Меҳри Ватан

Ватан, зодгоҳ, ҷойи нашъу намо, диёр,  кишвар, мамлакат ва сарзамине, ки кас дар он таваллуд шудааст. Сарзамине, ки бо сарватҳои табиии худ, аҳолӣ, сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, хусусиятҳои забон, маданият, урфу одат ба соҳибватанон таърихан тааллуқ дорад. Ватан калимаи зебо ва хуҷастаеаст, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар дар пеши назар меояд. Педагоги машҳур Василий Александрович Сухомлинский мазмуну мафҳуми “Ватан”-ро ба мафҳуми “Инсон”, “Маънои зиндагӣ”, “Меҳнат”, “Қарз”, “Оила”, “Забони модарӣ”, “Муҳити табиат”, “Садоқат”алоқаманд мекунад.

Ватан барои соҳибватанон азиз дар дилу дида ҷо гардидаву зебою бузург ва якто мебошад. Ватан замини зархез, боду ҳавои рўҳафзо, обҳои софу зулол ва кўҳҳои сарбафалаккашида дорад, ки даъвогари тану қалби ҳазорон мардони шуҷоатманд гаштааст. Ватан ба мо болу пар медиҳад, то дар самояш озодона болу пар зада, барои гулгулшукуфоии он саҳми арзанда гузорем.

Бале, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозиш гузашта, барои идомаи зиндагии рангин оѓўш кушодааст.

Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашаванда мавҷудаст, ки Модару Ватан низ ба он шомил мебошанд. Аз ин рў,  Ватан шаъну шараф, ноёбтарин наъмат ва сарвати бебаҳоест, ки онро ба ҳеҷ ганҷе наметавон иваз кард.

Оромишу шукўҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста аст. Агар Ватан орому осуда буда, дар саросари он сулҳу субот ҳукмрон бошад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум меафзояд. Дар он ҷойе, ки пояҳои маънавиёт устувор набошад, акси ин ҳол ба миён меояд.

Вазифаи мо танҳо аз Ватан ва бузургии миллат ифтихор кардан неа, балки бо корнамоӣ ва ҷонфидоии нав, кашфи падидаҳои нодир вобаста аст. Агар ҳамаи мо аз олами расму русум ва анъанаҳои милливу башарӣ баҳраманд гардем, Ватани соҳибистиқлоли мо низ ба шумори давлатҳои тараққикарда ва мутамаддин хоҳад гашт.

Мо, ҷавонон боварии комил дорем, ки Ватани мо дар ояндаи наздик як давлати аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз ин ҳам бештар пешрафта мегардад. Мо, ҷавонон, ба хусус донишҷўёни зодаи Истиқлолият барои ободии диёри азизи номдорамон Тоҷикистон ва боло рафтани обрўю нуфузи он дар ҷаҳони имрўза аз фарзанди фарзонаи Тоҷикистон-Пешвои миллат ибрат гирифта, барои боло бурдани обрўю эътибори Ватани азизамон кору пайкор хоҳем кард. 

Шавқат Остонаев,

 донишҷўи курси 2,

 факултети филологияи тоҷик

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj