Иқдоми хайр дар арафаи Соли нав

Дар арафаи таҷлили Соли нави 2019 бо дастгирии раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон устодону кормандон ва донишҷўёни факултети молиявию иқтисодии донишгоҳ дар хонаи кўдакони синни томактабии №1 шаҳри Душанбе Соли навро таҷлил карданд. Дар чорабинии мазкур, муовини аввал, муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим Т. Хоҷаев ва декани факултети мазкур Ф. Обидов иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Дар аснои мулоқот бо тарбиятгирандагони кўдакистони мазкур Т. Хоҷаев иброз намуд, ки ДМТ дар оянда низ барои хариди маводи лозима ва  дигар маҳсулоти ниёзи онҳо ёрмандӣ хоҳад кард.

Ҳамзамон, муаллимаи факултети мазкур М.Сайдмуродова тарбиятгирандагони кўдакистони мазкурро ба фарорасии соли нави 2019 табрик намуда, таъкид намуд, ки устодону донишҷўёни донишгоҳ тарбиятгирандагонро фаромўш ва танҳо намегузоранд. 

 Зимни баргузории чорабинии фарҳангии солинавӣ, ки ансанбли халқии «Наврўз»-и донишгоҳ бо устодону донишҷўёни факултети молиявию иқтисодӣ омода намуда буданд, намояндагони донишгоҳ ба масъулини кўдакистон маводи хўрокаю пўшока ва ба тарбиятгирандагони туҳфаҳои солинавӣ тақдим карданд.  

Директори кўдакистон Ҳусния  Абдуразоқова зимни суханронӣ аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои илмию таълимии он, хусусан Донишгоҳи миллӣ изҳори сипос намуда, иқдоми хайрхоҳонаи ҳайати устодону кормандон ва донишҷўёни факултети молиявию иқтисодиро  дар амалӣ сохтани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимон муҳим арзёбӣ кард. 

Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар кўдакистони мазкур 69 кўдак аз ҷониби мураббияҳои соҳибтаҷриба тарбия мегиранд. 

 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj