Ман зиндаям, бо шумоям

ЛОИҚИ ҶОВИДОН
 Лоиқ Шералӣ айёми кўдакиро дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакенти қадим, ки то замони омадани Русия аз тобеоти Самарқанд буд, ба сар бурдааст. Таронаҳои мардумӣ (байти фард, рубоӣ, дубайтӣ), ки онҳоро бештар занон дар ёд медоштанд, мактаби аввалини завқи сухан барои Лоиқ будаанд.
То ба мақоми устодии шеъру сухани форсии тоҷикӣ ў аз роҳи мутолиаю мушоҳидаи адибони гузашта худро парварида, асли шоириаш на таълимӣ, балки аз табъи зотӣ ва чуноне ки дар урфи тоҷикӣ мегўянд, худодод будааст.
Интишору эътиборе, ки шеъри «Ба модарам» ёфт, ба иловаи меҳри зиёд ба модар, ба назари мо, сабаб шуд, ки Лоиқ вазъи ҳолату маҳзунии худро ба воситаи ҳамин мавзўи модар, батакрор бисарояд. Ҳама шеърҳои «Модарнома» оҳанги инсонпарварӣ доранд. Мавзўи ишқро Лоиқ аз ҷумлаи розҳои хусусии мухолиф ба мавзўоти умумию расмии давр инкишоф дод. Ў ба ин маънӣ мавзўъ ва муҳтавои ғазалро хеле вусъат додааст. Лоиқ ба иловаи мавзўъҳои ишқ, ки миқдори ин навъ шеърҳояш чандон зиёд нест, аз рози инсонӣ дар шакли вуқўъ сухан мегўяд ва ғамхорию ҳамдардӣ ва вуҷуди шарифи инсон сухани ўро бо гуфтори Шайх Саъдӣ наздик менамояд. Ғазали иҷтимоӣ маҳсули асри мо мебошад. Дар адабиёти аҳди шўравии тоҷик ҳадафу мақсади асосии шеър иҷтимоиёт буд ва ин равия ба ғазалсароӣ ҳам таъсир гузошт. Лоиқ табиати моил ба лирика ё гуфтори ғиноӣ дорад. Табиист, ки ғазалҳои ў ҳам аксар аз ҷунбиши қалбу рўҳи ҳассосаш дар баробари авзои номуносиби ҷомеа рўиданд ва мавзўю мазмуни иҷтимоӣ доранд…
Лоиқ беҳбуд забони форсии тоҷикӣ, оянда ва шукуфоии фарҳангӣ, худшиносии тоҷиконро ҳанўз аз савияи алоқа бо мероси гузашта вобаста медонад. Эҳтироми зиёд ба бузургони гузашта (шеърҳои «Гўри Дониш дар куҷост?», «Асли Сино», «Вопасин нафаси Хайём)» илҳом аз шеъри онҳо, татабўи ашъор ва ғайра аз ҳамин рўҳияи асолатхоҳии Лоиқ хабар медиҳанд.
Дар адабиёти аҳди шўравии тоҷик мавзўъ ва муҳтаво дар шеъру шоирӣ дар пешгоҳи нияти эҷодӣ гузошта мешавад. Ин, аз як ҷониб, натиҷаи таъсири назариявӣ ё консепсияи маълуми эҷодӣ, ки тасвири воқеиятро мақсади асосӣ медонист, буд. Аз ҷониби дигар, сода ва ба зеҳну дарёфти омма наздик сухан гуфтан, парҳез аз суханороӣ низ дасти адибонро аз шеъри маҳзи ҳунармандона нигоҳ медошт.
Бо ин сабаб, шахсияти шоирии Лоиқ аз майли андеша, таваҷҷуҳ ба ҳаводиси иҳотаи рўзгор, хонавода, кишвар ва таърихи миллӣ ташаккул меёбад. Лекин ин табитату муҳити шоир ҷои тамошо ва андешаи ў нестанд, балки ба он бо хитобу мудохила муомила мекунад. Аз ин ҷост, ки аксари шеърҳои ҳатто дар маънии шоирона хеле баланду арзишманди ў ба шакли муроҷиату хитобаҳо гуфта шудаанд. Он ҷое сухан аз дилсўзӣ ва ҳамдардӣ меравад, боз ҳоли сухани гўянда муроҷиату навозиш ва дархост аст. Ин сухани шахси фаъолу боҷасорат аст, ки яке аз сифатҳои умдаи сабки шеъри Лоиқро маълум кардааст.
Шеъри Лоиқ дар рўи табъу андешаи озод суруда шудааст ва аз ин ҷиҳат бо ғазалҳои шоири шуҳратманди Эрон Фаридуни Мушайрӣ, ки дар як сол бо Лоиқ чашм аз ҷаҳон пўшид, дар қиёс омада метавонад.
Шеъри Лоиқ натиҷаи ҷунбишу ҳаракати тасалсуломези андеша мебошад, ки аз як ҳолати мушоҳида ва дарёфт ба дигаре мегузарад. Ҳудуди чунин шеърро вазъи хотир ва табъи шоир дар айни гуфтани ҳамин шеър ва фаросати ў муқаррар мекунад. Аз ин ҷост, ки қисме аз ғазалҳои Лоиқ ҳаҷми муътадил доранд ва баъзе хеле тавил мебошанд.
Дар тариқи сухан, аз ин ҷиҳат, Лоиқ бо сабке миёнаи
Шайх Саъдӣ ва Ҷалолиддини Румӣ ҳунарнамоӣ мекунад.
                                                                          Худоӣ Шарифов
 
Бознашр аз рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» 10.03.2001.
ШИОР
Ин ғазали Лоиқ аввалин маротиба бо ҳамин унвон дар Садои Шарқ ба табъ расида буд ва ман онро бо ҳамин ном овардам. Шояд радифи «Зинда бод» ба муаллифи талқин кардааст, ки ғазалашро чунин номгузорӣ кунад. Аммо воқеият он аст, ки ғазали мазкур шиор нест, саропо шеър аст, шеъри зебоӣ ва боландагӣ.
Дар аксари ғазалҳои Лоиқ ваҳдати мавзўӣ ҳифз мешавад. Дар «Шиор» ҳар байт сари худ истиқлол дорад, аммо миёни байтҳо умумияте ҳаст, ки ман онро ситоиши зебоӣ меномам. Ва матлаъ ин аст:
 
Ёдгори  Айниву ин кўҳсорон зинда бод!
Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод!
 
Чаро шоир «Шеъри Турсунзодаву ин кўҳсорон» намегўяд ё баръакс, «ёдгории Айниву ин обшорон» наменависа. Лоиқ медонад, ки ёдгори Айнӣ чун кўҳсоронир мо бузургу побарҷо ва ҷовидон аст, Лоиқ медонад, ки шеъри Турсунзода чун обшорон нозук, пурнаво ва пуршукўҳ аст. Наср кўҳ аст, шеър обшор аст, аммо обшор ҳам зодаи кўҳ аст ва ҳарду дар ҳамбастагӣ ҳамдигарро  комил мекунанд:
 
 Ғунчаҳои пахта механдад зи хандо-хандашон,
 Хандаҳои духтарон дар пахтазорон зинда бод!
 
Бубинед, миёни байти матлаъ ва байти дуюм гўё муносибате нест. Лоиқ ёдгори Айниву шеъри Турсунзодаро зинда бод мегўяд ва баъд хандаҳои духтаронро. Яъне, зебоиро зинда бод мегўяд ва чунин ситоиши зебоӣ дар мисраъҳои баъдина ҳам равшан аст.
Аз хандаҳои духтарон ханда омўхтани ғунчаҳои пахта бисёр шоирона аст. Ҳарчанд Лоиқ дар чанд шеъраш дар пахтазор сўхтани гули рўи духтари тоҷикро мазаммат кардааст, аммо ин ҷо хандаи духтарон дар пахтазор рамзи таровати зиндагӣ, идомаи зиндагӣ ва баргу бори зиндагист.
Байти сеюм зеботарин байт аст:
 
Модарон то ҳол мепоянд роҳи аскарон,
Охирин умеди ин умедворон зинда бод.
 
Мазмуни барҷастаи иҷимоии ин байтро худи Шумо дарк мекунед. Бар назари ман таркиби «Охирин» умедит ин умедворон олиҷаноб аст.
Баъд, меояд:
Ташнагӣ хуб аст, водорад, ки ҷўӣ чашмае,
Ташнагиҳои дил аз дидори ёрон зинда бод!
 
Ҳарчанд Лоиқ кўшидааст маъниофарӣ кунад, аммо дар байти мазкур тозагие ба даст наовардааст. Ин маънӣ дар гузашта бисёр такрор ёфтааст ва дар ғазалу рубоиву дубайтиҳои худи Лоиқ низ борҳо вомехўрад.
Дар байти баъдӣ шоир таркиби «бўсаҳои аввалини дўстдорон» сохтааст, ки бад нест. Ин ҷо ҳамин хурўшу ҷунуни  шоиронаи Лоиқ таҷассум ёфтааст, ки дар фаслҳои гузашта ёдоварӣ шудаем.
Байти шашум дар зебоӣ ва муҳтаво бо байти сеюми ғазал баробар аст:
То сухан парвоз омўзад зи мурғони ҳаво,
Лонаҳои мурғакон дар шохсорон зинда бод!
 
Таркиби «лонаҳои мурғакон дар шохсорон» ифодагари бақо ва сафои зиндагист.
То зиндагӣ зебост, сухан ҳам парвоз дорад.
Ҳусни матлаъ ин аст:
Тирборон кардани мо кўшиши беҳудааст,
Ҳар кӣ моро мекушад бо шеърборон, зинда бод!
Лоиқ барои зебоии сухан дар вазни «тирборон» «шеърборон»-ро сохтааст ва маънии хуб ҳам офаридааст.
Дар вақташ пиромуни ин байт баҳсу талоше сар шуда буд. Ҳар кас кўшиш дошт ба таври худ шеърборонро шарҳ диҳад.
Маълум аст, ки натиҷаи тирборон вайронӣ, харобӣ ва ҷонситонист. Вақте ки шоир «ҳар кӣ моро мекушад бо шеърборон, зинда бод!» мегўяд, нағз медонад, ки мурод аз «шеърборон» муҳайё кардани фазои зебои фарҳангиву ахлоқист ва дар чунин бориш касе кушта нахоҳад шуд, ба ононе, ки «шеърборон» мекунанд, паёми «зинда бод» мефиристад.
Ва яке аз он мардони барўманде, ки мор обо «шеърборон куштанианд», Лоиқи шоир ва суханвар аст. Мо ҳам ба ў паёми «Зинда бод!» мефиристем.
Бознашр аз китоби Гулназар «Лоиқе чун Лоиқе» Душанбе: «Сурушан», 2000
 
 
Устод Лоиқ Шералӣ аз машҳуртарин ва маҳбубтарин шоирони нимаи дуввуми садаи бисти адабиёти тоҷик аст. Ў 20 майи соли 1941 дар ноҳияи Панҷакент ба дунё меояд.
Сараввал омўзишгоҳи омўзгории Панҷекент ва соли 1963 Донишгоҳи давлатии омўзгории шаҳри Душанберо ба итмом мерасонад. Сипас ҳамчунин муҳаррири бахши адабӣ – драммавии Кумитаи телевизион ва радиои тоҷик, мухбири рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», мудири шуъбаи назми маҷаллаи «Садои Шарқ», мушовири назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» ба фаъолияти пурбаракат мепардозад. Соли 1989 дар маҷлиси муассисон Раиси Бунёди забони тоҷикӣ интихоб гардида, ин вазифаи шарафнокро то охири умр ба уҳда дошт.
Шоири соҳибдилу соҳибистеъдод аз оғози солҳои шастум бо сухани тоза ба майдони адабиёт меояд. Ба шарофати тозаҷўӣ ва тозагўӣ, вожасозиву суханпардозӣ омўзишу пажўҳиши суннатҳои деринаи шеъри форсӣ аз ҷодаи эҷод ба остони баланди мурод мерасад. Ҳам дар ташаккули шеъри нав эҷод ва ҳам дар инкишофи шеъри куҳанбунёд, аз ҷумла дар дубайтисароиву ғазалгўӣ бо заҳмати бепоён хидмати намоён кардааст. Инчунин намунаҳои беҳтарини шеъри ҷаҳониро ба тоҷикӣ баргардонидаст. Ашъори гаронмояш дар пояи баланди инсонпарвариву меҳанпарастӣ ва худшиносиву ҳувияти миллӣ қарор дорад.
Як насли адибони ҷавони тоҷик дар мактаби адабии устод Лоиқ тарбия ёфтанд.
Эҷодиёти ғанӣ ва фаъолияти самараноки фарҳангии ў соли 1978 ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ, 1991 ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон ва соли 1999 ба Ҷоизаи байналмилалии «Нилуфар» тақдир шудааст. Соли 1988 Намояндаи мардумии Шўрои Олии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ интихоб гардидааст.
Шоири мумтоз ва мубориз дар ҷабҳаи пуштибонии таърих ва фарҳанги ҳазорсолаи тоҷик ва дар ҷодаи дўстиву ҳамбастагии халқҳо аз пешоҳангони замони худ буд.
Устоди равоншод Лоиқ Шералӣ 30 июни соли 2000 ҷаҳони ҳастиро падруд гуфта, дар ҷаҳони ҷовидонӣ нишеман гирифтааст.
 
Маҷмўаҳои ашъори Лоиқ
 
1.     «Сари сабз» («Ирфон»- 1966)
2.     «Илҳом» («Ирфон»- 1968)
3.     «Нўшбод» («Ирфон»- 1971)
4.     «Соҳилҳо» («Ирфон»- 1972)
5.     «Хоки Ватан» («Ирфон»- 1975)
6.     «Резаборон» («Маориф»- 1976)
7.     «Марди роҳ» («Ирфон»- 1979)
8.     «Варақи санг» («Ирфон»- 1980)
9.     «Хонаи чашм» («Ирфон»- 1982)
10.                       «Рўзи сафед» («Маориф»- 1984)
11.                       «Хонаи дил» («Ирфон»- 1986)
12.                       «Офтобборон» («Адиб»- 1988)
13.                       «Дасти дуои модар» («Адиб»- 1991)
14.                       «Ҷоми саршор» (Душанбе -1991)
15.                        «Манударё» («Адиб»- 1991)
16.                       «Аввалу охири ишқ» (Душанбе- 1994)
17.                       «Фарёди бефарёдрас» («Адиб»- 1997)
                                ІІ
Куллиёт. Ҷилди І. (Хуҷанд, 2001)
Куллиёт. Ҷилди І. (китоби дуюм)(Хуҷанд, 2001)
 
 
Бо хатти ниёгон
 
1.     «Ташнадил» («Ирфон»- 1974)
2.     «Хоки Ватан» («Ирфон»- 1981)
3.     «Гулчине аз ашъори устод Лоиқ Шералӣ» (Теҳрон, «Ал-худо»-1994)
4.     «Дасти дуои модар» (Исфаҳон- 1995)
5.     «Рўҳи Рахш»(Теҳрон -2000)
 
Тарҷума ба русӣ
 
1.     «Улыбка зари» (Москва - 1969)
2.     «Завещанная земля»(Москва -1971)
3.     «Струны дождя» (Москва -1983)
4.     «Встречаю солнце» (Москва -1983)
5.     «Чаша Хайяма» (Москва -1985)
6.     «Моленье  о дожде» («Адиб» -1989)
 
ХХХХХ
 
Ало, шеъри Аҷам, фардо маро ту зинда хоҳӣ дошт,
Ало, шўри дили дунё, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Ба  зери сангҳои собиту сайёри гардунҳо,
Ало, Албурзи побарҷо, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Басо шеъри тари дунё бувад андар лаби дарё,
Ало, шеъри тари дунё, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Агар лак-лак дили покем, як-як дар дили хокем,
Ало, фарши зи арш авло, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Дилат рўзе агар аз дарди шеъру ишқ мемирад,
Ало,  ишқи ҷаҳоноро, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Сухан пайдову нопайдои ҳар халқи ҷаҳонсоз аст,
Ало, пайдову нопайдо, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Ало, девони Ҳофиз, ҳофизам бошӣ зи ҳар марге,
Ало, девони Мавлоно, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Фароҳамсозанда МУРТАЗО ЗАЙНИДДИНОВ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj