Китоби арзишманд дар адабиётшиносӣ

Ба дўстдорон ва ҳаводорони адабиёти ҷаҳонӣ расонида мешавад, ки чанде пеш китоби «Адабиёти ҳиндӣ дар давраи нав» аз ҷониби матбааи «ЭР-граф» дар ҳаҷми 496 саҳифа ба нашр расид. Китоби мазкур ба қалами донишманд ва ҳиндшиноси тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов тааллуқ дорад. Чи тавре дар оѓози китоб таъкид шудааст, он ба ҳаёт ва фаъолияти адабии адибони намоёни ҳиндӣ ва баъзе ҷараёнҳои адабии ҳиндӣ дар асри XX бахшида шуда, ба доираи васеи хонандагон тавсия шудааст.

Устод Ҳ. Раҷабов дар ин китоб дар баробари хонандаро ба ҳаёту фаъолият ва умумиёту хусусияти эҷодии боризтарин намояндагони адабии асри XX Ҳиндустон, ки баҳри бардоштани ливои озодӣ ва якпорчагии кишвар садо баланд намудаанд, ошно кардан боз аз омилҳо ва ангезаҳои гуногуни тарвиҷдиҳандаи адабиёти навини Ҳинд андешаронӣ намудааст.  Ба таъкиди донишманд ҳарчанд адибони давраи навини Ҳинд дар зери бархе таъсироти адабиёти аврупоӣ  ба навиштани очерку роман рў оварда бошанд ҳам, вале бо тасвири образҳои маҳаллӣ ҳамчун жанри насрии зодаи худи онҳо ба назар мерасад. Ба таъбири дигар, «дар ташаккули романи ҳиндӣ таъсири адабиёти аврупоӣ нақши муайянкунанда надорад» (саҳ.27).

 Ҳамзамон, муаллиф аз муҳимтарин омили муттаҳидкунандаи миллат забони давлатӣ ёдовар шуда, таъкид менамояд, ки: «Забони ҳиндӣ дар вақтҳои барои тамоми халқҳои Ҳиндустон такдирсоз тарафдорони худро дар саросари ин кишвари  сермиллат ёфтааст. Дар тамоми Ҳиндустон ҳадафи ягонаи забони ҳиндӣ  бо ҳам наздик намудани қавмҳои гуногун дар асоси эҳтиром ба забонҳои маҳаллӣ мебошад» (саҳ.24).

Дар китоби «Адабиёти ҳиндӣ дар давраи нав» устод Ҳ.Раҷабов ба гунае робитаҳои байни адабиёти Ҳиндустон ва адабиёти дигар миллатҳоро ба риштаи таҳрир кашидааст, ки дар ин миён робитаи адабиёти ҳиндӣ ва тоҷикӣ баён ёфтааст. Аз ҷумла, фасли ба ҳаёт ва эҷодиёти адиби Ҳинд – Ҳариваншрай Баччан бахшидашуда таъйиди ин гуфтор аст. Адиби мавсуф ҳамчун тарҷумони рубоиёти Умари Хайём ёдоварӣ шуда, устод Ҳ.Раҷабов ба нақдҳои ин адиб нисбат ба рубоиёти Хайём ишораҳо кардааст: «Аз ошноӣ бо рубоиёти Умари Хайём Баччан ба хулосае меояд, ки рубоиёт «таронаи ифодакунандаи хушӣ набуда, таронаи ѓаму андўҳ мебошад; суруди розигию қаноатмандӣ набуда, суруди норозигию бадбахтӣ мебошад» (саҳ.189).

Дар баробари ин муаллиф аз мактабу равияҳои роиҷи адабиёти давраи нави Ҳиндустон ёдовар шуда, вижагиҳо ва намояндаҳои машҳури ҳар мактабу равияи адабиро ба таври муфассал ба қалам даровардааст.

Хулоса, китоби «Адабиёти ҳиндӣ дар давраи нав»-и устод Ҳ.Раҷабов барои нафароне, ки мехоҳанд аз  ташкил ва ташаккули адабиёти давраи нави Ҳиндустон маълумоти вофир дошта бошанд, беҳтарин сарчашма ба шумор меравад.

Латифов Алихон, 

устоди ДМТ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj