ИФТИХОР АЗ ВАТАН ДОРЕМ МО!

Истиқлолият калимаи дўстдоштаи ҳар як миллату халқ аст. Шахсе нест, ки ин суханро бо ифтихор ба забон наорад. Зеро ин сухан маънои соҳибҳуқуқ будан, соҳибихтиёр будан, соҳибдавлат буданро дорад.
Миллати тоҷик ҳанўз дар асри Xсоҳибистиқлол, озод ва соҳибихтиёр буда, соҳиби давлати абарқудрат гардида буд, ки бо номи Давлати Сомониён машҳуру маъруф гашт. Ин давлат як аср арзи вуҷуд карда, ба номи Исмоили Сомонӣ сахт пайванд мехўрад. Дар таърих ин асри тиллоии давлатории миллати тоҷик ҳисобида мешавад, чунки ин қарни пешрафти илму фарҳанг, шеъру шоирӣ, забони тоҷикӣ буд. Дар дарбори Сомониён шоирону адибон ва олимони замон гирд омада буданд. Ҳудуди забони тоҷик, илму фарҳанги тоҷик, номи фарзандони баруманди ин миллат то ба Ҳинду Чин расида буданд ва шаҳри овозадори тоҷик машҳури ҷаҳон гашта буд.
Аммо дар асрҳои баъдина ин давлати мутамарказ аз байн рафта, ба ҷойи он давлатҳои хурде бо номи Ғазнавиён, Қарахониён, Салчуқиён ба майдон омаданд. Баъдтар дар ин сарзамин муғулон, темуриён, манғитиён ҳукмронӣ карданд. Ин раванд қариб ҳазор сол идома дошт ва дар ин муддати тўлонӣ соҳибдавлатон аз миллати ғайр буданд. Бо вуҷуди он ки мо аз давлатдорӣ маҳрум гардида будем, вале забони давлатдорӣ дар ҳамаи ин давру замон тоҷикӣ буд. Ҳама навиштаҳо дар тамоми соҳаи илму фарҳанг, адабиёту таърих маҳз бо забони тоҷикӣ таълиф мешуданд. Пас аз инқилоби Октябр давлати дигари абарқудрат бо номи Иттиҳоди Шўрави дар харитаи ҷаҳон пайдо гардид ва дар ҳайати он бо номи Ҷумҳурии Шўравии Тоҷикистон ташкил ёфт.
Дар солҳои 90-уми асри XXИттиҳоди Шўравӣ пош хўрд ва Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро эълон кард. Вале дар натиҷаи бадхоҳии муғризони беруниву зархаридони дарунӣ дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга гирифт ва ҳазорҳо фарзандони ин миллат кушта шуданд, ҳазорҳо хонаҳо ба коми оташ рафтанд ва қариб як миллион тоҷик ба худ номи гурезаро гирифта, ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд. Вазъият чунон печидаву муташанниҷ гашта буд, ки қариб ҳама боварии худро ба хомўш шудани ин алангаи фарогири бадбахтиовар аз даст дода буданд.
Маҳз дар ин марҳилаи мушкил ҷаласаи XVI  Шўрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардиду сарварии давлату ҳукумат бар зиммаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисттон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Воқеан, ин интихоб барои миллати тоҷик атои худовандӣ буд.
Бо талошҳои хастанопазир ва ҷасорати беназир Пешвои миллат  тоҷиконро аз парокандагӣ, давлати тоҷикро аз нестшавӣ наҷот доданд. Ҷасорату мардонагӣ ва фидокории ўҷиҳати таҳкими сулҳу оштии мили бағоят бузург ва қобили ситоиш аст, зеро ў наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, бунёдгузори мактаби давлатдории муосир, Пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ мебошад.
Шоир хело хуб гуфтааст:
Шуд ба бахти ҷумла тоҷикони мо,
Роҳбалад Эмомалӣ Раҳмони мо.
Тоҷикистон ёфт бар худ Пешво,
Тоҷиконро гашт азизаш раҳнамо.
Давлатҷон Ҳукматов,
донишҷўи курси 5-уми факултети баҳисобгирию иқтисодӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj