият менамоянд.  Дар ҳақиқат дипломатҳо ва сиёсатмадорони кишварҳои сеюм на ҳама вақт барои худ фарқияти байни нақши вазир ҳамчун намояндаи кишвари худ ва нақши ў ҳамчун намояндаи манфиатҳои ИА-ро тасаввур карда наметавонанд. Қадами муҳим дар роҳи муккамалсозии ниҳодҳои фаъолияти сиёсати хориҷии Иттиҳод ин муқаррароти Созишномаи Амстердам (соли 1997) оид ба ташкил намудани вазифаи нав таҳти унвони «Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ» буд. Аввалин маротиба ба ин вазифа сиёсатмадори испанӣ Хавер Солана таъйин гардида, аз соли 1999 то соли 2009 дар ин вазифа фаъолият кардааст. Мувофиқи натиҷаи интихоботи гузаштаи соли 2014 дар парлумони Аврупо моҳи ноябри соли 2014 ба вазифаи Намояндаи олӣ вазири корҳои хориҷии Италия Фредерика Могерини аз ҳизби демократӣ интихоб гардид. Мувофиқи шартномаи Лиссабон мавқеи  намояндаи олӣ ба сатҳи болотар бардошта шуда, дар як замон вазифаи муовини раиси Комиссияи Аврупоро низ ба уҳда дорад. Мувофиқи қароре, ки дар Лиссабон қабул гардида буд, имконияти васеи ҳамоҳанг сохтани ду самти фаъолияти сиёсати хориҷии ИА пайдо гардид. Самти аввалаш ин дохилииттиҳодӣ мебошад, ки  самти сиёсати хориҷии кишварҳои аъзои ИА-ро ба воситаи мувофиқанамоии байниҳукуматӣ ба махраҷи ягона оварда расонида шудааст. Самти дуюми он бошад, ин ҳамгироӣ буда, бо фаъолияти ИА дар арсаи ҷаҳонӣ алоқаманд аст. Самти аввали он аз ҷониби Намояндаи олии ИА ва вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзо роҳбарӣ карда мешвад ва самти дуюмаш бошад, аз ҷониби Комиссияи Аврупо роҳбарӣ карда мешавад. Ба уҳда доштани вазифаҳои Намояндаи олӣ ва муовини раиси Комиссияи Аврупо ин ду фазифа имкон медиҳад, ки ҳар ду самти сиёсати хориҷиро бо ҳам муттаҳид намоянд. Ин навоварӣ доираи салоҳиятҳои ўро хеле васеъ менамояд ва имкон медиҳад, ки буҷети хеле калонро, ки барои тиҷорат, мусоидат ба рушд ва миссияҳои сулҳомез ҷудо мегарданд, онҳоро идора намояд. Хонуми англис Кэтрин Эштон, ки пеш аз Ф. Могеринӣ вазифаи Намояндаи олии ИА-ро ба уҳда дошт, ў бо ворид намудани ислоҳот дар хадамоти дипломатӣ тақрибан 30 тағйироти нави кадрӣ дар вазифаҳои роҳбари намояндагӣ (делегатсия) ба амал овард, ки дар миёни онҳо ҳафт хонум ҳамчун сафир таъйин гардиданд ва ба чандин вазифаҳои дигар намояндагони кишварҳои Аврупои Шарқӣ, ки ба наздикӣ ба ИА дохил гардида буданд, таъйин шуданд. 

Сохторҳое, ки коркард ва татбиқи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупоро амалӣ менамоянд, ба таври зайл мебошанд:

1) Шўрои аврупоӣ (European Council) дар самти таҳрезии принсипҳо ва самтҳои стратегии сиёсати хориҷии Иттиҳод мавқеи калидиро ишғол менамояд. Маҳз дар доираи  саммити он, ки дар ним сол ду маротиба баргузор мешавад, дар натиҷаи мувофиқанамоии байнидавлатӣ стратегияи умумии давлатҳои узви ИТ муайян ва оид ба имзо расонидани созишномаҳои байналхалқӣ тавсияҳо қабул карда мешаванд. Соли 2014 раиси Шўрои аврупоӣ намояндаи кишвари Полша Доналд Туск таъйин гардид. Шўрои аврупоӣ, инчунин, уҳдадор аст, ки бо кишварҳо муколамаи сиёсӣ оид ба масоили сиёсати хориҷиро дар самти масоили ҳуқуқи инсон, демократия ва фаъолияти инсондўстона(гуманитарных акций) пеш барад.   

2) Шўрои ИА (онро вазирони давлатҳои аъзои ИА ташкил менамоянд)– низ ниҳоди намояндагии мавқеи мувофиқанамоии байниҳукуматӣ буда, мувофиқи меъёрҳои стратегии ИА ва бо пешниҳоди Комиссияи аврупоӣ қарор қабул намуда, аксияҳо мегузаронад, мавқеи ИА-ро муайян месозад ва бо изҳорот баромад менамояд.

3) Комиссияи аврупоӣ як навъ «ҳукумати фавқулмиллӣ» -и ИА буда, дар самти равобити хориҷӣ салоҳиятҳои васеъ дорад. Намояндагони Комиссияи Аврупоӣ  дар ҳама марҳилаҳои коркарди ташаббусҳои сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ  фаъолона иштирок намуда, бо мақсади ҳамоҳанг сохтани онҳо бо сиёсати иқтисодию тиҷоратии ИА, инчунин, фаъолият дар самти мусоидат намудан ба тараққиёт саъю кўшиш менамоянд. Комиссияи аврупоӣ вазифадор карда шудааст, ки масоили вобаста ба сиёсати хориҷӣ ва сиёсати амниятиро ба Шўрои вазирон барои барассӣ пешниҳод ва пешниҳодҳои мувофиқро баррасӣ намояд. 

4) Парлумони аврупоӣ – ба воситаи Кумитаи парлумонӣ оид ба умури байналхалқӣ метавонад самти (аксиҳои) сиёсати корҳои хориҷии ИА-ро тарҳрезӣ намояд.  Намояндагони Парлумон ба аъзоёне, ки ба ИА нав қабул гардиданд ва ба хулосаҳое, ки вобаста ба шартномаҳои байналмилалӣ қабул гардидаанд, овоз медиҳанд. Намояндаи олӣ оид ба рушди сиёсати умумии хориҷӣ ва амниятӣ ба парлумон ба таври доимӣ иттилоъ медиҳад. Намояндагони Парлумон метавонанд ҳам ба Намояндаи олӣ ва ҳам ба Шўрои ИА  оид ба ин масоил тавсияҳо диҳанд. Ба салоҳияти парлумон масъалаи маблағгузории буҷети сиёсати хориҷӣ дохил мешавад. Парлумон бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои бо кишварҳои сеюм ҳайати парлумонӣ ташкил менамояд.  Бо парламентҳои кишварҳое, ки бо ИА иттифоқанд, ё ин ки бо кишварҳои номзад кумитаҳои байнипарлумонӣ ташкил карда мешаванд. 

5) Шўрои умури хориҷӣ - соли 2009 дар чорчўбаи Шўрои ИА ташкил гардида, дар тарҳрезии самти сиёсати хориҷӣ нақши муҳимро мебозад. Дар ҷаласаҳои он вазирони корҳои хориҷӣ, вазирон оид ба умури ИА, вазирони мудофиа, рушд ва савдо ширкат меварзанд.

6) Раиси Шўрои аврупоӣ дар доираи салоҳиятҳои худ Иттиҳоди Аврупоро дар арсаи ҷаҳонӣ намояндагӣ мекунад ва ҳамчун иштирокчии фаъоли дипломатияи аврупоӣ ба ҳисоб меравад. Мувофиқи шартномаи Лиссабон ў ба муҳлати дувуним сол интихоб гардида, метавонад ба ҳамин муҳлат як маротибаи дигар аз сари нав интихоб гардад. Ба роҳ мондани вазифаи раиси доимии Шўрои авупоӣ ба ғайр аз ҳолатҳои гуногун, боз имкон дод, ки  ба як ҳолати дигар ҳам роҳ дода нашавад. Дар ҳолате, ки дар он  дар натиҷаи ҷойивазнамоии нимсола кадом як кишвари хурд самти умумии сиёсати хориҷии ИТ-ро намояндагӣ намояд. 

7) Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ самти фаъолияти сиёсати хориҷии ИА-ро роҳбарӣ менамояд ва ҳамоҳангсоз ва намояндаи асосии сиёсати умумии хориҷӣ ва амниятӣ мебошад. Намояндаи олӣ аз номи Иттиҳод бо кишварҳои сеюм муколамаро ба роҳ мемонад, дар созмонҳои байналхалқӣ ва конфронсҳои байнлахалқӣ мавқеи Иттиҳодро баён менамояд.  Ў инчунин Хадамоти Аврупоӣ оид ба амлиёти хориҷиро, ки дар Лиссабон ҷойгир аст, роҳбарӣ менамояд [4]. 

Мувофиқи шартномаи Лиссабон тағйирёбии  бинбаъдаи марказҳои душвор дар ҳалли масоили зиёди иқисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ   ба амал омада, ки онҳо аз сатҳи  миллӣ ба сатҳи умумиаврупоӣ бароварда шудаанд. Аз ҷумла, сиёсати умумии хориҷӣ ва амниятӣ ба самте табдил ёфт, ки салоҳиятҳои ин соҳаро кишварҳои аъзои ИА бо сохторҳои ҳамгироӣ тақсим менамоянд. Ба ибораи дигар, салоҳиятҳое, ки дар ин самт ба ИА тааллуқ доранд, имконияти  пеш бурдани сиёсати хориҷии  кишварҳои аъзоро истисно намекунад. Аммо Эъломия оид ба масоили сиёсати умумии хориҷӣ ва амниятӣ на аз номи «Ҷамъияти аврупоӣ ва кишварҳои аъзо», ки пештар чунин буд, балки аз номи ИА тарҳрезӣ карда мешавад. Номи намояндагиҳои ИА низ иваз карда шудаанд. Пештар онҳо намояндагиҳои Комиссияи Аврупо ном доштанд ва ҳоло бошад, намояндагии Иттиҳоди Аврупо номгузорӣ шудаанд. Дар ҳақиқат рутбаи расмии роҳбари намояндагӣ «сафири Иттиҳоди Аврупо» не, балки «роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо, сафир» ном дорад:.

Ба монанди вазорати корҳои хориҷии муқаррарӣ Хадамоти аврупоӣ оид ба амалиёти хориҷӣ низ аз чунин раёсатҳои марзӣ ва вазифавӣ иборат мебошад: Осиё, Африқо, Россия, ҳамсояҳои Шарқӣ ва Ҷанубӣ, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, масоили ҷаҳонӣ (глобалӣ) ва бисёрҷониба, инчунин, аз шуъбаҳои зерин иборат мебошад: мудирияти буҳронҳо ва банақшагирӣ, банақшагири шаҳрвандӣ ва гузаронидани амлиётҳо, маркази фавқулода, штаби ҳарбии ИА ва Кумита оид ба масоили сиёсӣ ва амниятӣ. Хадамоти аврупоӣ оид ба амалиёти хориҷӣ дар раванди коркард ва таҳрезии ҳуҷҷатҳои сиёсати хориҷӣ ба Комиссияи Аврупо ва ба Парлумони Аврупо кумак мерасонад. Дар ш. Брюссели Шоҳигарии Белгия дафтари Хадамоти аврупоӣ оид ба амалиёти хориҷӣ дар бинои бо ном «Секунҷа» ҷойгир мебошад.  Номи бинои «секунҷа» аз номи чунин ниҳодҳои ИА: Шўрои Аврупо, Комиссияи Аврупо, Парлумони Аврупо гирифта шуда, дар шакли секунҷа ҷойгир мебошанд.

Дар дипломатия «ҳуқуқи дипломатии фаъол ва ғайрифаъол» мавҷуд аст. Зери истилоҳи «ҳуқуқи дипломатии фаъол» ин ҳуқуқи кишвар оид ба равон намудани намояндагии кишвари худ дар хориҷи кишвар фаҳмида мешавад ва зери истилоҳи «ҳуқуқи дипломатии ғайрифаъол» бошад, ин маънои ҳуқуқи дар давлати худ қабул намудани намояндагиҳои кишварҳои хориҷаро дорад.  

 Иттиҳоди Аврупо ҳарду ин ҳуқуқҳоро амалӣ менамояд. Дар хадамоти дипломатии он беш аз 7 ҳазор корманд сафарбар шудаанд. Баъд аз васеъ гардидани ИА шумораи сафоратҳои он (намояндагии ИА ном доранд) ва намояндагиҳои он дар назди созмонҳои байналхалқӣ хеле зиёд гардид. Сиёсати умумии хориҷӣ ва амниятиро бештари вақт ҳамчун сиёсати хориҷии муккамал ва пурарзиш тавсиф карда мешавад, ки ҳангоми муқоиса кардан бо сиёсати хориҷии анъанавии давлатҳои миллӣ қобилияти истодагӣ карданро дорад. Маҳз чунин имиҷи сиёсати умумии хориҷӣ ва амниятии ИА ба воситаи матбуот аз ҷониби афкори ҷомеа ва олимон тарғиб гардидааст. Бо ҳамин сабаб, дипломатияи ИА дар самти сиёсати умумии хориҷӣ ва амниятӣ баъзан вақт бо дипломатияи чунин кишварҳои федеративии ба монанди ИМА муқоиса карда мешавад.  

ИА намояндагиҳои худро ҳам дар кишварҳои аъзои Иттиҳод ва ҳам дар кишварҳои сеюм ифтитоҳ менамояд. Намояндагиҳои мазкур дар назди созмонҳои байналхалқӣ аккредитатсия мешаванд. Имрўзҳо дар ин намояндагиҳо беш аз 700 дипломат ва мансабдорони ИА ва беш аз 1600 корманди маҳаллӣ мавҷуданд, ки тибқи шартнома фаъолият менамоянд. Дар назди созмонҳои байналхалқӣ ва роҳбарони кишварҳо 130 намояндагии ИА аккредитатсия шудаанд. Намояндагии Комиссияи Аврупо дар назди СММ дар ш. Нию-Йорк ҳанўз соли 1964 ифтитоҳ гардида буд. Баъд аз қабули шартномаи Лиссабон статуси намояндагии мазкур хеле боло рафт. Қаблан дар Маҷмааи умумии СММ ИА-ро аз рўйи навбат он давлатҳое, ки ҳар нимсол Шўрои Аврупоро роҳбарӣ менамуданд, намояндагӣ мекарданд. Айни ҳол бошад,  намояндагӣ аз ҷониби раиси Шўрои аврупоӣ ва Намояндаи Олии ИА оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ амалӣ мешавад. Танҳо дар давоми чанд соли охир шумораи намояндагиҳои ИА васеъ гардиданд, аз ҷумла дар  Малайзия, Сингапур, Арабистони Саудӣ, Камбоджӣ, Лаос, Непал, Парагвай ва Тайван. Ҳамин тавр, сохторҳои дипломатии ба таври доимӣ васеъшаванда ташкил мегарданд, ки дар ш. Брюссел ба қатори  дигар сохторҳо илова мегарданд. Ин бешубҳа нақши ИА-ро ҳамчун иштирокчии боимтиёзи муносибатҳои байналхалқӣ боло мебарад.

Ҳадаф ва вазифаҳои намояндагиҳои ИА ҳамун «иштирок дар пеш бурдани сиёсати умумии ҳориҷию амниятӣ ва дар раванди қабули қарорҳои вобаста ба ин масоил ҷалб будан, ҷамъоварӣ кардани иттилоот ва омода намудани маълумоти таҳлилӣ, инчунин, бо сафоратҳои кишварҳои аъзои ИА ҳамкории зич доштан» муайян гардидааст. 

Аксарияти намояндагиҳои Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби давлатҳои мизбон ҳамчун миссияи дипломатии ҳақиқӣ баррасӣ карда мешаванд. Аз соли 1990 инҷониб роҳбарони намояндагии Иттиҳоди Аврупо мақоми сафири фавқулода ва худмухторро доро буда, ҳама кормандони сафорат аз имтиёзҳои ташрифотии мувофиқ бархўрдоранд. Роҳбарони намояндагӣ аз руйи қоида дар назди роҳбари кишвар аккредитатсия мешаванд ва эътимодномаҳои онҳо аз ҷониби роҳбари Иттиҳоди Аврупо ба имзо расонида мешавад. Инчунин намояндагиҳои ИА аъзои комилҳуқуқи корпуси дипломатӣ ба ҳисоб мераванд. 

Ташрифоте, ки дар чаҳорчубаи хадамоти дипломати ҳамгироӣ амал мекунад, агарчи дорои хусусияти хоси худ бошад ҳам, вале аз ташрифоти дипломатии умумиқабулгардида фарқияти зиёде надорад. ВКХ кишварҳои сеюм (ғайри давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо) ҳангоми барқарор намудани муносибатҳои байналхалқӣ бо ИА ва ё иваз намудани сафири кишвари худ ба хадамоти ташрифотии Комиссияи аврупоӣ дархости агреман (дар шакли ёддошти вербалӣ, ки дар он, инчунин, варақаи шахсии (CV)  сафири навтаъйин дар варақи оддии бе нишона замима мегардад .

Мувофиқи қоида ҷавоби агреман (розигӣ) дарҳол намеояд ва тақрибан ду моҳ лозим меояд ва ҳангоми рухсатиҳо он муҳлати бештарро тақозо мекунад, барои он ки номзадии сафир бояд аз ҷониби Комиссияи аврупоӣ, Шўрои аврупоӣ ва давлатҳои аъзо тасдиқ карда шавад. Дар ҳолати бо муваффақият анҷом ёфтани ин раванд оиди натиҷаи он ба ВКХ кишвари аккредитатсияшуда ба воситаи ёддошти вербалӣ ва баъзан вақт ба воситаи намояндагии ин кишвар дар ш. Брюссел буда хабардор карда мешавад. Оид ба ин масъала Котиботи генералии Шўрои Иттиҳоди Аврупо нишасти матбуотӣ баргузор намуда, маълумот паҳн менамояд.

 То омада расидани сафир хадамоти ташрифотии Комиссияи Аврупоӣ аз ВКХ Белгия дархост менамояд, ки ба сафир имтиёз ва масунияти лозимиро диҳанд ва дар ин бора хадамоти гумрук ва сарҳадчиёнро хабардор намояд. Сафир ҳамроҳ бо худ эътимоднома, ки аз ҷониби сарвари давлат ба имзо расидааст, инчунин, номаи бозхонди собиқ роҳбари намояндагиро дар ду нусха меорад. Баъд аз ба итмом расидани маросими супоридани эътимоднома ба раиси Комиссияи Аврупоӣ сафир метавонад корти ташрифотии худро ба роҳбари хадамоти ташрифотӣ супорад,  то ба аъзоҳои дигари Комиссияи Аврупоӣ расонида шавад. Сафир танҳо баъд аз супоридани эътимоднома  расман ба фаъолияти кории худ метавонад шурўъ намояд. 

Тибқи анъана миссияҳои дипломатие, ки дар назди ИА аккредитасия шудаанд, дар «Рўзи Аврупо», ки рўзи 9-уми май муайян шудааст, дар бинои намояндагӣ (миссия) байрақҳои миллии кишварҳои онҳо афрохта мешаванд.

Ҳамин тавр метавон гуфт, ки оид ба тарҳрезии самти сиёсати хориҷӣ ва қарори қабул дар доираи ИА як қатор сатҳи гуногун ташкил карда мешавад.  Дар навбати худ бисёрсатҳӣ инъикосгари ду тамоюл дар рушди ҳамгироӣ мебошад – мувофиқанамоии байнидавлатӣ ва ба танзимдароии фавқулмиллӣ. Имрўзҳо сиёсати хориҷии умумии ИА, пеш аз ҳама, ба воситаи мувофиқанамоии байнипарлумонӣ коркард карда шуда, ҳамзамон, таъсири равандҳои ҳамгироӣ бавусъат меафзоянд. 

 

Маҳмадов П.А., 

н.и.с., дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj