Маҷрои гуногуни дарёи андеша

 (Мулоҳизаҳо дар ҳошияи лоиҳаи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030)

 

Ҳафтаи ахир ду санади бисёр муҳим, ки рушди ҷомеаи Тоҷикистонро дар оянда нақшагирӣ мекунанд, яке – лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигаре лоиҳаи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ба табъ расиданд ва табиист, ки нигарони андешаву мулоҳизоти мутахассисону коршиносон ҳастанд. Санади аввал нисбат ба дуюмӣ хеле фарогир буда, низоми зиндагии иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҷараёни кунунии рушди давлат ва ояндаи онро дар заминаи иҷрои як гурӯҳ асноди пураҳаммияти соҳаҳои гуногуни тараққиёти ҷумҳурӣ дар бар мегирад, яъне вижагии универсалӣ дорад. 

Ҳоло мо нисбат ба ҳамин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ – лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 чанд андеша баён карданӣ ҳастем. Дар ин санади беш аз сад саҳифагӣ ба ҷуз ҳуҷҷатҳои барномавии дохилӣ, инчунин як силсила ҳуҷҷатҳое ба инобат гирифта шудаанд, ки уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ дар миқёси байналмилалӣ муқаррар мекунанд. Дар ин ҳуҷҷат нақшаҳои пешрафти ҳама соҳаҳо бо назардошти монеаҳову хатарҳо мураттабан номбар шуда, роҳу усулҳои ба даст овардани ҳадафҳо низ батафсил сабт шудаанд. Аз ин лиҳоз, он як барномаи муфассали пешрафти Тоҷикистонро дар 13 соли баъдӣ манзур мекунад ва табиист, ки бо пешниҳоди андешаву мулоҳизоти шаҳрвандон ва мутахассисон онро метавон комилтар кард. Чун Стартегияи мазкур  барои мутолиа дастрас аст, зарурати номбар кардани ҳама бобҳо ва фаслҳои он низ аз миён меравад. Ҳадафи мо баррасии он фаслҳоест, ки ба иҷтимоъ, хоса ба ҷавонон ва рушди инсонӣ мансубият доранд. Бояд дар ин замина баён дошт, ки мураттибони санад ба масоили рушди соҳаҳое зиёд таваҷҷуҳ кардаанд, ки ба зиндагии иҷтимоии мардум таъсири бештар доранд. 

Дар лоиҳаи Стратегия ин соҳаҳо ба тартиби зер омадаанд: маориф, тандурустӣ, шуғл, нобаробарӣ, мубориза бар зидди коррупсия, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо, идоракунии самаранок, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирии низои эҳтимолӣ, амнияти энергетикӣ, экология ва идоракунии равандҳои демографӣ. Пешрав шудани ин соҳаҳо ва дарёфти механизми ҳимояи онҳо дар раванди буҳронҳои эҳтимолӣ имкон медиҳанд, ки рушди босуботи ҳаёти мардум халалдор нашуда, низоми иҷтимоӣ мураттаб бимонад. 

Аз се принсипи банақшагирии Стратегия - пешгирии осебпазирии рушди оянда, баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои миллӣ ва инноватсионӣ, яъне рушд дар асоси навовариҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар муҳимтаринаш, ба андешаи мо, усули инноватсионӣ мебошад, ки он бояд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар, махсусан дар низоми иқтисоди миллӣ ва илму маориф беҳтар ва муассиртар ҷорӣ шавад. Таҷрибаи рушди кишварҳои мутамадддин ва хосатан он мамлакатҳое, ки дар ҳоли рушди пурвусъат қарор доранд, минҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин, гувоҳӣ медиҳад, ки бо истифода аз корбурди механизмҳои инноватсионӣ метавон дар як муддати кутоҳ ба дастовардҳои бешумор дастёб шуд, чунки ин механизмҳо аз як тараф ба пешрафти умумӣ мусоидат кунанд, аз ҷониби дигар, имкони дар асоси ҳавасмандӣ боло бурдани натиҷаҳои истифодаи илму кашфиёт заминаҳои хубе ба бор меоранд. 

Барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои асосии Стратегия ҳалли масоили зерин аввалдараҷа мушаххас шудаанд, ки проблемаҳои асосии рушди мамлакатро, ба андешаи мо, муайян мекунанд. Инҳо - таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва ниҳоят, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул мебошанд.

Андеша ва мулоҳизаҳои мо барои ин санад аз он бармеоянд, ки дар ҳалли баъзе масоили шояд ҷузъӣ, вале барои рушди устувори инсон муҳим қисматҳои ба рушди иҷтимоӣ муассир бояд бештар ва комилтар  шарҳ дода шаванд. Мо боби 4-уми лоиҳаи стратегия – рушди сармояи инсониро дар назар дорем. Дар ин қисмати санад афзалиятҳое, ки рушди сармояи инсониро таъмин мекунанд, номбар шудаанд. Инҳо - ислоҳоти низоми маориф ва илм, таъмини солимии аҳолӣ дар чорчӯбаи сифати зиндагӣ, таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани арзишҳои фарҳангии рафтор, ташаккули муҳити мусоид барои зиндагӣ ва ниҳоят - коҳишдиҳии нобаробарии иҷтимоӣ. Инҳоро ба гунаи одитар дар чунин иерархия метавон ном гирифт: маориф, тандурустӣ, кумак ба қишрҳои осебпазир, фарҳанги умумӣ ва паст кардани шиддати нобаробариҳо. Маориф то он замон (2030) ба низоми 12-солаи таълим хоҳад гузашт. Дар соҳаи тандурустӣ ба шакли хусусии фаъолият эътибор ҷиддӣ хоҳад шуд. Арзишҳои фарҳангии рафтор ибораест, ки бори маъниҳои зиёдеро мекашад, ин ҷо ҳама ҷузъиёте дохил аст, ки маҷмӯан инсонҳои мутамаддинро ба миён меоранд ё касби камол медиҳанд. Ба назари мо, дар ин иерархия чизи муҳим – коҳиш додани нобаробариҳои иҷтимоист, ки аз принсипи маълум, вале бисёр мушкилҳали адолати иҷтимоӣ сарчашма мегирад. 

Таъмини адолати иҷтимоӣ ҳатто барои кишварҳое кам даст медиҳад, ки низоми демократиашон садсолаҳо таърих дорад. Мо Амрикоро дар назар дорем, ки то ҳол дар он масоили баробарҳуқуқӣ миёни нажодҳои гуногун ҳал нашудааст. Ҷумҳурии панҷум, яъне Фаронса низ дар ин соҳа проблемаҳои зиёде дорад. Ҷумҳурии Мардумии Чин бо вуҷуди ба радаи аввали ҷаҳонӣ баровардани иқтисодаш то ҳол дар масъалаи ҳуқуқи инсон мушкилот дорад ва дар танзими тиҷорат низ ба интиқоди шадиди абарқудратҳо мунтазам дучор меояд. Куриёи Ҷанубӣ бо вуҷуди пешрафтҳои азими технологӣ буҳрони эътимод ба ҳукуматро дар масъалаи сарфи маблағҳои ҳангуфти ширкатҳои трансмиллӣ айни замон пушти сар мекунад. Нокомии Клинтон ва пирӯзии Трамп гувоҳи он шуд, ки қишри миёна – ҷомеаи миёни болову поин эътироз намуд. Тӯли ду даҳсола кам таваҷҷуҳ намудан ба рушди саноат, танзими андоз, тандурустӣ, дастгирии давлатӣ наёфтани табақаҳое, ки ба иқтисоди реалӣ машғуланд, аз кишвар бароварда шудани ресурсҳои корӣ ва молӣ, хулоса норозигии мардуми миёнаҳол сарнавишти интихоботи ИМА-ро барои аксарияти сиёсатмадорон ва созмонҳои назарсанҷ ғайричашмдошт ҳал кард. 

Як омили ниҳоят муҳимми таъмини адолати иҷтимоӣ ва умуман коҳиш додани нобаробариҳои иҷтимоӣ – ба вуҷуд овардани табақа ё қишри миёна аст. Ҳар қадар ин табақа пурқувват шаваду сершумор, ҳамон андоза проблемаи нобаробариҳои иҷтимоӣ ҳал мегардад. Ин табақа ё қишри иҷтимоӣ агар дар низоми ҷомеа мавқеи устувор касб кунад, он гоҳ тавозуни болову паст риоя хоҳад шуд. Ин омил барои Тоҷикистон низ омили муҳим ба назар мерасад, ки аллакай барои тақвияти он баъзе фаъолиятҳо пурқувват карда мешаванд. 

Соҳибкории хурду миёна, ба андешаи мо, аз он омилҳоест, ки метавонад ба афзоиш ёфтани синфи миёна сабаби ҷиддӣ гардад. Рушди пурвусъати онро муътадил намудани низоми андозбандӣ ва ҳадди ақал ба муҳлати панҷ сол озод намудан аз санҷишу тафтишҳо, роҳандозӣ намудани низоми қарздиҳии сабуку одӣ ва мутаносиб ба фаъолияти соҳибкорон таъмин хоҳад кард. Ҳоло камтарин фоизи бонкӣ - 2,9 фоизи солона аст, ки онро барои ҳалли камбуди ҷиҳози хонаводагӣ (хариди яхдону ҷевону асбоби ҷомашӯӣ ва ғ.) мегиранд ва баъди ҳамагӣ як моҳ пардохти он оғоз мешавад. Чаро чунин аст ва чаро ин тартиб тағйир дода намешавад, касе посух гуфта наметавонад. Танҳо ба муқаррароти регулятори асосӣ – Бонки миллӣ ишора мекунанду халос. Зарур аст, ки муассисоти хурди кредитӣ каме озодтар шуда, ба манфиатҳои иқтисодии муштариён ва соҳибкорон рӯ биёранд, роҳу усулҳои дигари пайдо кардани эътимоди ҳамдигариро дарёбанд.

Масъалаҳои демографӣ, махсусан рушди ҷавонон ва ба илму маориф фаро гирифтани онҳо дар санади мазкур хеле батафсил дарҷ ёфтааст. Дар таърихи 01.01.2016 аҳолии Тоҷикистон 8 миллиону 551 ҳазор нафарро ташкил дод. Пешгӯӣ мешавад, ки то соли 2030 аҳолии кишвар ба 11,6 миллион мерасад, яъне дар 13 соли баъдӣ – 3 миллион аҳолӣ зиёд хоҳад шуд. Ҳоло ҳиссаи ҷавонони то 20-сола аз шумораи умумии аҳолӣ ба 45 фоиз расидааст. То соли 2030 тақрибан 60 фоизи аҳолии қобили корро аз 15 то 64-солаҳо ташкил хоҳанд дод. 

Бисёр кишварҳои осиёӣ чунин афзоиши босуръатро аз сар гузаронидаанд ва таҷрибаи хуби истифода аз равзанаи имкониятҳои демографиро доранд. Тоҷикистон низ аз таҷрибаи он кишварҳо бояд истифода кунад, вагарна ба қавли муаллифони лоиҳа, “равзанаи имкониятҳои демографӣ” ба “равзанаи таҳдиди демографӣ” табдил меёбад”. Аз миқдори 11,6 миллион наздики 7 миллион аҳолии қобили кор хоҳад буд. Дар назар аст, ки шумораи умумии аҳолии ба шуғл машғулбуда бояд то 70 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар соли 2030 зиёд гардад. Дар маҷмӯъ, шуғли расмӣ то 70 фоиз афзоиш хоҳад ёфт.

Таркиби ҷойгиршавии аҳолӣ тақозо мекунад, ки шумораи бештари чораандешиҳо ба аҳолии деҳот нигаронида шаванд. Тибқи омори соли 2015 26,5 фоизи аҳолӣ дар шаҳр ва 73,5 фоиз аз шумори умумӣ маскуни деҳот аст. Ҷавонони донишомӯз ба ҳазор нафар аҳолӣ 198 нафарро ташкил медиҳанд. Барои Тоҷикистон ин қишри ҷомеа табақаи сершумортарин (беш аз 70 фоиз) аст ва ҳамин омил аст, ки ба қавли муаллифон “категорияи мазкур соли 2030 асоси аҳолии қобили меҳнатро ташкил хоҳад дод, аз ин рӯ, фаъолсозии иқтидори ҷавонон аз аҳамият холӣ нест”. Мулоҳизоти баъдии мо ба ҳамин категория дахл хоҳад кард. 

Аслан сухани нав нест, бигӯем, ки масоили ҷавонон дар марҳилаи имрӯзаи зиндагии ҷомеаи Тоҷикистон хеле актуалист. Масъала аз он нуқтаи назар печида менамояд, ки проблемаи ҷавонон дар маҷмӯъ мушкили ягон соҳаи мушаххаси илму фарҳанг, иқтисод ё саноат нест, ки бо қабули ин ё он барномаи навсозӣ дар марҳилаи муайяне натиҷа бидиҳад, балки омили инсонӣ буда, аввалан таҳқиқи ҷиддӣ ва ҳамаҷонибаи вазъро тақозо дорад ва баъдан самтҳои беҳсозии вазъи ҷавононро берун аз чорчӯбаи сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат мушаххас намудан ғайриимкон аст. 

Дар Тоҷикистон, ки тибқи омори расмӣ синну соли миёнаи аҳолиаш 24-25 буда, шумораи умумии насли ҷавони аз 14 то 30-солааш 70 фоизро ташкил медиҳад ва неруи кории аз 19 то 30-солааш каме бештар аз 66 фоиз аст, ғамхорӣ накардан ба ин гурӯҳи азими аҳолӣ ва афзалияту авлавият надодан ба перспективаи тараққиёти он дар сиёсати иҷтимоӣ бо назардошти маҷмӯи масъалаҳои марбут ба мавқеи геополитикии Тоҷикистон дар минтақа ва устуворсозии давлати миллӣ оқибати нек ба бор нахоҳад овард. Дуруст гуфтаанд, дар кишваре, ки аҳволи насли ҷавонаш хуб аст, ояндаи нек хоҳад дошт. Хушбахтона, Тоҷикистон аз зумраи он мамолике нест, ки насли ҷавонаш дар ҳолати хеле сахту ногувор ва буҳронӣ қарор дошта бошад. 

Дар ин маврид пешрафтҳо ҳастанд, дар мақомоти марказии идоракунии кишвар сохтори мустақиле бо номи Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ фаъолият мекунад, ки дар ҳама мақомоти ҳокимияти маҳаллии ҷумҳурӣ шуъбаҳои худро дорад. Бо  мақсади равшан намудани вазъ чанд далелро меорем, ки ба назари мо муҳим менамоянд. 

Далели аз ҳама равшан ҳамин аст, ки фаъолияти Кумитаи ҷавонон асосан тавассути барномаҳои миллии давлатӣ сурат мегиранд ва то кунун якчанд маротиба чунин барномаҳои миллӣ барои солҳои 1999-2000, 2001-2003, 2004-2006, 2007-2009 ва барномаи вижаи «Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 2006-2010, Барномаи ҷумҳуриявӣ оид ба дастгирии соҳибкорони ҷавони Тоҷикистон, инчунин Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чанде дигар қабул шудаанд. Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дорад, ки ин ҳуҷҷат мақсад, принсип ва афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии ҷавононро мушаххас кардааст. Ҳамин тавр, ҳаллу фасли масоили ҷавонон дар ҷумҳурӣ аз соли 1994 инҷониб дар сатҳи сиёсати давлатӣ ба роҳ монда шудааст ва санади меъёрие, ки ин сиёсатро пиёда мегардонад, Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ба шумор меравад. 

Чунон ки дар ин санади меъёрӣ ва низ Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, мақсади асосии ин сиёсат фароҳам овардан ва таҳкими шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ барои истиқрори шаҳрвандӣ ва худтатбиқнамонии иҷтимоии ҷавонон буда, афзалиятҳои зерин дар мадди аввал баррасӣ мешаванд:

- дар ҷавонон ташаккул додани ҳисси ватанпарастӣ, рушди ахлоқӣ ва маънавӣ;

- таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии ҷавонон дар соҳаи меҳнат, маориф ва ҳифзи саломатӣ;

- фароҳам овардани шароит барои худтатбиқнамоии эҳтиёҷоти иҷтимоию иқтисодии ҷавонон;

- фароҳам овардани шароит барои рушди зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷавонон;

- дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ташаббусҳои ҷамъиятии ҷавонон;

- ҷалби ҷавонони Тоҷикистон ба равандҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва маърифатии байналмилалӣ.

Дастоварди муҳиме, ки ҷавонон дар пиёдасозии сиёсати давлатии ҷавонон доранд, ба шахси аввали ҷумҳурӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марбут аст. Ҳанӯз 18 сол қабл аз ин, 16-уми маи соли 1998 дар вохурӣ бо ҷавонони лаёқатманди кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҷавононро дар шумули проблемаҳои стратегии давлат дохил карда, мавқеи давлатро нисбат ба ин масъала чунин баён карда буд: «Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ гузорем, зеро омили ҷавонон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мақоми ҳалкунанда дошта, тақдири ниҳоии раванди мазкур аз бисёр ҷиҳатҳо ба ин қувваи бузург сахт алоқаманд аст».

То соли 2010 Сарвари давлат 8 маротиба бевосита бо намояндагони ҷавонон мулоқот доир карда, беш аз 45 фармону амрҳои Президенти мамлакат, қарору фармоишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон ирсол ва дар амал татбиқ шудаанд. Дубора эҳё шудани ҳафтавори «Ҷавонони Тоҷикистон»,  таъсиси ташкилотҳои сохтории соҳавӣ ва марказҳои ҷавонон, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стипендияҳои сершумори раисони вилояту шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ баҳри дастгирии истеъдодҳои ҷавон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ ва манбаъҳои ғайрибуҷетӣ воҳидҳои иловагии кор бо ҷавонон ба вуҷуд омаданд. 

Дар соҳаи пешгирии рафтори номатлуби иҷтимоӣ дар байни ҷавонон, дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон, тарбияи ҳарбию ватанпарастии насли наврас низ муваффақиятҳои назаррас ба даст омад. Нақшаҳои комплексӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва сирояти ВИЧ/СПИД дар байни ҷавонон барои солҳои 2002-2004 ва 2005-2006 амалӣ гашт, теъдод ва сифати корҳои ташкилию оммавӣ, таблиғотию фаҳмондадиҳӣ дар байни насли наврас батадриҷ боло рафт. Умуман, мавқеи сиёсати давлатии ҷавонон дар маҳалҳо дар даҳ соли ахир мустаҳкам шуд. Мувофиқи қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи соли 1998 (№ 628) ҳар сол дар ҷумҳурӣ 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар миқёси байналхалқӣ бошад, Кумитаи кор бо ҷавонон ҳанӯз моҳи декабри соли 1997 дар шаҳри Маскав ба Клуби байналхалқии вазирон - роҳбарони мақомоти давлатии кор бо ҷавонон ворид гаштааст. 

Далели дигар - дар мамлакат наздики дусад иттиҳодияи ҷавонону наврасон ва муассисаҳои ғайриҳукуматӣ амал мекунанд, ки барои ҳавасмандии онҳо ба фаъолият ҳукумат грантҳо таъсис додааст. Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ квотаҳои президентӣ барои ҷавонон аз оилаҳои камбизоат амалӣ мегардад. Дар масъалаи фаъол ва ҳавасманд намудани ҷавонони таҳсилкунанда ду фармони Сарвари давлат нақши калидӣ дорад: яке «Дар бораи таъсис додани стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ ва омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо» ва дигаре - «Дар бораи таъсис додани фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ ва стипендияи «Дурахшандагон». Дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҷониби раисони вилоёту шаҳру навоҳӣ низ стипендияҳо муқаррар шудаанд, худи Кумитаи ҷавонон аз ҳисоби маблағҳои худӣ барои духтароне, ки тибқи квотаи президентӣ хубу аъло мехонанд, ҳамин гуна стипендия таъсис додааст. Бо мақсади таъмини фароғати ҷавонон дар панҷ соли охир 19 варзишгоҳ, 620 майдончаи варзишӣ, 110 толори варзиш, 11 ҳавзи шиноварӣ ва 9 маҷмааи варзишӣ сохта ва ба истифода дода шудаанд. Ба ғайр аз ин, 2700 майдончаи варзишӣ, 635 толори варзиш, 14 ҳавзи шиноварӣ ва 5 маҷмааи варзишӣ таъмир ва тармим карда шудаанд. Ғайр аз ин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат соли 2012 Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 тасдиқ карда шуда, дар чаҳорчӯби он теъдоди зиёди лоиҳаҳо оид ба таъмини ҷойи кор, танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди имкониятҳои иҷтимоӣ ва мустақилияти иқтисодии ҷавонон амалӣ карда шуданд. 

Чунин аст манзараи умумӣ ва мухтасари вазъи ҷавонон дар ҷумҳурӣ. Чунин ба мушоҳида мерасад, ки заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва ташкилӣ барои фаъолияти ҷавонон ва пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон хуб ба роҳ монда шудааст. Пешравиҳо дар самти таҳкими маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва мафкуравии ҷавонон ба назар мерасанд. Аммо агар ҳама ҳуҷҷатгузориҳо ва ҳисоботҳоро як сӯ гузоштаву аз нигоҳи талаботи замони муосир ба умқи масъала андаке фурӯ равем, вазъият дар ҷумҳурие, ки 70 фоизаш насли ҷавон аст, амалҳо ва чораандешиҳои муассиртар мехоҳад. Ҳамагуна барномаҳо ва консепсияҳо ва дигар санадҳои глобалӣ ҳамон вақт аҳамият пайдо мекунанд ва татбиқ меёбанд, ки заминаи устувори молиявӣ дошта бошанд. 

Азбаски қисми зиёди аҳолии ҷавон маскуни деҳотанд, онҳо аз самараи нақшаву барномаҳои марбути ҷавонон камтар баҳра меёбанд. Таъсири амалияи аксар  лоиҳаҳо танҳо ба як қисмати ҷавонон бештар мерасад, асосан ҳамон қисмате, ки дар маркази ҷумҳурӣ ва вилояту шаҳрҳо кору фаъолият мекунанд. Чунин барномаву нақшаҳое заруранд, ки саросари ҷумҳурӣ то деҳкадаҳои дурдастро фаро бигиранд. Ҳоло таҳаввулоте, ки дар мафкураи ҷавонон рух медиҳад, асосан ба ҷавонони марказҳо дахл мекунанд. Ҳамакнун масъалаи хеле муҳим барои ҷавонон ба ҳадди ақал расонидани фарқи байни шаҳру деҳа аз нигоҳи фаъолнокиву ташаббускории ҷавонон аст. Тибқи омор беш аз 74 фоизи ҷавонон дар деҳот зиндагӣ мекунанд, миқдори аз ҳама зиёди ин таносуб – беш аз 38 фоиз ба вилояти Хатлон рост меояд, ки он минтақаи аграрист. Аз равиши таърих медонем, ки он ҷое, ки саноат нест, догмаву стереотипҳо зиёд ва ташаккули мафкура суст ҷараён мегирад.

Масоили муҳимме, ки ба ҳалли онҳо дар лоиҳаи Стратегияи миллии рушд боистӣ роҳу равиши баррасӣ фарохтар бошад, бекории ҷавонон, мубориза бо стереотипҳо ва тенденсияҳое, ки таҳсили духтаронро бо андешаи набудани перспективаи ҷои кор ва омилҳои дигари ахлоқиву маънавӣ дар деҳот мона мешаванд, танзими муҳоҷират ва кори идеологӣ бо муҳоҷирон дар макони зисту меҳнати онҳо (тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ беш аз 75 фоизи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба сафи ДОИШ ҳамроҳ шудаанд, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанашон ҷазб шудаанд), муносибати илмию пажӯҳишӣ ба сабабҳои рухдоди ҷиноятҳо, билхоса нашъаҷалобӣ, танфурӯшӣ ва суитсид миёни бонувон, ноустувории оилаҳои ҷавон (тибқи омор ҳар даҳумин оилаи ҷавон пош мехӯрад) ва чанде дигар аст. 

Дар масъалаи ба сатҳи раҳбарӣ ҷалб намудани ҷавонон ҳудуди чор-панҷ соли ахир таҳаввулоти ҷиддӣ рух дода, стереотипи машҳури даврони шӯравӣ - «синну соли калон – таҷриба ва масъулияти калон» аз байн рафта истодааст. Даврони шӯравӣ ҷавонон вақте ба ин ё он вазифаи роҳбарӣ мерасиданд, ки аз синни ҷавонӣ кайҳо гузашта, майлу рағбати навовариву ташаббускориро аз даст медоданд ва зуд ба маҷрои умумии фаъолияти ҳамагонӣ «адаптатсия» мегаштанд. 

Бешак, таҷрибаи ҷавонсозии кадрҳо дар мамолики аврупоиву амрикоӣ кайҳост, ки натиҷаҳои нек медиҳад. Ҷомеаҳои он кишварҳо аз роҳбарони 25-30-сола, ки авҷи зуҳури энержии онҳо дар фаъолият аст, манфиати зиёде мебинанд. Вале стереотипи дигар, ки гӯё занону духтарон танҳо дар соҳаҳои гуманитарӣ қобили фаъолиятанду халос, то ҳол бартараф нашудааст. Илоҷи зудтар халос шудан аз ин ақидаи шахшуда ҳамин аст, ки тамоми қонунгузории Тоҷикистон аз нигоҳи гендерӣ ва ба назар гирифтани манофеи қонунии занон (махсусан дар масоили моликият ва замин) бознигарӣ шуда, дар ин масъала таҳқиқоти фарогире анҷом дода шавад.

Дар масъалаи афзун намудани майли ҷавонон ба фаъолиятҳои сиёсӣ дар заминаи ҳизбҳои сиёсӣ низ истифода аз таҷрибаи баъзе кишварҳо муфид ба назар мерасад. Чунин тамоюл дар миёни ҷавонони тоҷик нисбат ба дигар кишварҳои минтақа нисбатан кам аст. Масалан, дар Русия ҳизбҳои сиёсӣ (масалан «Русияи ягона») тавассути платформаҳои наздиҳизбӣ ҷавононро ба фаъолияти сиёсӣ омода мекунанд ва аз ин ҳисоб квотаҳои махсус ҷудо карда мешавад. Ин гуна амалҳо боистӣ бисёр боэҳтиёт сурат гиранд, вагарна паёмадҳои манфӣ низ дошта метавонанд. 

Чизи муҳимми дигар -  сотсиализатсия, ё худ иҷтимоикунонии ҷавонон бо назардошти ташаккул додани ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд тавассути грантҳо хеле зиёд ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон амал кунанд ҳам, аммо набудани механизмҳои ҳамоҳангсозӣ натиҷаи фаъолияти онҳоро номаълум мегардонад. Ғайр аз ин, қисмати зиёди ин ташкилотҳо асосан дар маркази вилоятҳо ва шаҳрҳои бузург амал мекунанд ва аз ин сабаб ба фазои умумии маърифати ҷавонон таъсири кам мегузоранд. 

Ҳамин тавр, фаҳму дарки вазъи муосири Тоҷикистон бо назардошти рушди он бо роҳи демократия ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, яъне дар ниҳоди ҷавонон ба вуҷуд овардани эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ масъалаи калидӣ дар анбӯҳи масоилест, ки ба рушди ҷавонон дахл дорад. Инро бо роҳи пурзӯр намудани тарзу усули роҳбарӣ ба фаъолияти ҷавонон, бо роҳҳои гуногуни ҳавасмандӣ истифода бурдани неруи ҷавони ақлонӣ амалӣ намудан лозим аст. Агар ду шохаи як масъала – иқтисод ва маънавият бо ҳам дар тавозун қарор дода шаванд, беҳбудии куллиро интизор шудан мумкин аст.

Меоем ба сари пешниҳодоти мушаххас ё ба қисмати хулосаву бардоштҳо. Ибтидо, омӯзиши ҷиддӣ ва ҳамагонии проблемаҳои ҷавонон, худи ҷавонон ҳамчун категорияи иҷтимоиву демографӣ ва иҷтимоиву психологӣ бояд ба таври густарда сурат гирад. Ҳалли дилхоҳ масъала аз омӯзиши он шурӯъ мешавад ва дар ин кор танҳо ба омори расмӣ истинод кардан дуруст нест. Кори омор пешниҳоди натиҷа аст, на ковиши сабабу заминаҳо. Аз ин хотир, наку ва хеле муфид мебуд, ки дар Тоҷикистон бо назардошти шумораи ҷавонон ва саҳми онҳо дар сарнавишти миллату давлат Пажӯҳишгоҳи мустақили проблемаҳои милливу иҷтимоии ҷавонон таъсис дода шавад. Дар ҳайати ин пажӯҳишгоҳ олимони ҷавоне ҷалб карда шаванд, ки дар партави омӯзиши равияҳо ва тенденсияҳои муосири ҷаҳонӣ тактика ва стратегияи рушди соҳаро мушаххас месозанд. Ба эътибор гирифтани омилҳои милливу равонӣ ва таърихиву фарҳангии ҷавонони тоҷик дар таҳияи нақшаҳои пешрафт зарур менамояд. 

Дигар, ба роҳ мондани омӯзиши равияи илмии сотсиологияи ҷавонон, ё худ ҷомеашиносии ҷавонон, ки  ҳадафи он таҳқиқи ҷавонон ҳамчун умумияти хоси иҷтимоист. Дигар аҳдофи ин равияи илмӣ – мухтассоти иҷтимоикунонии ҷавонон, тарбия, ҷараёни меросбарии иҷтимоии ҷавонон аз дониш ва таҷрибаи насли куҳансол, хусусияти тарзи ҳаёт, ташаккули нақшаҳои ҳаётӣ ва арзишҳо, иҷрои нақшҳои иҷтимоӣ буда метавонад. Бояд дар назар дошт, ки ҷавонон сарҳадҳои ҳардамтағйирёбандаи синнусолӣ доранд ва ин омил аз сатҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва фарҳанги он, дар маҷмӯъ аз шароити зиндагӣ вобастагӣ дорад.

Баъдан, таҷдиди назар ба масъалаи такомулоти иҷтимоии ҷавонон. Нуқтаи сарҳисоби он на оғози фаъолияти кории ҷавон, балки хатми мактаби олӣ бошад, беҳтар аст. Зимни таъин ба вазифаҳои масъул баъзе шартҳо, аз қабили мавҷуд будани таҷрибаи корӣ ва синну соли муайян ҳаст, ки барои ҳама яксон буданаш шояд шарт набошад.

Дигар, барои бартараф намудани тафовути байни ду гурӯҳи ҷавонон, ки якеро шартан «некуаҳвол» ва дигареро «дорои аҳволи начандон хуб» номидан мумкин аст. Навъи аввал ҷавононе мебошанд, ки дар бахши хусусӣ ба фаъолият машғуланд ва асбоби хуби зиндагӣ муҳайё кардаанд. Онҳо ба фаъолияти иҷтимоӣ чандон моил нестанд ва ба ҳалли мушкилоти ҷомеа низ чандон рағбат надоранд. Гурӯҳи дуюм ҷавононе ҳастанд, ки дар муассисаҳои давлатӣ фаъолият мекунанд, ташаббус доранд, аммо зиндагиашон хеле хоксорона аст. Ин тафовут бо мурури замон зиёд шуда, боиси дар оянда ба вуҷуд омадани ду табақаи ба ҳамдигар дар бисёр масоил зид гардиданаш мумкин аст. Аз ин рӯ, додани имтиёзҳо ба ҷавонони дар муассисаҳои давлатӣ коркунанда ба таври мунтазам лозим аст (масалан, таъмин бо манзили зист, додани қарзҳои дарозмӯҳлати имтиёзнок ва ғайра), то ин ки дар ҷомеа тақсимоти болоиву поёнӣ ва дилсардии гурӯҳи ҷавонони эҷодкору ташаббускор ба вуҷуд наояд.

Вобаста ба баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон ва роҳ надодан ба пайдоиши ҷараёнҳои тундгаро дар низоми макотиби олӣ ҷорӣ намудани таълими илмҳое чун асосҳои давлатдории миллӣ (метавон даҳҳо курсҳо ва фанҳоеро дар заминаи баррасии масоили таносуби шахс ва давлат, дин ва давлат, анвои ҷаҳонбинӣ, равоншиносии миллӣ, назариёти муосири инсоншиносӣ ва ғайра) бо истифода аз таҷоруби он кишварҳое, ки илму амалияи ба ҳам наздику мутаносиб доранд, манфиат хоҳад дошт.  

Билохира, шояд кулли масъалаҳое, ки дар боло баррасӣ шуданд, таъсиси вазорати мустақилеро оид ба ҷавонон тақозо намояд. Чунин як маркази идоракунӣ ва ҳам таҳқиқотии фарогир аз ҳаёти ҷавонон ва омӯзиши онҳо аз нуқтаи назари иҷтимоӣ, маориф, ҷаҳонбинӣ, эътиқодӣ, рафтори фарҳангӣ, шуғли онҳо ва ғайра зарур менамояд. Ҳоло се масъалаи муҳимми давлатӣ – ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ихтиёри як кумита вогузор аст. Азбаски худи як масъалаи ҷавонон як ҷаҳон муаммо  дорад, пас, месазад, ки ҳалли масъалаи вобаста ба ҷавонон, илму шуғл ва фарҳангу ҷаҳонбинии онҳо дар ихтиёри як маркази алоҳида бошад. Дар ин сурат ба ин марказ ҷалб кардани мутахассисони варзидаи ин соҳа ва умуман онҳое, ки ба таҳқиқи проблемаҳои ҷавонон ва наврасон машғуланд, лозим мешавад.

Дар робита бо масъалаҳои фавқ, масъалаи фарҳанг ва роҳҳои рушди он низ дар марҳилаи имрӯзаи рушди давлат аҳаммияти беандоза бузург дорад, чунки барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлатдорӣ мусоидат мекунад. Пешрафтҳо маълум, аммо омилҳои манфии коҳиш ёфтани сатҳи фарҳангии ҷомеа бояд дарёфт ва пешгирӣ карда шаванд. Ба зумраи онҳо - омӯзиши мероси фарҳангиву таърихӣ, баъдан, таҳқиқи фазои бадеии муҳити зисти инсон, муҳити иҷтимоиву маънавӣ ва сиёсиву экологӣ зарур менамояд. 

Алҳол вазъ дар аксар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба чунин тарзу равише ҳаст, ки иқтисод - беҳсозии вазъи зиндагӣ, таъминот бо шароити зиндагӣ, ки масъалаҳои аввалдараҷаи ҳастии инсон мебошанд, мавқеи арзишҳои маъмули фарҳангиро хеле танг кардаанд. Масалан, дар аксар кишварҳо, аз ҷумла мамолики мутамаддин низ тенденсияи паст рафтани завқи бадеии одамон ба мушоҳида мерасад. Ҷойи адабиёту фарҳанги асилро адабиёту фарҳанги оммавӣ (массовая литература ё беллетристика) гирифтааст. Ҳамчунин дар паҳнои олам синамо ва мусиқии суннатӣ мавқеи худро аз даст дода истодааст. 

Ҳоло дар аксар кишварҳои пешрафта муҳаққиқони фарҳанг аз ҳолати аномия, ки онро ҳамчун падидаи аз даст рафтани функсияи танзимгари иҷтимоии фарҳанг баҳо медиҳанд, бонги хатар мезананд. Ҳамаи ин муаммоҳо бояд дар мадди назар бошанд, чунки ягон давлат дар ҷаҳони муосир аз таъсири чунин равияҳо вораста нахоҳад буд. Барои ҳамин ҳам, дар ҳама муассисаҳои таҳсилотӣ (миёнаву олӣ) ташкил намудани фанҳои  таълимии таърихи фарҳанг, анъанаҳои фарҳангу ҳунар, таъсиси шабакаи васеи китобхонаҳои кӯдакона махсусан дар деҳоти дурдаст ва мунтазам бо китобҳои нави бадеӣ ва осори фарҳангшиносӣ таъмин намудани онҳо, ба чоп додани осори илмию адабие, ки тӯли қарни 20 нашр шуда, алҳол камшуморанд,  таъсиси театр-студияҳои завқмандон дар макотиби таҳсилоти умумӣ ва олии мамлакат, таъсиси бунгоҳи мустақили тарҷумаи осори адабӣ ва бадеӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ зарур ва манфиатбахш хоҳанд буд. 

Ин буд чанд мулоҳизае, ки баъди мутолиаи лоиҳаи Стратегияи милли рушд рӯи коғаз омад.   

 

ҲАФИЗ РАҲМОН 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj