Ишқи Ватан

Тоҷикистон, эй Ватанам, эй диёри гулбадомонам, эй диёри кўҳсорам, эй диёри обшорам! Ман бо ифтихор мегўям, ки Модар-Ватан яктост. Зеро мо аз батни модар таваллуд шудаву чашм дар канораш кушода, по бар замини Ватан ниҳода, худро шинохтаем. 

Ватанам! Ватани дар дилу дида ҷойгузинам! Ту саросар зебову рангинӣ. Ман намедонам, ки кадоме аз ин зебоиҳоятро рўи авроқ оварам. Замини зархезат, боду ҳавои рўҳнавозат, обҳои софу зулолат ва кўҳҳои сарбафалаккашидаат маро водор мекунад, ки баҳрат чанд сухане гуфта бошам.

Охир, хома наметавонад қудрати тасвири ҳамаи ин асрор бошад. Ман аз ин ҳамаи дороиҳоят фахр мекунам ва меболам. Фахр аз он аст, ки Ватани биҳиштосо дорам. Ҳар гоҳе ки нигоҳ ба кўҳсорат мекунам, як ҷаҳон эҳсосот маро фаро мегирад. Ҳамон кўҳҳои сарбафалаккашидаи туст, ки бо гиёҳҳои шифобахши худ давогари тану қалби ҳазорон дардмандон гаштааст. Табиати дилфиребат бо назаррабоияш касро мафтуну шефтаи худ мегардонад.

Диёрам, ту тавлидгари ҳазорон мардони шуҷою баруманд ҳастӣ. Мардоне, ки дар арсаи ҷаҳонӣ номи тоҷику Тоҷикистонро машҳур намудаанд. Манам яке аз фарзандони ту, ки дар оғўши гарму нармат ба воя мерасам. Ҳамон рўзе , ки Ваҳдати Миллӣ ба даст овардӣ, хеле кучак будам. Он вақт забони гўё надоштам, ки ин рўзи саидро бароят муборакбод бигўям. Имрўзҳо, ки давраи ҷавониро паси сар мекунам, ҳар лаҳза тамоннои ободии туро мекунам. 

Тоҷикистони азиз, ман кўшиш мекунам, ки илму дониш омўхта, соҳиби касбу коре гардам ва ба халқу миллати хеш манфиате биоварам. Талошам баҳри он аст, ки қарзи фарзандиамро адо намоям. Агар ман дар замини зархезат ниҳоле насабзонам, агар дасти фитодаеро нагирам ва ё ба  халқи худ некӣ накунам, манфиате ба Ватани худ оварда  натавонам, пас, ман чӣ гуна  фардам?! 

Иброҳимов А.

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj