Иқдоми бузурге дар таълифи китоби таърихи забонҳои эронӣ

(Мирбобоев А. Муқаддимаи филологияи эронӣ. – Душанбе, 2015.-340 с.)
Таълифу тадвини китоби дарсӣ доир ба ин ё он фанни таълимӣ аз иқдоми бузурге дар бобати  комил сохтани таълими ҳамон фан дар риштаи тахассус маҳсуб меёбад. Таълифи китоби дарсии «Муқаддимаи филологияи эронӣ» аз ҷониби донишманди номии тоҷик, забоншиноси варзида Азиз Мирбобоев  ва нашри он андешаи болоро тақвият мебахшад. Бояд гуфт, ки то кунун доир ба фанни «Муқаддимаи филологияи эронӣ» ягон маводи хонданӣ ба забони тоҷикӣ мавҷуд набуд ва донишҷўён чӣ дар гузашта ва чӣ то рўзҳои наздик аз адабиёти илмии ба забонҳои дигар таълифёфта доир ба ин фан маълумот пайдо мекарданд. 

Мундариҷаи китоби мазкурро бахшҳои муқаддима, мафҳумҳои забонҳои эронӣ, таснифоти таърихию диалектологии забонҳои эронӣ, забонҳои эронии бостон, забони Авесто, осори хаттии забони форсии бостон, забони қабилаҳои мод, гeйишҳои скифию сарматӣ, забонҳои эронии давраи миёна, осори хаттии давраи эронии миёна, осори хаттии забони портӣ, осори забонҳои эронии шарқии давраи миёна, осори суғдӣ, осори хоразмӣ, осори сакоӣ, осори забони бохтарӣ (балхӣ), забонҳои эронии миёна, забонҳои муосири эронии ғарбӣ, забону лаҳxаҳои дигари эронии ғарбӣ (забонҳои балуxӣ, тотӣ, толишӣ, гeйишҳои лурӣ, бахтиёрӣ, зозо (димлӣ), қисмати шимоли ғарбии Эрон, Эрони Марказӣ, устони Форс, забонҳои парочӣ ва ормурӣ), забонҳои муосири эронии шарқӣ (забони осетинӣ), забонҳо ва лаҳxаҳои эронии шарқии Тоxикистон (забони яғнобӣ, гурeҳи забонҳои помирӣ, забонҳо ва лаҳxаҳои эронии шарқии Афғонистон, Чин ва Покистон), охирсухан ва феҳристи осори тавсияшуда фаро мегиранд, ки дар ҳар як фаслу зерфасл як ҷиҳату муҳиммияти забонҳои эронӣ ва таърихи онҳо ниҳоят ба таври возеҳ оварда шудааст, ки он маълумот барои хонанда хеле муфид аст ва баҳри худшиносӣ ба насли наврас бештар мусоидат мекунад.                 

Муаллифи китоби дарсӣ роҷеъ ба муҳиммияти эроншиносӣ ва тамаддуни эронӣ чунин ибрози андеша кардааст, ки чанд сатр аз он меоварем: «Эроншиносӣ яке аз бахшҳои илмҳои иҷтимоии муосир буда, ба таҳқиқу баррасии масоили мухталифи соҳаҳои зиндагӣ ва фаъолияти қавму миллатҳое машғул аст, ки бо номи мардуми эронинажод маъруфанд. Ин мардум яке аз қадимтарин халқҳои мутамаддини дунё буда, дар охирҳои ҳазорсолаи дуюм ва аввали ҳазорсолаи якуми пеш аз мелод дар қаламрави кишвари бостоние, ки бо номи Эронвеx  ёд мешавад, ташаккул ёфта, дар баробари қадимтарин халқҳои олам ба фарҳанги умумибашарӣ бо мероси гаронбаҳои илмию фарҳангии худ ворид шуда, дар ташаккулу такомули тамаддуни ҷаҳонӣ  нақши муассир ва саҳми бениҳоят бузурге гузоштаанд. Тамаддуни эронӣ дар тўли ҳазорсолаҳо тавонист  барои пайдоишу равнақи илму фарҳанги бисёр миллату халқиятҳои ғайриэронӣ мусоидат намояд ва таҳти таъсири фарҳанги эронӣ бисёре аз қабилаҳои бодиянишини ҳамсоя соҳиби фарҳанги миллии худ гардиданд. Мансубияти миллии фарҳангу тамаддун, пеш аз ҳама, аз рўйи забоне таъин мешавад, ки ин тамаддун ба воситаи он ба шакли хаттӣ ё шифоҳӣ офарида шудааст. Қабилаҳои гуногуни эронитабор ҳар яке фарҳанги хоси худро дорост, ки дар заминаи фарҳанги бостонии умумиэронӣ тўли ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, вобаста ба забон ва шароити зисти соҳибони худ хусусиятҳои хоси худро пайдо кардааст. Чунин гуногунрангии фарҳанги мардумони эронинажод, ки дар канори муштаракоти фарҳангии онҳо вуҷуд дорад, аз ғановати тамаддуни эронӣ ва рангинии ҷаҳони маънавии  соҳибони он гувоҳӣ медиҳад...»[C. 3]. 

Дар китоби дарсӣ роҷеъ ба вазифаҳои асосӣ ва шарҳи мафҳуми филологияи эронӣ андешаҳои ҷолиб оварда шуда, тибқи он филологияи Эрон  як қисми таркиби филология буда, забонҳои эронӣ ва осори хаттию шифоҳии ба ин забон сабтгардидаро дар алоқамандӣ бо таърихи ҷомеаи эронӣ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор медиҳад… 

Аз рўйи маълумоти китоби дарсӣ осори хаттию шифоҳии миллату халқиятҳои эронитабор таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, аз Авасто то Рўдакӣ ва аз Рўдакӣ то ба имрўз рушду камол ёфтааст ва ба хазинаи маънавии умумибашарӣ дастовардҳои беназиреро эҳдо намудааст. Забони мабдаи умумиэронӣ, ки пас аз инқирози забони мабдаи ориёнӣ ё ҳиндуэронӣ тақрибан дар миёнаи ҳазорсолаи дуюми пеш аз мелод арзи вуҷуд карда, ба сифати асоси моддии умумияти таърихии мардуми эронӣ хизмат мекунад. Ин забони мабдаъ минбаъд ба шеваю лаҳҷаҳо тақсим шуда, ки он шеваҳо дар тўли садсолаҳои инкишофи таърихии худ ба забонҳои мустақил табдил ёфта,  дар шарқу ғарби Эрони таърихӣ  доман густурдаанд… 

Мусаллам аст, ки навиштаxоти забонҳои муосири эронӣ хеле зиёданд ва азбаски ба замон ва муҳити зиндагии мардумони имрўза наздиканд, шарҳу тафсирро камтар талаб мекунанд, вале осори хаттии забонҳои қадимаи эронӣ, ки дар байни замони таълифи онҳо ва давраи муосир фосилаи замонии тeлоние вуҷуд дорад, шарҳу тафсири зиёдеро тақозо доранд. Барои тафсири ҳар калимаю ҷумлаи он забонҳо омўзиши амиқи вазъи иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии он давра лозим аст. Аз тарафи дигар, барои муқаррар кардани дурустии матн зарур мешавад, то санаи навишти он, сабки таълиф, саҳеҳият ва комил будани матн дақиқ муайян гардад. Гузашта аз ин, хондани матни забоне, ки дар қадим роиx будаву замоне аз байн рафтааст, мушкилоти зиёде  дорад. Масалан, барои хондани матнҳои хатти мехии забони форсии қадим [асрҳои VI-IV п.а.м] лозим шуд, ки забони форсии қадимро бо забонҳои санскрит, авестоӣ ва форсии миёнаву форсии нав муқоиса намоянд. Танҳо барои хондани хатти мехӣ, - қайд мекунад муаллифи китоб, - xустуxўҳои зиёд, муқоисаю баррасии навъҳои мухталифи хатҳои бостонӣ ва таҳқиқоти xиддӣ лозим шуд, ки қариб 200 сол идома дошт [C.8].

Дар китоб доир ба матнҳои қадим ва бо мурури давр аз байн рафтани онҳо ё нохоно гардидани хат ва ғалат рўбардор гардидани он аз тарафи котиб маълумоти муҳим дар асоси сарчашмаҳо оварда шуда, вазифаҳои муҳаққиқ дар барқарор гардидани он матнҳо, ҷумлаҳо бо назардошти муҳити эҷоди матн ва эҳтимолияти таҳрирҳои пешин ва ҳамчунин муқоисаи нусхабадалҳои гуногун нишон дода шуда, роҳҳои барқарор бо овардани осори ин ё он чеҳраи маъруфи адабӣ, илмӣ ё фарҳангӣ, ки ба сурати китоби алоҳида, маҷмўаи осор ва ё девони ба замони мо нарасидааст, гирдоварӣ ва бозсозӣ шавад, ки намунаи он барқарор кардани ашъори поягузори адабиёти форсу тоxик Абўабдулло Рўдакӣ аст, ки барои адабу фарҳанг ва тамаддуни мардумони форсизабон аҳамияти басо бузурге дошт. 

Дар китоб роҷеъ ба хатшиносӣ чун бахши муҳимми филология низ руҷуъ мешавад ва зикр мегардад, ки осори қадимии забонҳои эронӣ бо хатҳои гуногун ва ё бо навъҳои мухталифи як хат сабт гардидаанд. Ба таври мисол намунаҳои хаттии забони хоразмӣ ҳам ба воситаи навъе аз хатти оромӣ ва ҳам бо хатти арабӣ ва матнҳои забони суғдӣ бо гунаҳои суғдии самарқандӣ, полмерии монавӣ ва суриёнӣ (ошeрӣ) то замони мо маҳфуз монданашон зикр гардида, осори забони сакоӣ бо навъи хатти браҳмии ҳиндӣ ва осори забони бохтарӣ бо хатти юнонӣ барои имрeзиён ба ёдгор расиданашон баён гардидааст… 

Бояд гуфт, ки масъалаи даврабандии таърихии забонҳои эронӣ низ аз назари муаллифи китоб дур намонда, ба ин масъала бо як ҷиддияти том ибрози андеша менамояд ва ба се давраи таърихӣ даврабандӣ шудани онҳоро собит мекунад: 1. Давраи забонҳои эронии бостон – тақрибан аз оғози дуҳазорсолаи пеш аз мелод то асрҳои IV-III  пеш аз мелод; 2. Давраи забонҳои эронии миёна – аз асрҳои IV-III пеш аз мелод то асрҳои VIII-IX мелод; 3. Давраи забонҳои эронии нав – аз асрҳои VIII-IX мелод то ба имрўз.

Ин даврабандӣ ба таври умум характери забоншиносӣ надошта, фақат бар асоси осори фарҳангию таърихии забони форсӣ (тоҷикӣ) сурат гирифта, дар асоси ин даврабандӣ дигар забонҳои эронӣ низ вобаста ба мансубияташон ба яке аз ин се давра баррасӣ мегарданд. Дар миёни забонҳои эронӣ танҳо забони форсӣ дорои чунин осор ва манобеи забонӣ дар ҳама давраҳои таърихӣ буда, ин осор марҳилаҳои гуногуни ташаккул ва таҳаввули ин забонро фаро мегирад. Ҳамаи ин давраҳои таърихӣ на ба воситаи як шакли графикӣ, балки аз тариқи чандин расмулхат дарҷ гардидаанд, ки он чунин аст: осори форсии қадим ба воситаи хатти мехӣ, форсии миёна ба воситаи алифбои паҳлавии оромиасос ва алифбои монавӣ, осори форсии дарӣ ба воситаи алифбои арабӣ. 

Ҳамин тавр, китобе, ки бо унвони «Муқаддимаи филологияи эронӣ» аз ҷониби донишманди тоҷик Азиз Мирбоев таълиф гардидааст, манбаи муҳимме барои ошно гардидан бо ду давраи таърихии забонҳои эронӣ (давраҳои бостонӣ ва миёна) ва осори хаттии ин забонҳо маҳсуб меёбад. Аз ин китоби пурмуҳтаво доираи васеи хонандагон, муҳаққиқону унвонҷўён, магистру донишҷўён метавонанд баҳри такмили донишу тавсеаи ҷаҳонбинии худ истифода намоянд.   

 

Р.Шоев,

 мудири кафедраи методикаи 

таълими забон ва адабиёти ДДОТ 

ба номи Садриддин Айнӣ,

Д.Ҳомидов, 

дотсенти кафедраи таърихи 

забон ва типологияи ДМТ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj