Коррупсия дар равандҳои сиёсӣ-иҷтимоии ҷомеа

Дар  равандҳои сиёсии ҷаҳони имрўза як қатор падидаҳое мавҷуданд, ки мушкилоти гаронеро барои инсоният ба бор овардаанд. Яке аз мушкилоти ҷаҳони имрўза коррупсия маҳсуб мешавад. Ҳарчанд  инсоният бар зидди  ин падидаи манфур ҳамеша мубориза мебарад, аммо то ба ҳол, чи дар давлатҳои қудратманд ва чи дар давлатҳои рў ба инкишоф, коррупсия арзи ҳастӣ дорад. 

Коррупсия ҳамчун проблемаи глобалӣ хосияти универсалиро касб намуда, ба амнияти миллӣ ва байналхалқӣ халал эҷод мекунад. Барои дуруст дарк намудани коррупсия ҳамчун падидаи иртиҷоӣ лозим аст муносибати объективона ва холисонаро пеша кард. Нисбат ба падидаи мазкур назари ягона вуҷуд надорад ва таълимотҳои гуногун нисбат ба ин падида мавҷуданд.

Коррупсия падидае ба шумор меравад, ки на танҳо хосияти ҳуқуқӣ, балки хосияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро низ доро мебошад. Аз ин рў, мубориза бар зидди падидаи мазкур  танҳо ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ басанда аст. Коррупсияро наметавон танҳо як ҳодисаи ҷиноӣ унвон кард, зеро падидаи мазкур доираи васеи муносибатҳоро дар худ фаро мегирад.

Коррупсияро дар бештари ҳолат ба маънии ришвахурӣ, порагирӣ мефаҳманд, ки ин фаҳми маҳдудтар нисбати коррупсия мебошад. Вобаста ба амалияи ҷамиятӣ ин тарзи муносибат наметавонад ба пуррагӣ моҳияти ин падидаро инъикос намояд. 

Сабаб ва омилҳои зиёде мавҷуд аст, ки намегузорад коррупсия ҷомеаро тарк намояд, ки асоситаринашон омилҳои зайл мебошанд: коррупсия ҳамчун унсури ҳаётӣ, ҳамчун сарчашмаи иловагии даромад, ҳамчун василаи пайвасткунандаи манфиатҳои муштарак, ҳамчун падидаи номуайян ва ғ. 

Баҳри таъмини амният, ҳимоя аз манфиатҳои миллат ва давлат, рушди устувори ҷомеа ва пок сохтани ҷомеаи кишвар аз фасод моро зарур аст, ки ҳама омилҳои дар боло зикршударо мадди назар қарор дода тамоми амалҳое, ки баҳри аз байн бурдани ин амали иртиҷоӣ мусоидат менамоянд ба кор барем. 

 

Муқим УМАРОВ, 

донишҷўи курси 5, 

ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj