Конференсияи солонаи барномаи Эразмус+

Рўзҳои 12-ум - 13-уми декабри соли 2018 дар Донишгоҳи Сапиензаи Рим (Италия) конференсияи солонаи коршиносони ислоҳоти таҳсилоти олӣ (КИТО) барои мамолики Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва шарики барномаи Эразмус+ дар мавзўи «Рушди иқтидорҳо барои ислоҳоти таҳсилоти олӣ: нуфузи ҳамкориҳои лоиҳаҳои байналмилалӣ» баргузор гардид. Дар кори ин конференсияи байналмилалӣ коршиносон, намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, кормандони агентиҳо доир ба таъмини сифат, намояндагони Комиссияи Аврупо (КА) ва Ассотсиатсияи Донишгоҳҳои Аврупо (АДА) ширкат варзиданд. Конференсияи мазкур бо ибтикори АДА, Донишгоҳи Барселона (Испания) бо дастгирӣ ва маблаѓгузории барномаи ИА Эразмус+ доир гардид. Дар кори  конференсияи мазкур наздик ба 150 нафар намояндагон аз 36 кишвари аъзои Ҷараёни Болония (ҶБ) аз ИА ва кишварҳои шарики минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Миёназамини Ҷанубӣ, Балкани Ѓарбӣ ва Аврупои Шарқӣ, инчунин, хонум Эмануела Дел Ре (Emanuela Del Re), чонишини Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Италия, ҷаноби Жозе Гуттерез (Jose Guttierez), сардори бахши Агентии Иҷроия доир ба маориф, воситаҳои аудиовизуалӣ ва фарҳанги Комиссияи Аврупо, ҷаноби Евгенио Гаудио (Eugenio Gaudio), ректори Донишгоҳи Рим ва дигар намояндагони расмии Комиссияи ИА ширкат намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафар КИТО ва ҳамоҳангсози Дафтари миллии Эразмус+ дар Тоҷикистон иштирок карданд.              Ҳадафи конференсияи мазкур муҳокимаи натиҷаҳои ҳамкориҳо доир ба лоиҳаҳои байналмилалӣ бо ҷалби КИТО барои рушди иқтидорҳо ҳам дар сатҳи сиёсатмадорон ва донишгоҳҳо, ки барои ислоҳоти таҳсилоти олӣ (ТО) мусоидат мекунанд, маҳсуб меёфт.                                                                     

Бояд ёдовар шуд, ки қисмати аз ҳама ҷолибтари чорабинӣ фаъолият дар гурўҳҳои корӣ маҳсуб меёфт. Дар кори гурўҳҳо имконияти бештар барои шиносоӣ бо коршиносони мамолики дигари минтақаҳо ва омўзиши таҷрибаҳои хуби онҳо, барои дарёфти шарикони оянда роҷеъ ба ҳамкорӣ бо лоиҳаҳои Эразмус + имконоти бештар фароҳам овард. Дар ин бахш ҳамаи ширкаткунандагон доир ба мавзўъҳои эътирофи дипломҳою дараҷаҳо ва чаҳорчўбаи тахассусҳо, сафарбарии устодону донишҷўён, ислоҳоти таъмини сифат, ислоҳоти тадрис ва омўзиш, ки қаблан пешниҳод шуда буданд, дар чор гурўҳи корӣ роҷеъ ба мавзўъҳои зикргардида баҳсу мунозира намуда, аз натиҷаҳои лоиҳаҳои худ оид ба пешравиҳо, татбиқи ислоҳот, мушкилиҳо, монеаҳо, роҳҳои ҳалли мушкилиҳо, ҳамкориҳо доир ба лоиҳаҳои рушди иқтидорҳо ва ѓ. хулосаю тавсияҳои заруриро омода намуда, ба ҳайати комиссия пешниҳод намуданд.

Дар рўзи охирини чорабинӣ доир ба фаъолияти ояндаи КИТО дар соли 2019, татбиқи принсипҳои ҶБ дар кишварҳои ИА ва шарик вазифаҳои заруриро пешниҳод намуданд, ки барои мусодати ислоҳоти ТО хеле муҳимманд.  Бояд иброз дошт, ки конференсия дар сатҳи хеле баланд гузашт ва коршиносон таассуроти хеле зиёд гирифтанд. Мавзўъҳои эътирофи дараҷаю дипломҳо ва давраҳои таҳсил, таъмини сифат, сафарбарии устодону донишҷўён, худмухтории МТО, дараҷаҳои муштарак ва дудипломӣ, низоми сезинагии таҳсилот, ҷалби тамоми ҷавонони имконияташон маҳдуд, камбизоатон, маъюбон ба ТО дар замони ҳозира самтҳои афзалиятнок ҳам дар ИА, инчунин, дар тамоми манотиқи дигар маҳсуб меёбанд. Ҷорӣ намудани таҳсилоти фосилавӣ низ дар ҶТ яке аз татбиқи ин афзалиятҳо ба шумор меравад. Яке аз роҳҳои ба комёбиҳо ноил гардидан ин иштироки фаъолонаи МТО ҷумҳурӣ дар лоиҳаҳои барномаи ИА Эразмус+ рушди иқтидорҳо, ки дар ҳамкорӣ бо дигар МТО ИА ва мамолики шарики он татбиқ карда мешаванд, ба шумор меравад. Агар МТО мо ҳарчи бештар фаъол бошанд, аз ин имконоти мавҷуда хубтар истифода баранд, ҳам барои донишгоҳҳо ва ҳам барои устодону шогирдон ба манфиати кор хоҳад буд.

Хулоса, воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ягонаи ҷаҳонии ТО ногузир аст ва дар ин кор бояд ҳам устодону донишҷўёни МТО, соҳибкорон, Вазорати маориф ва илм фаъолона ширкат варзанд.

Барот ГАДОЕВ, устоди ДМТ, HERE, NEO in Tajikistan

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj