Махсусиятҳои Паёми Пешво

Ҳамасола баъди натиҷагирӣ аз дастовардҳои соли гузашта ва дар арафаи соли нав Паёми Сарвари давлат ба Парлумон пешниҳод мешавад. Рамзист, ки Паём ба намояндагони мардумӣ пешниҳод шуда, дар симои онҳо ба ҳар як шаҳрванди кишвар ироа мегардад. Паёми солона инъикоси принсипи демократии идораи кишвар ва яке аз рукнҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд маҳсуб гашта, дар заминаи он Президенти ҷумҳурӣ ба ҳар як интихобкунанда аз фаъолияти тамоми сохторҳои давлату Ҳукумат, дастовардҳо ва иҷроиши нақшаҳои муайяншуда ҳисобот дода, барои рушди минбаъдаи кишвар дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ вазифаву нақшаҳои нав мегузорад. Аз ҷониби дигар, Паёми Сарвари давлат суҳбати рўбарў ва самимӣ бо мардуми кишвар, тантанаи давлатдории миллӣ ва татбиқи орзуву ормонҳои таърихии мардуми кишвар мебошад. Сухани Пешво ба ҳар як шаҳрванд ҳидоят ба роҳи нек, роҳнамоӣ ба ояндаи созанда, таъкиди ваҳдат ва дарёфти мақоми хоссаи Тоҷикистон дар саҳнаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар маҷмуъ, Паём дастурамали зиндаги шаҳрвандон,  барномаи мукаммали кории тамоми сохторҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва роҳнамои мардум ба сўйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад. Аз ин рў, дар оѓози он аз ҷониби Пешвои миллат чунин мақсади воло муайян гардидааст: «Таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву имкониятҳоямонро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохтаем».

Ҳар як Паём ба инъикоси вазифа ва ҳадафҳои дар боло зикршуда равона мегарданд. Новобаста аз ин, дар Паёми навбатӣ якчанд хусусиятҳои хос мавҷуданд, ки дар Паёмҳои пешин ба назар намерасиданд. Ин махсусиятҳо дар ҷанбаҳои зерин инъикос шуданд:

1) Таҳлил ва ҷамъбасти биступанҷ соли истиқлолияти давлатӣ;       

- паёми навбатӣ ба таҷлили биступанҷумин солгарди мустақилияти давлати тоҷикон рост омад, аз ин рў, дар он марҳилаи мураккаби солҳои аввали истиқлолият, ҷанги шаҳрвандӣ ва оқибатҳои он, касби ваҳдат ва эъмори иқтисоди фалаҷшуда, бунёди баъдиҷангии кишвар ва дастовардҳои биступанҷсолаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки ҷанги таҳмилӣ рушди кишвари азизи моро ба даҳсолаҳо қафо партофта, миллат ва давлатро дар рўбарўи хатари нестӣ ва мушкилоти басо гарон қарор дод. 

Дар ин замина, дастоварди бузургтарини мо на танҳо касби истиқлол, ки орзуву ормони ҳар як миллат аст, балки ҳифз ва таҳкими он дар шароити мураккаби таърихӣ ва таѓйиротҳои бунёдӣ дар муносибатҳои байналхалқии муосир мебошад.

2) Таҳлили дастовардҳои соли 2016; 

- махсусияти ин ҷанба дар он зоҳир мегардад, ки дар баробари пешниҳоди дастовардҳо таъкиди камбудиҳои ҷойдошта ва бартараф кардани онҳо садо дод. Сарвари давлат зимни таъкиди дастовардҳо дар соҳаи маориф ва таълим қайд намуданд, ки «Фақат соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои таълимӣ ба маблаѓи 540 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, 39 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд». Вале ҳамзамон оид ба нокифоя будани ин миқдор ҷойи нишаст ва вусъат бахшидани корҳо дар самти бунёди макотибу муассисаҳои таълимӣ ва беҳдошти инфрасохтори соҳа таъкид намуданд. Тибқи таҳлилҳо танҳо дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илм 11 ҳазор ҷойҳои холии корӣ мавҷуданд. Барои ҳалли масъалаи мазкур то соли 2019 муҳлат дода шуд.

Ҳамзамон, зимни қайди соҳаи даромад ва амонати мардум аз воқеан баланд рафтани даромади мардум дар 15 соли охир (даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтанд) ва соли 2016 (даромади пулии аҳолӣ 27,2 миллиард сомониро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2015 –ум 8,1 фоиз зиёд мебошад) камбудии соҳаи бонкдорӣ ва андешидани чораҳои фаврӣ баҳри беҳбуд бахшидани фаъолияти соҳа таъкид гардид. «Ҳукумати мамлакат, Бонки миллӣ ва Вазорати молия вазифадоранд, ки фаъолияти бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва корхонаву муассисаҳои буҷетиро ба таври қатъӣ назорат намоянд ва дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии амонатгузорон, пеш аз ҳама, нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои бонкӣ чораҳои фаврӣ андешанд».

3) Таѓйир ёфтани авлавиятҳои рушд; 

- Бо сипарӣ гаштани бисту панҷ соли истиқлоли давлатӣ кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сўи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аз ин рў, барои рушди минбаъдаи кишвар ҷанбаи сифатӣ зарур мегардад. 

Дар Паём сарвари давлат оид ба сифати таълиму тарбия, тандурустӣ, доруворӣ махсус таъкид намуданд.

Аз ҷониби дигар, авлавияти дастрасӣ ба се ҳадафи стратегӣ аз оѓози сол зимни ироаи Паёми пешин таѓйири сифатӣ ёфта, дар Паёми навин ҷанбаи сифатии он таъкид гардид.

4) Диққати асосӣ ба ҷавонон ва таъмини ҳуқуқи баробари занон;   

- Сарвари давлат дар Паём таъкид намуданд, ки «Ҷавонони имрўзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад». Пешвои миллат ба ҷавонони замони истиқлол эътимод доранд. Аз ин рў, «бо мақсади беҳтар намудани натиҷаи корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар ин самт ва истифодаи амалии онҳо дар рушди истеҳсолоти ватанӣ пешниҳод менамоям, ки дар сохтори Академияи илмҳо Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода шуда, донишмандони техникаву технология, ҷавонони болаёқат ва ихтироъкор ба корҳои илмиву пажўҳишӣ ҷалб карда шаванд».

Бо назардошти арҷгузорӣ ба нақши ҷавонон ва баланд бардоштани масъулияти онҳо дар ҳифзи истиқлолият ва таъмини рушди минбаъдаи кишвар соли 2017 – соли ҷавонон эълон мегардад.

Ҳамзамон таъкид гардид, имрўз бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ қисми зиёди кормандонро ташкил карда, аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 23 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Мувофиқи мақсад аст, ки барои дастгирии занону духтарон дар зинаҳои гуногун квота ва имтиёзҳо муқаррар намоем ва чунин иқдом яке аз роҳҳои таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон мебошад. 

5) Пайгирӣ аз самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;                   - дар Паём аз ҷанбаҳои асосии сиёсати дохилӣ – самти иҷтимоии он ва пайгирӣ аз он дар оянда низ таъкид гардид.

Дар самти сиёсати хориҷӣ арзиши миллӣ ва классикии мардуми кишвар дўстӣ ва муносибати хуб бо ҳама кишварҳо дар асли сиёсати «дарҳои кушод» инъикос гашта, ба таъмини манфиатҳои миллӣ ва ташкили шароитҳои мусоид барои рушди дохилии кишвар равона гардидаанд. 

6) Муаррифии афзалиятҳои рушди кишвар дар чаҳорчўбаи Стратегияи милии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030; 

Ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар, иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат соли 2016 “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” қабул карда шуд.

Боиси тазаккур аст, ки дар ин марҳила вазифаи муҳимтарин - то 30 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноил гардидан ба ҳадафҳои олӣ - тақвияти сармояи инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии бахши воқеӣ, таҳкими сохтории идоракунии давлат, таъмини устувори нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо ташкили ҷойҳои нави кории дараҷаи баланди истеҳсолӣ ва фароҳам овардани замина барои таҳкими иқтидори содиротии кишвар ҳамчун самтҳои муҳимтарини сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат муайян гардидаанд.

Дар сурати татбиқи муваффақонаи Стратегияи мазкур имкон фароҳам меояд, ки то соли 2030 бо истифода аз тамоми имконоту захираҳои мавҷуда маҷмўи маҳсулоти дохилиро ба ҳар сари аҳолӣ то 3 баробар афзоиш дода, сатҳи камбизоатиро беш аз ду баробар коҳиш диҳем ва ҳиссаи аҳолии дорои даромади миёнаро аз 22 то 50 фоиз зиёд намоем.

Дар маҷмуъ, Паёми Сарвари давлат барои ҳар як шаҳрванд нуқтаи баландтарини ҳидоят буда, роҳнамо ва ҳавасмандкунандаи ҷавонон мебошад. Зеро  бо кўшишу талоши аҳлонаи ҳамаи мо мушкилоти ҷомеа ва давлатамон дар ояндаи наздик бартараф гардида, Тоҷикистони маҳбубамон ба як мулки воқеан обод ва кишвари пешрафта табдил хоҳад ёфт.

Амриддин Шарипов, мудири 

кафедраи минтақашиносии хориҷӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj