Камоли одамӣ дар илм бошад…

Профессор Баҳриддин Камолиддинов. Ин ном дар байни аҳли илми ҷумҳурӣ ба хубӣ ошно асту бо эҳтироми хос ба забон гирифта мешавад, вале, тавре маълум аст, соҳиби обрўю эҳтиром гардидан ба осонӣ муяссар намегардад.Чунонки барои ба бриллиант табдил ёфтани алмос вақт ва меҳнати зиёд  сарф мешавад, соҳибэҳтиром гардидан дар ҷомеа ҳам заҳмату машаққати зиёдро тақозо менамояд. Махсусан, дар ҷодаи илм эътироф шудану нуфузу эътибор пайдо намудан кори басо мушкил  буда, ҷонфидоиро тақозо мекунад, зеро роҳи илм тахту ҳамвор набуда, шебу фарозҳои зиёд дорад ва танҳо ҳамон шахсе дар ин ҷода муваффақ мешавад, ки аз душвориҳо наҳаросида заҳмат кашад, шебу фарозҳои онро паси сар намояд. Эҳтирому эътибори Устод Камолиддинов ҳам дар доираҳои илмии ҷумҳурӣ, махсусан дар байни забоншиносон натиҷаи заҳмату машаққатҳои тўлонӣ, натиҷаи сабру таҳаммул, натиҷаи омўхтанҳои бардавом, натиҷаи шабҳои бехобӣ мебошад. Ба ибораи дигар, то барои он ки устод ба чунин мартаба расанд, роҳи пурмашаққатеро паси сар намудаанд…

Тифлии устод ба давраи қомат афрохтани сохти нав дар ҷумҳурӣ, айёми наврасӣ ба замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷавонии эшон ба солҳои барқарорсозии баъдиҷангӣ рост омад. Ин ҳама дар тарбияи маънавӣ, рушду камоли шахсияти устод ва насли он замон бетаъсир намонд. Дар он замон шахсони соҳибмаълумот ангўштшумор ва дар ҷомеа соҳибмартабаву обрўманд буданд. Аз ин рў, ҷавонони огоҳ кўшиш мекарданд, ки илму дониш омўзанд. Ба қавле, иштиёқмандии ҷавонони он замон ба илму дониш зиёд буд. Бо чунин шавқу ҳавас устод баъди хатми мактаби ҳафтсолаи деҳаи Понғоз ба Омўзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом рў меоранд. Агар душвориҳои замони ҷанг ва машаққатҳои давраи барқарорсозии баъдиҷангӣ барои устод ва ҳамсолонашон мактаби ҳаёт ба ҳисоб мерафт, Омўзишгоҳи педагогии Конибодом воқеан мактаби омўзиши илму дониш буд. Ҳаминро таъкид кардан ҷоиз аст, ки шаҳри Конибодом аз ҷумлаи марказҳои илму маърифати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ба қавли устод Баҳриддин Камолиддинов боре Абдуқодир Маниёзов гуфтаанд, ки: «Аз як тангкўчаи Тўтмавизакони ҷамоати Пўлотони шаҳри Конибодом 8 нафар академик баромадааст». Агар ин гуфта ҳақиқат бошад, пас, метавон тасаввур кард, ки дар пешрафти илму маорифи ҷумҳурӣ саҳми ин шаҳри таърихӣ то чӣ андоза бузург аст. Омўзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом ҳам дар ташаккули рўшанфикрони замони нави тоҷик саҳми босазо дорад. Аксар зиёиёни даврони нави ноҳияҳои Ашту Исфара ва Конибодом маҳз парвардаи ҳамин даргоҳ мебошанд. Устод Камолиддинов соли 1953 омўзишгоҳро бо дипломи аъло хатм карда, як сол дар мактаби ҳафтсолаи деҳаи Саройи ноҳияи Ашт ба сифати омўзгор фаъолият менамоянд. Вале ин ҳама устодро қаноатманд намекард, зеро эшон ташнаи илму дониш буданду мехостанд таҳсили хешро дар мактаби олӣ давом диҳанд. Бо ҳамин андеша роҳ ба сўйи пойтахт пеш мегиранд.

Дар он замон шахсоне, ки омўзишгоҳро бо дипломи аъло хатм мекарданд, бидуни супоридани имтиҳони дохилшавӣ ба дилхоҳ донишгоҳ қабул карда мешуданд. Устод ҳам, ки Омўзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодомро бо дипломи аъло хатм карда буданд, бидуни мамониат ба шуъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (феълан Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шомил мегарданд. Зимни таҳсил дар донишгоҳ аз донишмандони шинохта, академикҳо Абдулғанӣ Мирзоев, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Аловиддин Баҳоваддинов, профессорон Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Воҳид Асрорӣ, Ҳилол Каримов, узви вобастаи АИ Тоҷикистон Соҳиб Табаров сабақ меандўзанд. Суҳбати олимони шинохта, иштироки фаъолона дар маҳфилҳои илмию адабии факултету донишгоҳ, омўзиши амиқи масъалаҳои мухталифи забони тоҷикӣ, суханрониву пешниҳоди маърўзаҳо дар конференсияҳои илмӣ дар рушду ташаккули ин ҷавони ташнаи илм бетаъсир намемонад. Соли 1959 устод Баҳриддин Камолиддинов шуъбаи филологияи тоҷики факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм мекунанд. Қобилияти хуб ва истеъдоди закии ин шахс ҳанўз аз овони донишҷўйӣ аз назари забоншиноси варзида, доктори илмҳои филология, профессор Додоҷон Тоҷиев пинҳон намонда буд. Ҳаминро ба назар гирифта профессор Додоҷон Тоҷиев эшонро ба сифати ассистенти кафедра ба кор қабул менамоянд. Баъд аз ин фаъолияти илмию таълимии эшон ба таври тавъам ҷараён гирифтааст. Инак, зиёда аз ним аср мешавад, ки Баҳриддин Камолиддинов дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон монда нашуда заҳмат мекашанд. Дар давоми фаъолияти пурбаракати хеш қуллаи баланди илму донишро фатҳ намуда, соҳиби унвони илмии профессор гардидаанд. Устод ин даргоҳро ҳамчун хонаи дуюми хеш муқаддас меҳисобанд, ҳамеша бо номи донишгоҳ ифтихор менамоянд. Дар ҳар вазифае, ки ба эшон муносиб дида шудааст, содиқона фаъолият кардаанд. Аз ҷумла, солҳои 1967 – 1974 дар вазифаи муовини декани факултаи филология, солҳои 1989 –1991 дар вазифаи мудири кафедраи умумидонишгоҳии забон ва адабиёти тоҷик фаъолият намуда, солҳои 1991 – 1994 муовини ректор оид ба таълим буданд. Аз соли 1994 то соли 2011 мудирии кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабиро ба уҳда доштанд ва аз соли 2011 то имрўз ба сифати профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистика адои вазифа менамоянд. Устод Камолиддинов соли 1966 дар мавзўи «Забон ва услуби ҳикояҳои Ҳаким Карим» рисолаи номзадӣ ва соли 1988 дар мавзўи «Муродифоти синтаксисӣ /наҳвӣ/ дар забони адабии муосири тоҷик» рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд. Фаъолияти беш аз 20 соли охири устод Баҳриддин Камолиддинов дар кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ ҷараён гирифтааст. Натанҳо таърихи ин кафедра бо номи устод алоқаманд аст, балки эшон бунёдгузори он мебошанд. Маҳз бо кўшишу заҳмати устод Баҳриддин Камолиддинов иқтидори илмии кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ сол то сол зиёд мегардад. Хушбахтона, имрўз аксари устодони кафедра соҳиби дараҷаи илмӣ мебошанд. 

Устод Баҳриддин Камолиддинов узви Шўрои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва доктории ДМТ мубошанд ва ҳамчун узви ин Шўро низ дар тарбияи мутахассисони соҳаи забоншиносӣ саҳми босазо мегузоранд. То ин дам ҳамчун мақарризи расмӣ ва ғайрирасмӣ ба даҳҳо рисолаҳои илмии номзадиву докторӣ баҳо дода, даҳҳо нафар унвонҷўён аз маслиҳату машварати эшон бархўрдор гардидаанд. 

Хизмати устод Баҳриддин Камолиддинов дар пешрафти илми забоншиносии тоҷик ниҳоят бузург аст. Эшон муаллифи беш аз дусад асару мақолаи илмӣ буда, ба даҳҳо рисолаҳои номзадиву докторӣ тақриз навиштаанд. «Ҳаким Карим», «Забон ва услуби Ҳаким Карим», «Услубшиносӣ», «Ҳусни баён», «Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён», «Маҷмўаи машқҳо аз синтаксиси ҷулаҳои мураккаби забони тоҷикӣ» (дар ҳаммуаллифӣ бо М. Н. Қосимова), «Сухан аз баҳри дигарон гўянд», «Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ», «Сухан гуфтию дурр суфтӣ», «Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот», «Чанд мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул», китобҳои дарсии «Забони тоҷикӣ» (барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ) ва «Наҳви забони тоҷикӣ» (барои донишҷўёни факултетҳои филология ва журналистикаи мактабҳои олӣ) аз номгўйи нопурраи асарҳои устод мебошанд, ки дар баланд гардидани савияи дониши устодону шогирдони мактабҳои миёнаву олӣ нақши босазо доранд. 

Эшон дар баробари олим будан ба касби омўзгорӣ низ меҳру муҳаббати беандоза доранд. Сарфи назар аз серкорӣ ба ҳар як дарс бо тайёрии ҷиддӣ ва бо кўлвори пур аз илму дониш ба назди донишҷўён меоянд. Ба устодони кафедра низ ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҳамеша дар ҷустуҷў бошанд, ба ҳар дарс хуб омодагӣ бинанд, аз фанҳои забону услубшиносӣ ба донишҷўён мисолҳои нав ба нав пешниҳод намоянд, зеро забон бе мисол маъное надорад. Худи эшон ҳам ҳамеша аз пайи ҷустуҷў мебошанд. Ҳамеша мисолҳои нав доир ба забону услубиёти забони тоҷикӣ, масъалаҳои тадқиқшавандаи забон ҷустуҷў мекунанд ва аз ҷустуҷўҳояшон шогирдонро низ баҳраманд мегардонанд. Тамоми фикру зикр, тамоми вуҷуду ҳастии эшон ба масъалаҳои таълиму тарбия банд мебошад. Натиҷаи ҳамин аст, ки дарсҳои эшон хеле шавқовар ва дар сатҳи баланд мегузаранду донишҷўён ҳар дарси устодро бесаброна интизор мешаванд.

Бо вуҷуди серкорӣ устод ба матбуот ва радиову телевизион ҳамкории зич доранд. Мақола ва суҳбату мусоҳибаҳои эшон пайваста дар матбуоти даврӣ дарҷ гардида, дар радиову телевизион садо медиҳад. Чанд сол қабл бо ташаббуси устод дар ҳамкорӣ бо яке аз хатмкардагони факултети журналистика Дилбар Исматова дар шабакаи радиои «Садои Душанбе» барномае бо номи «Ҳусни баён» садо медод, ки  худи эшон аз иштирокчиёни доимии ин барнома буданд. Баъдан бо ташаббуси устод дар шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон барномаи «Калиди ганҷи сухан» ташкил карда шуд, ки муаллиф ва барандаи он худи эшон буданд. Имрўзҳо низ дар шабакаи телевизиони кудакону наврасон «Баҳористон» бо кўшишу заҳмати устод барномаи «Ҳусни баён» пахш мешавад, ки тавассути ин барнома соҳибзабонон аз салосату нафосати забони модарии хеш огоҳ мегарданд. Хуллас, устод Баҳриддин Камолиддинов тарғибгари забони модарӣ дар васоити ахбори умум мебошанд. Тамоми кўшишҳои эшон барои пойдору устувор боқӣ мондан ва аз нуқсону олудагиҳо тоза нигоҳ доштани забони модарӣ равона гардидааст. 

Устод Баҳриддин Камолиддинов дар мактаби забоншиноси бузург Додоҷон Тоҷиев тарбият ёфта, аз устодони номдор, ба монанди Шарифҷон Ҳусейнзода, Воҳид Асрорӣ, Соҳиб Табаров сабақ омўхтаанд ва имрўз шарафмандона пешаи устодони худро давом медиҳанд. Мо, шогирдон, низ аз он ифтихор дорем, ки тарбиятдидаи мактаби чунин шахси муътабар мебошем ва Баҳриддин Камолиддинов барин устод раҳнамову ҳидоятгари мо дар ҷодаи илм мебошанд.

Хизматҳои шоистаи устод Баҳриддин Камолиддинов дар ҷодаи илм ва тарбияи мутахассисони ҷавон бо унвонҳои «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва «Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр карда шудааст. 

              Гунбади сабзи фалак дидаму доси маҳи нав,

              Ёдам аз киштаи хеш омад ҳангоми дарав.

Бале, киштаи устод Камолиддинов пурбору серҳосил аст.  Маҳсули ин кишта асарҳои таълифнамуда ва шогирдони тарбияткардаи эшон мебошанд. Дар ин рўзҳо устод Баҳриддирн Камолиддинов синни мубораки 80-ро тай мекунанд. Устодро ба ин муносибат табрик мегўем ва ба эшон умри дарозу саломатӣ ва комёбиҳои беназири илмию эҷодӣ таманно дорем.

Моҳира МИРЗОЕВА, 
Меҳроб ҶУМЪАЕВ,дотсентони кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj