Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат

Чун анъана дар арафаи таҷлили Рўзи ҷавонон - 23-май бо ташаббуси Шўрои олимони ҷавони донишгоҳ ҳамасола конференсияи ҷумҳуриявӣ байни олимон ва муҳаққиқони ҷавон баргузор мегардад. Имсол чунин конференсия тибқи нақша-чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозӣ шуда, санаи 18-19-уми май дар мавзўи «Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат-роҳнамои ҷавонон барои имрўзу ояндаи дурахшон» бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Академияи илмҳо, Шўрои олимони ҷавони ҷумҳурӣ ва дигар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар иштироку суханронӣ намуданд.

Дар конференсия масъалаҳо ва дастовардҳои илмии соҳаҳои мухталиф дар партави роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахшҳои илмҳои гуманитарӣ, иқтисодӣ табиӣ ва тиббӣ бо фарогири 96 мақола мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Маводи конференсия дар шакли маҷмуа чоп шуда, дастраси муаллифон гардид. 

С. Сафармамадов, муовини ректори ДМТ оид ба илм дар оѓози ин конфронс таъкид намуд, ки “Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, воқеан ҳам яке аз марказҳои бонуфузтарини кишварамон дар соҳаи илм ва таълим ба ҳисоб рафта дар пешрафти илму маърифат ва ба камол расонидани мутахассисони арзанда барои ҷумҳурии азизамон хизмати шоёне кардаистодааст.  Таваҷҷуҳи пайваста, ѓамхориҳои хирадмандонаю дурандешона ва дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хусус олимони ҷавони донишгоҳ рушди ин тамоюлро бозҳам болотар мебарад. Воқеан, ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд ва он ташаббусҳои созандае, ки аз ҷониби Сарвари давлат роҳандозӣ мешавад, дар татбиқи он пешоҳанг бошанд».

Дар нишаст таъкид шуд, ки имсол олимони ҷавони донишгоҳ дар якчанд чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, аз қабили «Техникони ҷавон», «Барномасозони ҷавон», озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин дар мавзўи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат», «Навовари беҳтарин», лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» дар ҳамкори бо Бонки умумиҷаҳонӣ ташкил намудани озмуни «Таъсири таҳсилоти олии касбӣ дар ҳаёти имрўзаи ҷавонони ҷомеаи ҶТ», ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ дар соли 2016, иштироки олимони ҷавон дар конференсияи байналмилалӣ дар Федератсияи Русия, Ҳиндустон, Эрон, Туркманистон, Фестивали ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат», конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии «Созмони Ҳамкории Шанхай ва ҷавонон: ташаббуси созандаи Пешвои миллат» ва ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, рўзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ иштироки фаъол намуда, аз ҷониби мақомотҳои дахлдор бо диплом, ифтихорнома ва мукофотҳои моддиву маънавӣ сарфароз гардидаанд, ки ҳамаи ин барои баланд бардоштани обрую эътибори донишгоҳ саҳми худро гузоштаанд. 

Барои тасдиқи гуфтаҳои боло метавон аз Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, ки ҳамасола дар арафаи рўзи Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба олимони ҷавон супорида мешавад, ёдовар шуд, ки бештари барандагонаш тарбиятёфтагони ин даргоҳанд. Ёдовар мешавем, ки шумораи барандагони ин ҷоиза аз рўзи ба тасвибрасии он то ба ҳол ба ҳадди 148 нафар мерасад ва аз ин 33 нафар (23 %)-ашро олимон ҷавони Донишгоҳи миллӣ мебошад.

Дар конференсия гуфта шуд, ки ҷаҳони имрўзаро наметавон бе кашфиёҳои техникӣ ва технологияи иттилоотӣ тасаввур кард. Дар шароити ҷаҳонишавӣ моро месазад ба илмҳое, ки обрў ва эътибори давлату миллатро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад, бештар рў оварем ва ҷавонону насли наврасро ба ин гуна илмҳо ташвиқ намоем. Асри 21-ро ки асри иттилоот ва технология ном мебаранд, ҳамаи моро водор месозад, ки дар баробари илмҳои соҳаи худ аз истифодаи техника ва техналогияи муосир ба таври бояду шояд огоҳ бошем ва дар ҷараёни машѓулиятҳои илмиву таълимӣ технологияи навро истифода барем, зеро барои ноил шудан ба сифати баланди илмӣ ва таълимӣ дар замони имрўза танҳо бо истифода аз техналогияи муосир метавон шароит фароҳам овард. 

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки имрўз ҷавонони мо, бахусус олимону муҳаққиқони ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи сарвари оқилу фарзонаи миллатро ҷонибдорӣ намуда, омодаанд барои гулгулшукуфоии мамлакат тамоми нерўи худро сарф намоянд.

Э.Ф.Файзуллоев, 

раиси Шўрои олмиони ҷавони донишгоҳ 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj