Машварат оид ба барномаи Эразмус+

Чанде пеш дар толори маҷлисгоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносови шаҳри Душанбе бо ташаббуси Дафтари миллии Эразмус+ дар Тоҷикистон рўзи иттилоотии барномаи Эразмус+ доир гардид. Дар кори нишаст намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии (МТО) ҷумҳурӣ, ҳайати намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва коршиносони ислоҳоти таҳсилоти олии (КИТО) ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Дар ҳамоиш ҷонишини ҳайати намояндагии ИА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маргус Солнсон, менеҷер доир ба барномаҳои иҷтимоии намояндагии ИА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Диана Димова, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм Комилзода Илҳом иштирок намуданд. 

Дар оѓози ҳамоиш ҷонишини директори иҷроияи ФДДМ Абдукаримов М.Ф. меҳмононро ба ФДДМ хайрамақдам гуфта, роҷеъ ба иштироки фаъоли ФДДМ дар лоиҳаҳои барномаҳои ИА-Темпус, Эразмус+, Эразмус Мундус, сафарбарии кредитии байналмилалӣ, ҳамкориҳои байналмилалии ФДДМ бо МТО Аврупо ва мамолики шарики барнома суханронӣ намуд.                                          Ёдовар мешавем, ки муҳлати охирини пешниҳоди лоиҳаҳо барои фаъолияти рушди иқтидорҳои ТО роҷеъ ба барномаи Эразмус+ барои соли 2019 то рўзи 7-уми феврали соли 2019 муқаррар карда шудааст.

Ҳамзамон, санаи 12-уми январи соли 2019 дар толори фарҳангии ба номи профессор Ш. Ҳусейнзодаи Донишгоҳи миллӣ бо ибтикори раёсати робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, кафедраи умумидонишгоҳии забони англисӣ ва дастгирии Дафтари миллии Эразмус+ дар ҶТ семинари иттилоотии барномаи Эразмус+ баргузор гардид. Дар ҳамоиш сардори бахши сармоягузорӣ ва ҷалби грантҳои раёсати робитаҳои байналмилалии донишгоҳ  Авзалов А.Х. ва устодони кафедраҳои умумидонишгоҳии забони англисӣ, забонҳои олмонию фаронсавӣ, кафедраҳои забони англисӣ ва олмонии факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо, магистрантону докторантон аз донишгоҳ ва намояндагони донишгоҳҳои ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Мақсади семинар шиносоӣ бо фаъолиятҳои асосии барномаи Эразмус+ ва шартҳои иштирок намудани донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дар лоиҳаҳои барномаи мазкур буд.    

Дар оѓози нишаст мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони англисӣ, дотсент Исмоилзода Э.С., сардори бахши сармоягузорӣ ва ҷалби грантҳои раёсати робитаҳои байналмилалии донишгоҳ  Авзалов А.Х. доир ба ҳамкориҳои байналмилалии устодони донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии дохил ва хориҷӣ ҷумҳурӣ суханронӣ намуданд. 

Сипас устоди ДМТ, аъзои тими миллии коршиносони ислоҳоти таҳсилоти олӣ (КИТО) Б. Гадоев доир ба имкониятҳои барномаи Эразмус+ ва фаъолияти асосии 2-юм (Кеу А2): Рушди иқтидорҳо дар таҳсилоти олӣ» суханронӣ намуд.

Дар идомаи нишаст профессор Ҳ. Саидов аз таҷрибаи кории худ доир ба иштирок дар барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ суханронӣ намуда, ширкаткунандагонро даъват намуд, ки дар лоиҳаҳои барномаи Эразмус+ фаъолона иштирок варзанд.  

Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур дар доираи чорабиниҳои Дафтари миллии Эразмус+ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, минбаъд онҳо идома хоҳанд ёфт.

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj