Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» - ганҷинаи бебаҳои табиат

Асосгузори   сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ изҳор намуданд: «Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кўҳҳои  осмонбўс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кўлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад». 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар даврони  Истиқлолият таҳти роҳбарии  бевоситаи Пешвои миллат дар  соҳаи ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ сиёсати хирадмандонаро амалӣ менамояд. Маҳз дар ҳамин давра  Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997  ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид  оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ шомил гашт. Дар ин замина  соли  2003  бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Стратегия ва нақшаи миллии амал оид ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ  қабул гардидааст.  

Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конвенсияҳои дигари байналмилалӣ, аз қабили  «Дар бораи мавзеъҳои обӣ-ботлоқӣ,  «Дар бораи ҳифзи намудҳои ҳайвоноти ваҳшии кўчанда» ва ѓайра шомил гаштааст. Дар асоси талаботи  конвенсияҳои зикргардида дар самти ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  қабул гардиданд, ки барои рушди ин соҳа шароити мусоид фароҳам овардаанд. 

Пешвои миллат, аз аввалин рўзҳои фаъолияташ ба беҳдошти вазъи экологии мавзеъҳои табиӣ махсус  ҳифзшавандаи кишвари азизамон, хусусан мамнуъгоҳҳо  диққати махсус зоҳир менамуданд. Қабул гардидани  Қонуни ҷумҳурӣ  «Дар бораи  ҳудудҳои махсус ҳифзшаванда» ва «Барномаи давлатии  рушди ҳудудҳои махсус ҳифзшаванда барои солҳои 2005-2016»  далели гуфтаҳои боло мебошад.  

Яке аз мавзеъҳои нотакрор ва зеботарини гўшаи табиати кишварамон мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи  палангон» ба ҳисоб  меравад, ки бо қарори комиссариати Шўрои халқии ҶШС Тоҷикистон  4 ноябри соли  1938 дар ҳудуди  имрўза ноҳияҳои  Дўстӣ, Ҷайҳун ва Қабодиёни Вилояти Хатлон таъсис ёфтааст. Мамнуъгоҳ  бо мақсади муҳофизати комплекси  биёбону  туѓайзор, набототу  ҳайвоноти  нодири он таъсис ёфта, масоҳати умумии он зиёда аз 50 000 га мебошад, ки аз ин шумора 14500 га ҷангалпўш, 10700 га марѓзор,  4030 га кўлҳо, 22173 га-ро биёбон ташкил медиҳад.

Соли 1998 вобаста ба таҷлили 60-солагии мамнуъгоҳи «Бешаи  палангон» Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  аз 14 августи соли соли 1998  таҳти №1037  «Оид ба  беҳтар намудани  фаъолияти мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» ба тасвиб расид, ки дар заминаи он  як қатор қарорҳои дахлдор ҷиҳати беҳдошти вазъи экологии мамнуъгоҳ  қабул гардид. 

Пеш аз ҳама, Пешвои миллат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд,  ки ба Ташкилоти  байналмиллалии  ЮНЕСКО ҷиҳати ба мамнуъгоҳ  додани   статуси  «мамнуъгоҳи биосферавӣ»  муроҷиатнома   пешниҳод  намоянд. Инчунин, дар буҷаи давлатӣ  ҷиҳати ба   ҳолати меъёрҳои стандарти байналмилалии ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда ҷавобгў  гардонидани ин мавзеъ ҷудо намудани маблаѓгузориро  пешниҳод намуданд. 

Ҳамзамон, ба Кумитаи ҳифзи  сарҳадоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  супориш дода шуд,  ки то 15 августи соли  1998  аз ҳудуди мамнуъгоҳ нуқтаҳои  назорати ҳарбӣ  берун  бароварда шаванд. Қарорҳои қабулгардида аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат  ба хотири  ҳифзи  табиат, гуногунии биологӣ ва кам кардани таъсири номатлуби  фаъолияти инсон ба муҳити атроф тадбирҳои муассир  меандешанд, то ин гўшаи нотакрори  табиат ва олами ҳайвоноту  набототи он ба наслҳои оянда низ боқӣ монад. 

          Мамнуъгоҳ ба хотири мавҷудияти яке нодиртарин намуди ширхўрони даранда – паланги тўронӣ  «Бешаи палангон» номгузорӣ  шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар ҳудуди мамнуъгоҳ  ин намуди ҳайвони ширхўр то солҳои 50-уми  асри гузашта дучор мешуд. Олими рус  Р.Л. Потапов дар асари худ  «Тигровая балка» чандин ҳодисаҳои вохўрии одамонро бо палангҳо ёдрас  шудааст. Вуҷуди паланги тўронӣ дар ҳудуди мамнуъгоҳ тобистони соли 1953 ба қайд гирифта шудааст. Айни замон доир ба мавҷудияти ин намуди паланг дар табиат ва боѓи ҳайвоноти дунё ягон маълумоте нест. Ба ақидаи бархе аз олимони соҳаи зоология ин намуд на танҳо дар  Тоҷикистон, балки дар тамоми сатҳи рўйи Замин нест шудааст.

Мамнуъгоҳ манзараҳои гуногуни табиӣ  дорад, ки ба дидани он кас ба ҳайрат меояд. Аз як тараф минтақаи биёбон, аз тарафи дигар минтақаи тўѓайзор  кўлҳои сершумори мамнуъгоҳро иҳота намудаанд, ки ба табиати он боз ҳам зебоӣ ва гуногунрангӣ мебахшад. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ, инчунин, поёноби дарёи Вахш ҷойгир шудааст. Айни ҳол дар ҳудуди мамнуъгоҳ  зиёда аз 20 кўл боқӣ  мондааст.

Кўлҳои мамнуъгоҳ макони зисти обсабзаҳо, содатаринҳо, харчангҳо, гамбускони обӣ, нармтанҳо, моҳиҳо  ва дигар ҳайвоноти обӣ мебошанд. Дар кўлҳои мамнуъгоҳ айни ҳол 16 намуди моҳӣ зист мекунанд, ки баъзеи онҳо  намудҳои эндемикӣ,  яъне доираи паҳншавии маҳдуддошта  мебошанд.

То солҳои 90 - уми асри гузашта аз намудҳои эндемикӣ дар кўлҳои мамнуъгоҳ белбинии калони амударёӣ  ва белбинии хурди амударёӣ ба қайд гирифта шуда буд. Ин намуди моҳӣ аҳамияти калони зоогеографӣ дорад, чунки ѓайр аз поёноби дарёи Вахш (ҳавзаи Аму) авлодҳои наздики белбиниҳо дар дарёи Миссисипии Амрико ва Янтзии Чин дучор мешаванду тамом. Айни ҳол дар кўлҳо намудҳои нодир ва камшумори моҳиҳо, ба монанди муйлабмоҳии аралӣ, симмоҳӣ, муйлабмоҳии туркистонӣ, сихболмоҳӣ ва жерехи тос дучор мешаванд.

Инчунин, дар кўлҳои мамнуъгоҳ 2 намуди обхокӣ қурбоқаи кўлӣ ва ѓуки сабз дучор мешаванд, ки миқдоран хеле зиёд мебошанд. Ҳамчунин, дар кўлҳои мамнуъгоҳ мори обӣ ва яке аз ширхўрони муътодони акклиматизатсияшуда нутрия (қундузи обӣ) дучор мешавад. Ватани аслии нутрия Америкаи Ҷанубӣ  мебошад. Ба Тоҷикистон ин намуди ширхўри хояндаро соли 1949 аз хоҷагии нутрияпарварии Кюрдамири  Ҷумҳурии  Озарбойҷон овардаанд. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ солҳои 70-уми асри гузашта хоҷагии нутрияпарварӣ мавҷуд буд ва мўйинаи ин намуди ширхўр дар саноати сабук васеъ истифода мешуд.

Кўлҳои мамнуъгоҳ макони зимистонгузаронии парандагони минтақаҳои сард мебошад. Бо фарорасии фасли зимистон ба кўлҳои мамнуъгоҳ баъзе намуди парандагон аз Сибири Русия, мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Чин кўчиш намуда, то фарорасии фасли гармо дар он ҷой боқӣ мемонанд. Дар қисмати нимбиёбон ва туѓайзори мамнуъгоҳ аз намояндагони синфи хазандагон сангпушти осиёимиёнагӣ, геккони шонаангушт, лундасараки регӣ, куброи осиёимиёнагӣ гурза ва дигар намудҳои нодир вомехўранд. 

Яке аз калонтари калтакалоҳои замони муосир сусмори хокистаранг (эчкамар) дар минтақаи биёбони мамнуъгоҳ дучор мешаванд, ки онро «тимсоҳи биёбон» низ меноманд. Экоситемаҳои мамнуъгоҳ макони зисти доимии парандагони муқимӣ буда, барои зимистонгузаронии  парандагони кўчӣ низ шароити мусоид дорад. Бо кўшишу заҳмати масъулини мамнуъгоҳ бо мақсади ҳифз ва зиёд намудани саршумори  парандагони нодир соли 2012  парваришгоҳи махсусе сохта шудааст, ки дар он тазарф, кабк, дуѓдоѓ парвариш карда мешавад.

Аз намояндагони синфи ширхўрон дар ҳудуди мамнуъгоҳ гавазни бухороӣ, ѓизол, гурбаи қамишзор, кафтор, мири мушон, хуки ваҳшӣ, ҳашаротхўри пакана, ҷайраи ҳиндӣ ва ѓайра дучор мешаванд. Яке аз зеботарин намуди ширхўрони мамнуъгоҳ ин гавазни бухороӣ мебошад, ки дар туѓайзорҳои мамнуъгоҳ паҳн шудааст. 

Мутаассифона, дар давраи нобасомониҳои солҳои 1992-1993-ум  саршумори ин намуд аз сабаби шикори ѓайриқонунӣ коҳиш ёфта буд. Лекин бо саъю кўшиши кормандони мамнуъгоҳ солҳои  охир саршумори ин намуд рў ба афзоиш овард ва тибқи маълумотҳои солҳои охир дар мамнуъгоҳ  250 гавазни бухороӣ  вомехўрад.

Аз ҳайвоноти бесутунмуҳра дар ҳудуди мамнуъгоҳ намояндагони содатаринҳо, исфанҷҳо, гидраҳо, кирмҳо, нармтанҳо, тортанакшаклон ва ҳашаротҳо васеъ паҳн шудаанд. Аз ҳама сершумортарин гурўҳи ҳайвоноти мамнуъгоҳ ин ҳашаротҳо мебошанд, ки ҳаёташон бо дарахту буттаҳои мамнуъгоҳ зич алоқаманд аст. Аз ҳашаротҳо дар мамнуъгоҳ сўзанаки кириченко, сўзанаки императорӣ, гаҳвораҷунбони дарахтӣ, амблитесписи мишенко, мантиси саркалон, кирминаи қирмизии талхак, ганданафасаки тўронӣ, чўбхўраки қиррамўйлаб, махаон, шапалаки сафеди томирис  ва ѓайра дучор мешаванд.

Олами набототи мамнуъгоҳ низ хеле бой аст. Мувофиқи маълумотҳои олими соҳа  (Давлатов А.С., 2013) дар ҳудуди мамнуъгоҳ 604 намуди растаниҳо мерўянд. Аз ин миқдор 322 намуд растаниҳои хўроки чорво, 49 намуд растаниҳои техникӣ, 44 намуд растаниҳои дармонӣ, 10 намуд растаниҳои муфтхўр  ва 22  намуд растаниҳои заҳрнок мебошанд. 

Дар биёбони мамнуъгоҳ  заѓоза, саксавул ва ҷулѓун вомехўранд. Дар атрофи кўлҳо ва резишгоҳи дарё намудҳои зиёди растаниҳо аз авлодҳои бед, сафедор, ангат, санҷид паҳн шудаанд. Дар туѓайзорҳо бошад най, найшакар, эриантус, лух, шутурхор ва дигар алафҳои баландпоя дида мешаванд. Аз ҷиҳати шакли зист асоси флораи мамнуъгоҳро растаниҳои алафӣ ташкил медиҳанд, ки миқдорашон ба 524 намуд мерасад. 

Аз намудҳои нодир ва камшумори растаниҳо дар ҳудуди мамнуъгоҳ занбўруѓи даштӣ, усманияи поячааш дарози хам, лолаи Тюберген, каперси Розанов, дубаргаи бухороӣ ва ѓайра дида мешавад, ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд. 

Олами ҳайвоноту наботот чун як ҷузъи табиати зинда,  яке аз манбаҳои муҳими зебогии он мебошад ва масъалаи муҳофизати табиат аз нуқтаи назари нигоҳ доштани намудҳои гуногуни ҳайвоноту наботот яке аз масъалаҳои мубрами рўз  дар тамоми сатҳи рўйи Замин гаштааст. 

Зарурати ҳифзи гуногунии биологиро ба назар гирифта, Пешвои миллат дар яке аз баромадҳояшон иброз намуданд, ки «Захираҳои биологӣ ганҷинаи умумибашарианд ва тадбирҳои дилхоҳ оид ба нигаҳдории гуногуннавъии биологӣ хислати трансмиллӣ доранд ва на фақат ба кишварҳои алоҳида, балки барои минтақаҳо, умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ судовар ҳастанд. Зеро нест шудани ҳар намуди набототу ҳайвонот бояд боиси нигаронии тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад. 

Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва зерсохторҳои он, ташкилотҳои ҷамъиятии экологӣ дар роҳи ҳифз, нигаҳдорӣ ва истифодаи устувори гуногунии биологии ин мамнуъгоҳ нақша-чорабиниҳои гуногунро амалӣ менамоянд, то ҳолати табиии мамнуъгоҳ ба стандартҳои байналмилалии  ҳудудҳои ҳифзшаванда  ҷавобгў бошад ва он  статуси «мамнуъгоҳи биосферавӣ»-ро соҳиб шавад. Аз ин рў, муносибати оқилона ба табиат ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа омилҳои асосие мебошанд, ки дар оянда ҷиҳати ҳифзу нигаҳдории гуногунии биологӣ нақши муассир мегузоранд. Барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо на танҳо масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист, балки тамоми мақомоти давлатӣ ва қишрҳои ҷомеаи кишвар низ муваззаф мебошанд. 

Бо назардошти  амалӣ  намудани сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар самти ҳифзи табиат, азму талошҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти зерсохторҳои он изҳори боварӣ менамоем, ки мо ба қадри ин неъмати бебаҳои табиат расида, дар роҳи ҳифз ва нигаҳдории гуногунии биологӣ ва истифодаи устувори захираҳои мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» саҳми худро мегузорем  ва ин гўшаи зебои кишварамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз менамоем. 

 

Н.М.Мирзоев, 

О.М.Давлатов,

 омўзгорони  кафедраи зоологияи ДМТ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj