Масъалаҳои иқтисодӣ

Системаи нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагӣ, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шудааст, 12 гурўҳи нишондиҳандаро дар бар мегирад, ки он аз таваллуд, фавт ва дигар нишондиҳандаҳои демографӣ, шароити зисти санитарӣ ва гигенӣ, истеъмоли молҳои озуқаворӣ, шароити манзилӣ, маориф ва маданият, шароити меҳнатӣ, даромад ва хараҷоти аҳолӣ, арзиши зиндагӣ ва нархҳои истеъмолӣ, воситаҳои нақлиёт, ташкили истироҳат, таъминоти иҷтимоӣ ва озодии инсон иборат мебошад. Ин нуктаро дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодиёт А.Норов зимни баргузории мизи мудавваре, ки бо ташаббуси кафедраи мазкур гузаронида шуд, ироа намуд. Мавзўи нишаст «Роҳҳои муайян кардани синфи миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд, ки аз ҷониби устодони кафедра ва намояндагони факултетҳои иқтисодии донишгоҳ роҷеъ ба мавзўи нишаст табодули афкор сурат гирифт. 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj