Масъалаҳои гуногуни адабию забонӣ

Бо ибтикори кафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо дар мавзўи «Масоили мубрами филологияи Эрон» конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар нишаст аз ҷониби устодон ва донишҷўёни факултет роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни филологияи Эрон маърузаҳо ироа шуданд. Дар оѓози нишаст маърузаҳои устодон У. Сафаров «Забон ва марзи ҳимоят», Ҷ.Қосимов «Ҳушанг Соя ва чопи интиқодии девони Ҳофиз», С.Аброров «Нигоҳи дигар ба маъно ва калима дар матни адабӣ», Ҷ. Абдулҳадов ««Бибанд чашми хару баркушой чашми хирад» ва ё киро равшанфикр гўем», донишҷўён Ф.Сарвархонова «Сайри маъноии вожаи «дил» дар забони тоҷикӣ ва англисӣ» ва Ҳ.Назирова «Нигоҳе ба пешрафтҳои олимони эронӣ дар сатҳи ҷаҳон» мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Дар охир аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба мавзўъҳои баррасишуда суолу ҷавоб ва табодули афкор сурат гирифт.

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj