Китоб – беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ

Китоб дўст, ҳамдам, ҳамнафас, ҳамроз, ҳамдил ва ҳамболи инсон, ҳам дору ва ҳам дармони ҳама дардҳои маънавии инсон аст. Ганҷест, ки дар он ҳама маъниҳои дарки зиндагӣнуҳуфта. Ҳикматест, ки аз он ҳамагон баҳра мегиранду роҳи зиндагии худро муайян мекунанд. Оинаест, ки инсон аз юмни он тамоми камбудҳои худро ислоҳ карда метавонад. Хазинаест тамаддуну маърифати миллати мо ва ҳама миллати сайёра дар оғўшаш.
Инсон ҳамеша бо китоб робита дорад.  Вақте дар батни модар ба вуҷуд меояд, ана аз ҳамон лаҳза китоб бо ўст. Яъне, модар тавассути тавсияҳое ки дар китобҳои тиб гирд оварда шудаанд, тифлашро аз ҳама гуна хатарҳо эмин медорад. Вақте ки тифл чашм ба олами ҳастӣмекушояд, ба модар зарурат пеш меояд, ки баҳри камол ёфтани тифли хеш боз китоб мутолиа намояд. Вақте тифл се ё чорсола шуд, ба модар муясар мешавад, ки аз китоби “Алифбо” ба ҷигарбандаш ҳарфе омўзонад, барои хубу бади ҷомеаро фаҳмондан ва чӣтавр дар зиндагӣмуваффақ шуданро ба фарзандаш боз ҳам мутолиаи китобро тавсия диҳад. Пас, бубинед, ки воқеан, китоб ғамшарику ғамбарори инсон аст. Китоб чизест, ки ояндаи мо дар он нуҳуфтааст. Бузургон дар васфаш чишеърҳоеро эҷод намудаанд, чиҳикматҳоеро рўи коғаз овардаанд, ки ҳеҷаз мадди назар холӣнамемонад.
Вақте интернет ба вуҷуд омад, инсон ҳам серкор ва ҳам танбал шуд. Аз он ҷиҳат серкор шуд, ки сари вақт аз ҳама хабару навгониҳои олам огаҳӣёфта, вақтҳои холии худро дар суҳбати онлайнӣ бо дўстон сарф мекунад. Танбалиаш дар он аст, ки дигар китоб мутолиа наменамояд. Агар пештар дар мушкилоте дармемондем ва ё аз чизе ё касе табъамон хира мегашт, ҳатман, ба китоб муроҷиат мекардем. Ҳоло чӣ? Заррае ғамгин шавем, ба интернет машғул мешавем. Агар ягон ҳикмат ва ё матлабе лозим шавад, боз ба интернет машғул мешаваем.
Вале воқеият ин аст, ки интернет ҳеҷ гоҳ монеаи мутолиаи китоб намешавад, баръакс метавонад барои ошноӣ ёфтан ба китобҳои нодиру тозанашр мусоидат намояд.
Мунавваршо Пиров

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj