Масъалаҳои худмуайянкунии касбии ҷавонон

Худмуайянкунии касбӣ ин раванди дуру дароз буда, нишонаҳои аввалин онро дар даврони кўдакӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Махсусан, вақте кўдак дар рафти бозӣ нақши касбҳои гуногунро иҷро намуда, дар бораи олами ҳар гуна касбҳо маълумот пайдо мекунад. Дар ин раванд худмуайянкунии иҷтимоӣ-касбӣ ва ҳамзамон худмуайянкунии ҳаёти шахсӣ низ ташаккул меёбад. Маҳз аз ҳамин  вақт дар кўдак шавқу рағбат нисбат ба ин ё он касб пайдо мешавад.
Интихоби касб дар ҷараёни ҳаёти шахс якчанд маротиба ба амал омада метавонад,  аммо  ба ақидаи равоншиносон ва ҷомеашиносон интихоби аввалин дар ҳаёти шахс аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Интихоби аввалини касб зербиноеро мемонад, ки дар болои он бинои ҳаёти шахс бунёд меёбад. Ба ибораи дигар, он яке аз шоҳсутунҳоест, ки бинои зиндагии шахс ба он такя мекунад. Агар интихоби касб нодуруст ба роҳ монда шавад, дар зиндагии шахс пайомадҳои хеле ногувореро боқӣ хоҳад монд. Мутафаккири немис К.Маркс зикр менамояд, ки “роҳгумзадагии мутаносиби тавоноии мо дар интихоби касб хатоие хоҳад буд, ки аз мо қасос хоҳад гирифт ва интихоби нодурусти он ба мо  бадбахтиҳо хоҳад овард. Мо бояд касбро мувофиқ ба тавоноии худ интихоб намоем, зеро агар мо касбро дар ғайри тавоноии худ интихоб намоем, мо ҳеҷ гоҳ имкон нахоҳем дошт, ки онро ба таври пурра ба  иҷро бирасонем. Аз ин рў, мо аз ин амали худ сархам мегардем ва ба худ боварӣ ҳосил менамоем, ки мо дар ҳақиқат тавоноии ин касбро надорем».
Ба ақидаи мо омилҳои зиёде мавҷуданд, ки бевосита дар раванди  касбинтихобнамоии ҷавонон таъсири худро мерасонанд ва якчанд омилҳои  муҳимро мавриди барасии қарор медиҳем.
Омили якум - ин дар зери фишори волидайн интихоб намудани касб аз тарафи фарзанд мебошад. Ҳангоме ҷавон касб интихоб кардан мехоҳад, волидон ба ҷойи кумак ба ў фишор меоранд, то  касби интихобкардаи онҳоро қабул кунанд. Бо ин сабаб баъзе донишҷўён мегўянд, ки моро маҷбур ба ҳамин ихтисос овардаанд, вагарна хоҳиши мо дар ин ҷо таҳсил кардан набуд.
Омили дуюм фишори муҳити иҷтимоӣ мебошад. Ҷавонони имрўза дар муқоиса бо насли гузашта ба шарту шароити зиндагӣ бештар аҳамият медиҳанд ва бо меҳнати сабук соҳиби дороии зиёд гарданд. Вобаста ба ҳамин бисёр ҷавонон чунин касбҳое, ки ҳоло дар ҷомеа мақоми баланд доранд, интихоб менамоянд.
Дигар омиле, ки дар интихоби касби ҷавонон нақши асосиро мебозад, ин омили иқтисодӣ мебошад, ки аксарияти ҷавонон ба ин диққати махсус медиҳанд. Ҷавонон кўшиш мекунанд, ҳамон касбҳоеро интихоб кунанд, ки дар ояндаи наздик вазъияти иқтисодии онҳоро хуб кунад, онҳо дар ин масъала мушкилие надошта бошанд. Ба ақидаи мо аксарияти ҷавонони имрўза пеш аз он ки ягон касбро интихоб кунад, ҷиҳати даромади онро ҳатман ба инобат мегиранд, яъне омили иқтисодӣ дар интихоби касб дар мадди аввал меистад. Онҳо мушоҳида мекунанд, ки кадом касбҳо дар ҷомеа қадрдонӣ карда мешаванд. Касберо интихоб кардан мехоҳанд, ки дар ояндаи наздик шароити иҷтимоӣ-иқтисодии онҳоро хуб гардонида метавонад.
Тадқиқоти сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки имрўз аксарияти ҷавонон дар интихоби касб ба мушкилиҳо дучор меоянд. Мувофиқи натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологие, ки соли 2012 аз тарафи муаллиф дар байни 100 нафар хатмкунадаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе гузаронида шуд, далели ин гуфтаҳост. Дар рафти тадқиқот бо 100 нафар хатмкунандаи шаҳри Душанбе пурсиши сотсиологӣ гузаронида шуд. Дар рафти пур кардани анкетаҳо аксарияти онҳо аз якдигар мекўчониданд. Ин маънои онро дошт, ки ба мазмуни касби ояндаи худ сарфаҳм нарафта, ба таври тайёр аз ҳамнишасти худ рўбардор мекарданд. Натиҷаи тадқиқоти бадастомада нишон дод, ки аксари хатмкундагон касбҳои ҳуқуқшинос, духтур ва иқтисодчиро интихоб карданд. Ташвишовар ин аст, ки дар байни ҳамон 100 нафар пурсидашудагон ягон нафар касби омўзгорӣ ва  ва дигар касбҳои барои кишварамон зарурро интихоб накарданд.
Ҳамаи ин омилҳои таъсирасонандаро ба инобат гирифта, гуфта метавонем, ки онҳо дар самти худмуайянкунии касбӣ ба мушкилиҳои зиёд  дучор меоянд, ки оянда дар мавриди ворид шудани бозори меҳнат ба бисёр мушкилиҳо рў ба рў мешаванд. Аз интихоби нодурусти ҷавонон дар самти худмуайянкунии касбии онҳо, дар ҷомеа баъзе касбҳо аз меъёр зиёд мутахассис таёр мекунанд, ки дар оянда дар бозори меҳнат ба мушкилӣ дучор мешаванд, аксарияти онҳо бекор мемонанд ё мувофиқи ихтисоси тамомкардаи худ кор намеёбанд. Дар баъзе касбҳои дигар бошад нарасидани мутахассисон  ба мушоҳида мерасад. Аз сабаби он ки бисёр ҷавонон нисбат ба касби ояндаи худ муносибати хунукназарона доранд, онҳо дар ин самт ба хатоиҳо роҳ медиҳанд, бевосита дар оянда натиҷаашро мебинанд.
Муваффақияти худмуайянкунии касбии ҷавонон, пеш аз ҳама, аз он вобаста хоҳад буд, ки онҳо касби худро мувофиқи хоҳиш ва завқи худ интихоб намоянд. Аз ин ҷост, ки ин ҷо мавқеъ ва нақши мактаб ҳамчун манбаи таъмини дониш, оила ҳамчун омили ташаккулдиҳандаи мақсадҳои ҳаётии шахс ва воситаҳои ахбори умум (ВАО) ҳамчун яроқи пурқуввати тарғиботии ҷомеа дар худмуайянкунии касбии ҷавонон басо муҳим мебошанд. Аз ин нуқтаи назар ин мавзўъ аз ҷомеашиносон тадқиқ ва омўзиши густурдаро тақозо менамояд, зеро ин мавзўъ барои ҷомеаи мо, ки ҳанўз дар айёми гузариш қарор дорад, аз аҳамият холӣ нест.
Б.А.Насурова,
муаллими калони
кафедраи сотсиологияи факултети
фалсафа

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj