Калиди таҳсилоти муосир

Ба ман бигў ва ман фаромўш мекунам. Ба ман нишон бидеҳ – ва ман дар хотир мегирам. Маро ҷалб кун ва ман ёд мегирам (Конфутсий). 
Дар раванди ба роҳ мондани таълими анъанавӣ, ба унвони воситаи интиқоли иттилоот, шакли яктарафаи иртибот истифода мегардад. Моҳияти онро пахши донишу маълумот аз ҷониби омўзгор ба донишҷў ва бозгашти баъдии дониши азхудкарда аз тарафи донишҷў ба омўзгор ташкил медиҳад. Дар чунин шароит таълимгиранда дар вазъияте қарор мегирад, ки дар он ў танҳо ба қироати матн, шунидан, баъзан дар мавриди мавзўоти хос суҳбат кардан машғул асту халос, яъне танҳо ба сифати дарккунанда баромад мекунад.
Боиси таассуф аст, ки шакли яктарафаи иртибот натанҳо дар дарсҳои лексионӣ, балки дар дарсҳои амалӣ низ истифода мегардад. Фарқияти асосӣ танҳо дар он зоҳир мегардад, ки на омўзгор, балки донишҷў маълумоти муайянеро баён менамояд. Одатан дарсҳои семинарӣ дар шакли посух ба саволҳои қаблан пешниҳодгаштаи омўзгор, кори хатӣ (реферат), баёни маводи лексионӣ ва ғ. сурат мегирад. Ин шакли иртибот мутобиқ ба равиши салоҳиятмандона (компетентностный подход) нест. Имрўз баръакси анъанаҳои суннатӣ дар раванди таълим бардоштҳо ва ё равишҳои гуногуни иртиботи чандҷониба коркард ва ҷорӣ гашта истодаанд. Моҳияти ин модели иртиботот на фақат пазироии изҳороти донишҷўро дар назар дорад, балки ҷалби дониши онҳоро ба раванди таълим мепазирад.  Ин усул дорои хусусиятҳои мусбии зерин аст:
1. Дар ҳолати пешниҳод гаштани иҷозати омўзиши бевоситаи предмети омўзиш тавассути таҷрибаи худӣ пешниҳод гардад, таълимгиранда малакаи муайянро беҳтар аз худ мекунад.
2. Агар омўзгор тарзи азхудкунии хоси донишҳоро аз ҷониби таълимгирандагон фаъолона дастгирӣ кунад, муҳассилин беҳтар таҳсил мекунанд.
3. Агар омўзгор, аз як тараф барои азхудкунии нисбатан созгор сохтори фанни худро мукаммал гардонад ва аз тарафи дигар ба баррасии мавзўъҳо ақида ва диди таълимгирандагонро, новобаста ба он ки онҳо бо нуқтаи назари омўзгор мутобиқ нестанд, қабул намояд, таълимгиранда маводҳои пешниҳодгаштаро ба таври беҳтар аз худ менамояд. 
      Бояд таъкид карда, ки дар аксар ҳолатҳо мушкилоти асосии истифода нагаштани равишҳои интерактивӣ аз ҷониби омўзгор сабабҳои мушаххаси худро дорад:
·        Надонистани муҳтавои равиш;
·        Надоштани қобилияти истифодаи он дар амалия;
·        Дарк накардани ҷойгоҳи равиш дар сохтори дарс;
·        Нобоварӣ ба самаранокии истифодаи равишҳо дар раванди таълим.

Таълими интерактивӣ дар макотиби олӣ – талаботи замон
Равиши  салоҳиятмандона дар рафти ташкили раванди таҳсил аз омўзгор тағйири раванди таълимро талаб мекунад: пеш аз ҳама, сохтор, шаклҳои фаъолият, принсипҳои таъсири мутақобилаи субъектон ва ғ.. Ин маънои онро дорад, ки дар фаъолияти омўзгор авлавият ба бардоштҳо ва ё равишҳои муколамавӣ, ҷустуҷўи муштараки ҳақиқат, фаъолияти мухталифи эҷодӣ дода мешавад.
Чи тавре маълум аст, истилоҳи «интерактив» аз забони англисӣ аз калимаҳои «Inter» — «мутақобила», «act» — амал кардан гирифта шудааст. Интерактивӣ — маънои қобилияти иртиботбарқарорнамоӣ  ва ё дар ҳолати суҳбат ё муколама бо касе (инсон) ва ё чизе (мисол, компютер) буданро дорад.
Таълимоти интерактивӣ– ин шакли махсуси ташкили фаъолияти даркнамоӣ, усули дарккунӣ мебошад, ки дар шакли фаъолияти муштараки донишҷўён амалӣ мегардад. Ҳамаи иштирокчиён дар таъсири мутақобила қарор дошта, бо якдигар дар фаъолияти мубодилаи иттилоот, ҳалли масоили марбут, амсиласозии вазъият, баҳодиҳии фаъолияти дигарон ва рафтори хеш ва ғ. машғул мегарданд. Яке аз ҳадафаҳои муҳим муҳайё сохтани шароити мусоиди таълимиест, ки дар рафти он донишҷў муваффақиятнокӣ, қобилиятнокии фикрии хешро ҳис намояд.
Дар муқоиса бо шаклҳои суннатии пешбурди дарс дар таълимоти интеррактивӣ ҳамкории байни омўзгор ва донишҷў тағйир меёбад: фаъолнокии омўзгор ба фаъолнокии донишҷў иваз гардида вазифаи омўзгор муҳайё сохтани шароити ташаббуснокии донишҷў мегардад.
Дар рафти таълими муколамавӣ донишҷўён бархўрдор аз таффаккури интиқодӣ, ҳалли масоили мураккаб дар асоси таҳлили шароит ва иттилооти марбута, мувозанаи назароти алтернативӣ, тасмимгирии огоҳона, ширкат дар мубоҳисаҳо, ҳамкорӣ бо дигаронро аз худ мекунанд. Донишҷў иштирокчии комилҳуқуқи раванди таълимӣ ва таҷрибаи ў сарчашмаи дарки таълимӣ мегардад. Омўзгор донишҳои тайёрро надода, иштирокчиёнро ба ҷустуҷўи мустақилона водор ва функсияи дастёрро иҷро мекунад.
Равишҳои интеррактивӣ, пеш аз ҳама, барангезандаи завқи донишҷўён, ташвиқкунандаи мушорикати фаъоли ҳама дар раванди омўзиш, мусоидаткунандаи муассири азхудкунии маводи таълимӣ, таъсиррасонии чандҷониба ба донишомўзон, фароҳамоварандаи алоқаи мутақобила (вокуниши мухотибон), ташкилкунандаи ақоид ва муносиботи хоси донишомўзон ва ҳамчун усули мусоидаткунанда ба тағйироти рафтор баромад мекунад.
Педагогикаи муосир аз доираи бардоштҳои интерактивӣ хеле бой аст, ки муҳимтаринашон инҳоянд: вазифаҳои эҷодӣ; кор дар гурўҳҳои хурд; бозиҳои омўзишӣ (нақшофарӣ, имитатсия (тақлидкорӣ ва ғ); истифодаи захоири ҷамъиятӣ (даъвати мутахассис, экскурсия); лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва дигар равишҳои беруназсинфии таълимӣ (мусобиқаҳо, тамошои филмҳо, намоишномаҳои театрӣ, намоишгоҳҳо); омўзиш ва ҳифзи маводҳои нав (суханронии (лексия) интеррактивӣ, кор бо васоити аёнӣ, видео ва аудиомаводҳо ва ғ.); тест; тамрин; пешниҳод ва интиқод; таълими фосилавӣ, баррасии масоил ва саволҳои баҳсбарангез ва ғ.

А) Кор дар гуруҳҳои хурд яке аз усулҳои нисбатан маъруфи равиши интерактивӣ ба ҳисоб меравад, зеро барои ҳамаи аъзоёни гурўҳи таълимӣ имконият медиҳад дар фаъолияти якҷоя ширкат намоянд.
Б) Равиши «Амсиласозии равандҳо ва шароитҳои истеҳсолотӣ» шабеҳсозии шароити воқеӣ, амалиётҳои мушаххаси хос, амсиласозии равандҳои кории мушаххас, эҷоди моделҳои интерактивӣ ва ғайраро дар назар дорад. Бояд таъкид кард, ки чунин амсиласозӣ натанҳо дар рўи коғаз ва ё кашидани амсилаҳо дар компютер, балки тавассути кор дар дастгоҳи машқӣ низ сурат мегирад.

В) Нақшофарӣ бозии нақшҳо аз ҷониби аъзоёни гурўҳ аст, ки ба мақсади азхудкунии маҳорати хоси рафтор ё эҳсос дар шароити мушахасси зиндагӣ амалӣ мегардад. Аксаран ин равиш дар рафти омодагӣ ба мусобиқаҳо ва озмунҳо ва ҳатто иҷрои корҳои эҷодии донишҷўён истифода бурда мешавад.

Г) Тренинг (аз калимаи англисии train –тарбия кардан, омўзонидан, ёд додан) – ин раванди гирифтани малака ва маҳорат дар ягон соҳа тавассути иҷроиши вазоифи муттасил, амалҳо ва ё бозист, ки ба азхудкунии малакаи зарурӣ равона шудааст.
Мутобиқи тадқиқоте, ки ҳанўз солҳои 80-уми садаи гузашта аз ҷониби Маркази миллии треннингӣ (Мериленд, ИМА) гузаронида шуда буд ва баъдан номи «Аҳроми таълимӣ»-ро гирифтааст, чунин дараҷаи азхудкунии мавод хоси донишҷўён аст: лексияҳо - 5%; қироат - 10%; видео ва аудиомаводҳо - 20%; намоиш - 30%; гурўҳҳои мубоҳисавӣ - 50%; фаъолияти амалӣ - 75%; таълими дигарон, истифодаи фаврии донишҳо- 90%.
      Гуфтаҳои болоро ҷамъбаст намуда, метавон гуфт, ки нақши омўзгор  дар ҳолати истифодаи равишҳои интерактивӣ ба менеҷере монанд аст, ки гурўҳи коргаронро дар иҷро ва ё ҳалли масоили мушаххас ва ё амалинамоии лоиҳае раҳбарӣ намуда истодааст. Бинобар ин, омўзгорро зарур аст, ки салоҳияти асосии менеҷериро, ки дар амалигардонии раванди банақшагирӣ, ташкил ва назорати фаъолияти хеш ва фаъолияти донишҷўёнро истифода мегарданд аз худ кунад.
Албатта, дар доираи як маъруза таҷассум намудани ҳамаи ҷанбаҳои равишҳои интерактивӣ ғайриимкон аст. Танҳо метавон оид ба ҷиҳатҳои мусбии он ба афроди дахлдошта номбар кард:
·                   барои донишҷў:
- таҷибаи азхудкунии фаъоли мазмуни фаъолияти касбӣ дар ҳамбастагӣ бо амалия;
- ташаккули бозтоби шахсӣ, чун мутахассис дар касби хеш;
- тавсеаи таҷрибаи нави ҳамкории ҳирфаӣ бо кордидагони соҳа;
·                   барои гурўҳи таълимӣ:
- ташаккули малакаи муошират ва ҳамкорӣ дар гурўҳҳои хурд;
- ташаккули ваҳдат ва ё ягонагии арзишии гурўҳ;
-қабули меъёрҳои ахлоқӣ ва қавоиди фаъолияти муштарак;
- ташаккули маҳорати таҳлил ва даруннигарӣ (самоанализ) дар раванди фаъолияти дастаҷамъона;
- ташаккули қобилияти ҳалли низоъҳо, зиддиятҳо, ва қобилияти созиш.
Ф.Н. Салимов,
устоди кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ 
 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj