Маданияти шаҳрнишинӣ

Маданияти  инсонӣ  аввал  дар  шаҳрҳо пайдо  шуда, баъд  ба  гўшаву канори  дунё паҳн  шудааст. Хушбахтона, дар  ривоҷ  ёфтану  ғанӣ гаштани тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми ниёгони мо хеле калон аст. Шаҳрҳои бостонии Бухоро, Самарқанд, Балх, Ҳирот, Панҷакент, Истаравшан, Кўлоб, Ҳисор дар саргаҳи маданияти  ҷаҳонӣ  меистанд. Ҳазорҳо  ҳунарҳои  гуногун, ки  аз  файзи  онҳо  рўзгори  фарзанди  одамӣ  зеботар  шудааст, дар  ин  шаҳрҳо  пайдо  шудаанд. Аз ҷумла, муаллифи «Ҳудуд-ул-олам» доир ба фарҳанги шаҳрнишинии  гузаштагони  мо, шуғлҳои  доимии   сокинони  он  шаҳрҳо  ва  намудҳои санъат маълумоти  додааст.

Бо мурури  замон  симои  шаҳрҳо  дигар шуда, тафаккур,  урфу  одат  ва  шеваи  зиндагонии  мардумон  ҳам  тағйир  ёфт. Шаҳрҳои  имрўзаи  мо  бо  омезиш  додани маданияти  шарқу  ғарб сохта  шудаанд. Тарзи  зиндагонии  одамон муомилаву  гуфтори  онҳо  ҳам  дигар  шудааст. Вале  дар  ин  мавзўъ нуктаи  муҳим  он аст, ки  мо-тоҷикон бояд  дар  ҳама  ҳолат  чеҳраи  хоси  миллат  ва  урфу  одати  аз  гузаштагон  мерос  мондаро  эҳтиёт кунем. Баъзан ҷойи  таассуф  аст, ки  як  гурўҳи  ҷавонон  ва миёнсолон  ба  ғарбиён  тақлид мекунанд. Дар  либоспўшӣ,  гуфтугў  ва  рафтор  аз чаҳорчўбаи қоидаҳои  маъмули  миллии  баромдаанд. Шаҳрҳо, хусусан, Пойтахт  бояд  намунаи  ибрати  дигарон  бошад. Онҳое, ки  аз  ноҳияҳои дурдаст  ба  Душанбе меоянд, бояд масъулияти бештар ҳис кунанд. Одитарин қоидаҳои  одоби  инсонӣ  муомилаи  нек  бо  дигарон  аст, вале  ин  сифат имрўзҳо  кам  ба  назар мерасад. Мардум  аксаран  дағалу  бадсухан  шудаанд. Хусусан,  ҷавонон бе  дашном  сухан  намегўянд. Ин  ҳолат  далели  суст  будани  тарбия  ва  пастии маърифат  аст. Вагарна  одами  оқил  ҳеҷ  гоҳ  зиштгапу  дуруштмуомила  намешавад. Агар ба  осори  адибони  бузург таваҷҷуҳ  кунем,  ҳақиқати  ҳол ва моҳияти  зиндагонии   инсонҳо  равшан мегардад. Ба мисли: 

Фаҳшу  дашном  нагзарон ба  забон,

Ки  аз  он  ҳарду  уфтӣ  ба  зиён.

Ё  ки:

Меҳрубонӣ  кун, ки  марди  меҳрубон,

Дорад  аз  асли  ҷавонмардӣ  нишон.

Мактаб, донишгоҳ ва умуман макони илму таълим адабгоҳ  аст. Падару  Модар   бояд  ба  омўзгорон ҳамфикру ҳамдаст бошанд. Ин  нуқсони  дар  рафтори  ҷавонон ҷойдоштаро  танҳо  бо  ҳамдилӣ  метавон ислоҳ кард. Ифтихор аз он бояд кунем, ки дар  давоми  солҳои охир  симои  пойтахти азизи мо шаҳри  Душанбе пурра  дигар  гашт. Гулгашту  хиёбонҳои  зебо  бунёд  карда  шуданд. Рафтуомади мардум  ҳам  дар  чунин  ҷойҳо  писандида  шуд. Вале  мо  бояд ба  он  қонеъ  нагардем. Ҷавононро  боз  ҳам  ба  кори шоиста, одобу  ахлоқи  ҳамида  ва  ҳунаромўзӣ  ташвиқ  намоем. Бовар  дорам, ки соли  2017, ки  дар ҷумҳурӣ  Соли  ҷавонон  эълон  шудааст,  соли  тантанаи маданияту  фарҳанги  ҷавонон  хоҳад  гашт. Онҳо  пойтахт ва дар умум ҷумҳурии азизи  худро  боз  ҳам  зеботар   хоҳанд  кард.

 

Гулчеҳра Ҳайдарова,

омўзгори  фани  забон  ва  адабиёти  тоҷики  

МТМУ-№ 93-и  н.Сино

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj