Маълумотҳои аҷиби химиявӣ

1.Дар таркиби организми одам қариб 70 элементи химиявӣ дар намуди пайвастҳо мавҷуданд. Қисми асосии организми одам, яъне 93 фоизашро оксиген, карбон ва ҳидроген ташкил медиҳанд.

2. Дар рўйи Замин бо роҳи таҷриба муқаррар намуданд, ки 89 элементи химиявӣ мавҷуд аст. Боқимонда элементҳоро дар лабораторияҳо бо роҳи сунъӣ ҳосил кардашуда дар дигар сайёраҳо вуҷуд доранд. Ҳамаи моддаҳои дар Замин (25 млн.) ва дигар сайёраҳо мавҷуд буда, аз 118 элементи химиявӣ таркиб ёфтаанд.

3. Мафҳуми ҳозираро дар бораи элементҳои химиявӣ дар миёнаи асри XVII Роберт Бойл ва Юстус Либих дар химия ҷорӣ намудаанд.

4. Оё медонед, ки “каучук” – ро аз як намуди дарахти бразилиягӣ истеҳсол мекунанд.

5. Абуалӣ ибни Сино дар “Рисолаи кимиё” ном асараш ҳаракатро ба се навъ ҷудо мекунад: 1)ҳаракати аразӣ – ҳаракати (атом ва молекула) дохилӣ; 2) ҳаракати касрӣ – ҳаракати кинетикӣ; 3) ҳаракати табиӣ–ҳаракати сайёра ва ситораҳо.

6. Калимаи “кхем” дар Мисри Қадим, ки маънои «сиёҳ» ё «сиёҳзамин» дошт, ба илми химия алоқаманд аст. “Кеме” (миср) – “сиёҳ” (илм). Алхимия ҳамчун илми ладунӣ [илми найрангҷот, сеҳр, рамл (фолбинӣ), илми ѓайр (илми кашмирӣ – чашмбандӣ)]. “Хюма” (юн. қадим) – “рехтагирии металҳо” ё ки синонимаш “шарбат” аст. “Ким” (чини қадим) – «тилло».

7. Ҷобир ибни Ҳайён навишта буд: “Агар ту хоҳӣ, ки кимиёгариро аз худ намоӣ, бояд корҳои таҷрибавиро бештар гузаронӣ”.

8. Дар шаҳри Аграи Ҳиндустон бо сарпарастии Акбаршоҳ бо нишондоди устоҳои Самарқанд масҷиди “Қутби манор” (1625 – 1628) бино кардаанд. Дар сатҳи ҳавлии ин бино дар ҳавои кушод сутунеро мерос гузоштаанд, ки он аз 99,999% оҳани холис сохта шудааст.

9. Олимон собит намудаанд, ки Закариёи Розӣ аввалин шуда дар шаҳри Рай (Эрон) коргоҳи қадимтарини кимиё (лабораторияи химиявӣ) ва дармонгоҳ (беморхона) таъсис дода буд.

10. Олими англис Ҷ. Зингер дар бораи асбобҳои аз тарафи Закариёи Розӣ истифода кардашуда ҷунин навишта буд: “Лабораторияи инглисии баъд аз ҳазор сол бавуҷудомада аз лабораторияи Розӣ он қадар ҳам фарқ намекард”.

11. Тайёраи муосири мусофиркаш ҳангоми парвоз дар муддати 9 соат тақрибан 50 – 70 т оксиген сарф мекунад. Дар ин муддат тақрибан ҳамин қадар оксигенро дар равандҳои фотосинтез 25 000-50 000 га ҷангал хориҷ мекунад. Барои муҳаррики мушакҳо назар ба тайёра зиёдтар оксиген сарф мешавад.

12. Агар ба воситаи муҳаррики шамолӣ энергияи ҳосилшударо барои моеъ кардани ҳаво сарф намоянд, минбаъд ҳавои моеъро ба қисмҳои таркибӣ: оксиген ва нитроген ҷудо мекунанд. Соҳаи татбиқи оксигени моеъ ба шумо маълум аст. Нитрогени моеъ ҳангоми ба ҳолати газӣ гузаштан фишори зиёдро ҳосил мекунад, ки инро дар муҳаррики автомашинаҳо истифода бурдан мумкин аст. Дар ин ҳол раванди сўзиши бензин нолозим буда, ин гуна муҳаррикҳо аз ҷиҳати экологӣ афзалият доранд.

13. Агар дар автомашина таҷҳизоти таҷзияи обро ҷойгир намуда, бо воситаи қувваи барқи доимӣ ҳидрогену оксигенро ҳосил кунанд, онро дар муҳаррик ба сифати сўзишворӣ истифода намудан мумкин аст. Бо чунин усул об ҷойи бензинро иваз мекунад ва аз ҷиҳати экологӣ безарар аст.

14. Дар давлати Сомониён илми кимиёи кунунӣ бо чор қисми алоҳида, ки решаи ягона доранд, омўхта мешуд: 1) Симё – илм доир ба омўзиши маъдан ба коркарди онҳо онҳо (металлургия); 2) Римё – илм доир ба истеҳсоли малҳам ва доруворӣ; 3) Ҳимё ё ҳамё – илм доир ба роҳҳои пўхтани хўрока; 4) Кимиё – илм доир ба хосияти моддаҳо ва табдилоти онҳо.

 Таҳияи Саврулло Умаров, 

донишҷў

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj