Минои Искандарӣ

Ин мино бо санъати нотакрори меъморӣ ба қатори ҳафт муъҷизаи Дунёи Қадим ворид гаштааст. Он барои таъмини бехатарии ҳаракати киштиҳо дар баҳр сохта шудааст. Ин мино дар ҷазираи Фарос (воқеъ дар Мисри Қадим ) ҷойгир шудааст. 

Таърихи сохтани ин мино шавқовар мебошад. Искандари Мақдунӣ дар аввали ҳукмрониаш ба харобкорӣ машғул буд. Ў шаҳрҳои ободро ба харобазор табдил медод. Вале баъдан андешааш тағйир ёфт. Шоҳ Искандар ҳар ҷоеро, ки забт мекард, аз худ нишонае барои ёдоварӣ мегузошт. Баъди забт кардани Миср ў ба сохтани шаҳри калон азм намуд, ки онро Искадария ном гузоштанд. Ин шаҳр хеле зебо сохта шуд. Дар нақшакашии он бевосита худи Искандари Мақдунӣ ширкат варзид. Кўчаҳои шаҳр васеъ буда, бо мармар оро дода шуда буданд. Китобхонаи беҳтарини Дунёи Қадим ин ҷой воқеъ буд. Бозёфтҳо далели онанд, ки доираи фарҳангии ин шаҳр хеле мустаҳкам ва машҳур будааст. Ин шаҳри бузург ду бандар дошт, ки ҳар рўз даҳҳо киштӣ аз он ҷой рахти сафар мебастанд. Яке аз ин бандарҳо дар халиҷи баҳрии назди ҷазираи Фарос воқеъ буд. Дар он давра киштӣ воситаи асосии боркашонӣ буд. Масъалаи бехатарии ҳаракати киштиҳо дар ин бандар муҳим ба шумор мерафт.

Тўфонҳои пайдарпай, боришот ва талотуми баҳрӣ боиси роҳгум задани киштиҳо мегаштанд. Баҳрнавардон рўзона кўҳҳои бузург, димоға ва харсангҳои калонро чун нишонаи раҳнамо интихоб менамуданд, вале дар шаби абролуд раҳгумӣ амали муқаррарӣ буд. Бо гузашти вақт шабонгоҳ барои баҳранавардон бо афрўхтани оташ дар соҳил роҳи дурустро нишон медоданд. Оҳиста–оҳиста технологияи оташафрўзӣ барои роҳнамоии баҳрнавардон маъмул гашт, ки Минои Искандарӣ аз он далолат медиҳад. 

Ба сохтани Минои Искандарӣ соли 285 пеш аз милод шурўъ намуданд. Меъмори машҳури Рими Қадим Сострати Книди дар бунёди ин иншооти бузург саҳми беандоза дорад. Муҳлати сохтани ин иншоот маълум нест. Баъзе муаррихон онро аз панҷ то бист сол гуфтанд. Баландии онро ба таври тахмин гуфтаанд: баъзеҳо 120 метр, Ибналшайх (асри  11) 130-140 метр, гурўҳи дигар онро то 180 метр гуфтаанд. Дар асоси ин мино дар дарёи Гарон, назди шаҳри Дордо юнониён минои баландиаш 58 метр сохтаанд. Оташи афрўхтаро дар мино аз 60 – 100 км дидан мумкин буд. Гуфтан душвор аст, ки ба сифати сўзишворӣ чиро истифода мебурданд. Андешаи муътамад он аст, ки чун сўзишворӣ дар мино асосан аз нефт истифода мебурданд. Нефт дар Миср фаровон аст. Оташи мино ҳамеша фурўзон буд ва агар он фурсате хомўш мегардид, оташфурўзонро ҷазои бадтарин – қатл интизор буд. Дар бораи ба дуриҳо равона сохтани равшании оташи мино низ андешаҳо гуногунанд. Баъзеҳо андеша доранд, ки чун шуълаафрўз бевосита аз шишасангҳо ва биринҷӣ истифода мекарданд. Гурўҳи дигар ба он ақиданд, ки ба ҷойи оина сангҳои шаффофи партавафшон  истифода бурда мешуданд. Бошандагони Искандарияро муҷассамаи хушандоми занона, ки дар боли мино гузошта шуда буд, ба ҳайрат мегузошт. Дар назари аввал гўё ин муҷассамаҳо барои ороишот бошанд, вале дар асл онҳо вазифаи мураккаб доштанд ва ҳатто онҳо  ба равиши Офтобу Моҳ ҳаракат мекарданд. Герон дар сохтани ин муҷассамаҳо заҳмати зиёд кашидааст. Ба востаи онҳо самт ва суръати шамол ва баландии мавҷро муайян кардан мумкин буд. Воқеан Минои Искандарӣ маркази илмӣ ба шумор мерафт. Аз ин ҷо олимон асбоби боднамо, соати калонҳаҷм ва асбобҳои астрономиро пайдо намудаанд. Минои Искандарӣ бо санъати нотакрори меъморӣ бино гашта буд, аз ин рў, дили бинокори он  Сострати Книди ба меҳнаташ месўхт ва ў намехост, ки созандаи ин иншоот бардурўғ Птоломейро (ҳокими давр) хонанд. Ў дар давраи анҷомёбии ин иншоот чунин навишта буд: «Сострат фарзанди Дексифонро, ки аз шаҳри Книда аст, Худованди бузург барои роҳнамоии баҳрнавардон офаридааст». Барои сар аз тан ҷудо нагаштан ин навиштаро бо қабати гилин андова намуд ва болои он номи Птоломейро сабт намуд. Бо гузашти вақт ин қабати тунуки гилин шуста шудаанд ва сайёҳони римӣ навиштаи созандаи Минои Искандариро хонданд. 21 июли соли 365 дар шаҳри Искандария заминларзаи сахт ба амал омад. Дар натиҷаи ин заминларза 50 ҳазор сокини ин шаҳр ба ҳалокат расидаанд. Аз ин офати табиӣ Минои Искандарӣ низ осеби сахте дид. Баландии он баъди зилзила ҳамагӣ 30 метрро ташкил медоду халос. Дигар ин мино шабона ҳамчун роҳнамои киштиҳо хизмат наменамуд. Дар асри 12 ҳангоми ҳукмронии арабҳо низ ин мино мавҷуд буд ва танҳо рўзона чун иншооти раҳнамо аз он истифода менамуданд. Заминларзае, ки дар аввали асри 14 ба амал омад, ин муъҷизаи нотакрори Дунёи Қадимро аз байн бурд.

Дар даврони муосир бозёфти нишонаҳои минои Искандарӣ кори осон набуд. Соли 1961 дар ин минтақа шахсе ҳангоми шиноварӣ бо асбоби махсуси нафаскашӣ дар зери оби назди соҳил шикастапораҳоро мушоҳида намуд ва зуд ин хабарро ба ҳукмат расонид. Омўзиши онро Камол Абусаодат давом дод ва ў низ пораи калони иншоотро аз ин ҷо дарёфт намуд. Бостоншиносон аз ин бозёфт илҳом гирифта, аз ҳукмат хоҳиши идома додани ҷустуҷўи миноро пурсиданд. Соли 1968 онҳо аз ЮНЕСКО дархост намуданд, ки ба кофтуков ва муайян сохтани арзиши таърихии ин бозёфтҳо саҳмгузорӣ намояд. Соли 1976 бостоншиноси англис, хонум Форет рўйхати ин бозёфтҳоро тартиб дод. Ҳамзамон ҳукумати Миср дар ин минтақа девори мавҷгардон сохт, ки дар натиҷаи он бостоншиносон масоҳати зиёди арзишмандро аз даст доданд.

Баъди 20 сол кофтуков ва омўзиши ин минтақа бо таври ҷиддӣ сурат гирифт. Бостоншиносон боқимондаҳои қасри Мопотра ва садҳо шикастапораҳои Минои Искандариро дарёфт намуданд. Соли 1995 ғаввосони франсавӣ ва мисрӣ дар муддати 6 моҳ аз даруни об акси зиёд гирифтанд ва баъзе ашёҳои мансуб ба давраи фиръавнҳоро низ дарёфт намуданд. Соли 2000-ум олимони рус дар кофтукови Минои Искандарӣ иштирок намуданд ва соли 2003 тахтасанги 20-тоннаро, ки бозмондаи ин миност, пайдо карданд.

Содиқ Қурбонов - дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики ДМТ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj