Китобҳои тозанашри устоди пуркор

Дар арафаи соли нави таҳсил донишҷӯёни шуъбаи форсии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо туҳфаи хубе гирифтанд – китоби дарсии устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Азим Байзоев «Забони форсӣ» аз ҷониби нашриёти «Пайванд» ба табъ расид. Муҳаррири китоб профессор Умар Сафар буда, чопи дуюми он бо таҳриру такмил таҳти назари раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ  Ҳасани Қарибӣ ба нашр омода шудааст. 

Ин китоб бо хусусиятҳои хоси худ аз китобу дастурҳои марбут ба омӯзиши хатти форсӣ ба куллӣ фарқ дорад. Дар китоб барои аввалин бор аз транскрипсияи байналмилалӣ, ки бар асоси алифбои лотинӣ таҳия гардидааст, истифода шудааст. Он бо назардошти муҳимтарин дастовардҳои солҳои охир дар мавриди таҳияи китобҳои дарсӣ, аз ҷумла, усулҳои фаъоли таълим, тафаккури интиқодӣ ва гузариш ба низоми кредитии таҳсил, ҳамчунин, бо истифода аз таҷрибаҳои байналмилалии таҳияи китобҳои дарсии забони форсӣ таълиф шудааст. Дар таълими забони форсӣ ба хусусиятҳои забони гуфтугӯйии он таваҷҷуҳи махсус  зоҳир   шудааст.  Ҳамчунин,  ба  хотири  бедор кардани шавқу ҳаваси донишҷӯён ба хушнависӣ дар баъзе аз саҳифаҳои китоб машқҳои махсуси хушнависӣ ҷой дода шудаанд. 

Китоб шомили қисматҳои овошиносӣ (таҳлили муқоисавии овозҳои форсӣ ва тоҷикӣ), таълими ҳарфҳо, қоидаҳои имло ва матнҳо барои хониш аст. Матнҳо барои хониш бештар ба шиносоӣ бо Эрон ва таърихи он бахшида шудааст. Ҳамчунин барои ошноии донишҷӯёни имрӯза бо таърихи факултети Шарқшиносӣ (ҳоло факултети забонҳои Осиё ва Аврупо) ва аввалин устодони он дар бораи рӯзгори ду тан аз устодони забони форсӣ хотираҳои муаллифи китоб оварда шудаанд.

Китоби “Забони форсӣ”-и устод Азим Байзоев тайи чанд соли охир на танҳо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, балки дар донишгоҳҳои давлатии Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, ҳамчунин, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода низ мавриди истифода қарор дорад. Ҳамзамон аз ин китоб ҳамаи ҳаводорони омӯзиши забони форсӣ низ истифода мекунанд.

Китоби дигари устод Азим Байзоев таҳти унвони “Инклюзивное образование: передовой опыт и проб-лемы его внедрения в условиях Таджикистана” ба забони русӣ аз ҷониби нашриёти “Андалеб-Р” зери назари академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Каримова Ирина Холовна ба табъ расид. Муқарризи расмии китоб - Кара Анжела (Cara Angela), доктори илмҳои педагогӣ, мудири лабораторияи Институти илмҳои педагогии Ҷумҳурии Молдова онро аз муҳимтарин дастовардҳои олимони тоҷик дар соҳаи таҳсилоти фарогир арзёбӣ намудааст. 

Китоб ба таҳлили таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар татбиқи таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) ва роҳҳои амалӣ сохтани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Меҳвари асосии китобро таҷрибаи Япония дар ин самт ташкил медиҳад, ки бо он муаллифи китоб бевосита бо роҳи ширкат дар Барномаи байналмилалии омӯзиш ва татбиқи таҳсилоти фарогир (Йокогама, Япония, август-сентябри соли 2015) ошно гардидааст. Дар зимн таҷрибаҳои дигар кишварҳо, аз ҷумла, Россия, ИМА ва Гурҷистон низ ба тириқи муқоиса баррасӣ шудаанд. 

Дар китоб ҷанбаҳои гуногуни татбиқи таҳсилоти фарогир, аз ҷумла, сиёсат ва идора, роҳҳои омода сохтани мактабҳо барои фарогирии кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд, дастгирии иҷтимоӣ ва тиббӣ, ҷалби оила ва ҷомеа ба ҳалли масъала, омӯзиши касбу ҳунар ва мушкилоти бо кор таъмин намудани шахсони имкониятҳои маҳдуддошта, маблағгузории соҳа, бозомӯзӣ ва тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ дар ин соҳа, робитаи фарҳангу дин дар ташакккули тафаккури таҳаммулпазирӣ ва ғайра бо забони илмиву оммавӣ ва овардани мисолҳои ҷолиб таҳлил гардидаанд. 

Лозим ба ёдоварист, ки устод Азим Байзоев шомили гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи дастуру маводи таълимӣ (модулҳо) барои бозомӯзии омӯзгорон дар ин соҳа буда, ҳанӯз соли 2013 дастури методии “Таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ)”-ро дар ҳамкорӣ бо мутахассисони дигари соҳа ба табъ расонида буд. 

Ёдовар мешавем, ки ин китоби чоруми устод Азим Байзоев аст, ки соли равон чоп шудааст. Дар ибтидои сол монографияи ӯ бо номи “Истилоҳот ва калимасозӣ” дар “Донишнома”-и Абуалӣ ибни Сино” ба табъ расида буд (ниг. “Таҳқиқоти арзишманд”, “Ба қуллаҳои дониш”, №9, 04.05.2016). Ба наздикӣ дастури методии дигари ӯ “Роҳнамои омӯзгор” барои китоби дарсии “Забони модарӣ” (синфи якум) низ аз ҷониби нашриёти “Торус” ба нашр расид.   

Абдулҳадов Ҷумъахон, 

номзади илми филология, устоди ДМТ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj