Муаррих ва бостоншиноси барҷаста

Пажўҳиши таъриху тамаддуни ниёгони тоҷикон- суғдиёне, ки дар воқеъ қавми созанда ва соҳибназари Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд, дар олами илм якчанд мактабҳои барҷастаи суғдшиносиро ташаккул додаанд. Яке аз чунин мактабҳо дар заминаи ховаршиносии классики рус дар ИҶШС зуҳур кард, ки чанд насли олимони суғдшиносро тарбия намуда, дар шинохту баррасии таъриху маданияти ғановатманди Суғд ва суғдиён корҳои назаррасеро ба сомон расониданд. Суғдшиносӣ дар ИҶШС солҳои 40-70- уми асри XX ташаккул ёфта, ба майдони фарохи илм як зумра донишмандони саршинос, аз қабили А.А.Фрейман, А.Ю.Якубовский, А.М.Беленитский, Б.И.Маршак ва дигарон шомил намуд. Академик Нўъмон Неъматов, ки тарбиятдидаи мактаби шарқшиносии рус аст, ба он муваффақ шуд, ки анъанаву суннатҳои онро тақвият дода, яке аз намояндагони барҷастаи мактаби шарқшиносии тоҷик гардад. 

Нўъмон Неъматов соли 1953 рисолаи номзадии худро дар мавзўи «Истаравшан дар асрҳои VII-X мелодӣ (аз рўи маводи катбӣ ва сарчашмахои бостоншиносӣ)» дифоъ намуд ва дар Пажўҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳо ба таҳқиқи бостоншиносӣ пардохт. Фаъолияти илмии худро дар Пажўҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба сифати ходими хурди илмӣ сар карда (соли 1954), то ба дараҷаи академикӣ (1994) расид. Дар тўли ин солҳо Нўъмон Неъматов зинаҳои зиёдеро тай намуда, дар вазифаҳои сарходими илмии Сектори археологии Пажўҳишгоҳи таърихи АИ ҶШС Тоҷикистон (1953-1971), мудири Шуъбаи таърихи маданияти Пажўҳишгоҳи таърихи АИ ҶТ (1971-1999), сардори Гурўҳи археологии шимоли Тоҷикистон (1954-1973), сардори Экспедитсияи комплексии археологии шимоли Тоҷикистон (1974-2007), директори Мамнўъгоҳи таърихиву фарҳангии Ҳисор (1990-1993) фаъолият намуда, солҳои охир (1996-2010) сардори Маркази тадқиқоти гуманитарии ЮНЕСКО- и назди раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба уҳда дошт. Нўъмон Неъматов фаъолияти бостоншиносии худро соли 1953 дар Панҷакент оғоз намуд. Ҳамроҳ бо бостоншиноси ҷавон О.Г.Болшаков як бошишгоҳи саҳроиро дар берунтари шаҳраки Панҷакент ҳафриёт намуд. Аз соли 1954 Н.Неъматов бевосита ба таҳқиқи маданияти моддии Шимоли Тоҷикистон пардохта аст. Соли 1954 Н.Неъматов сарвари ҳайъати бостоншиносии Хуҷанду Қайроққум таъйин шуд ва якҷоя бо бостоншиноси маъруфи рус А.М.Манделштам дар қалъаи Маҳрами ноҳияи Конибодом хайма зада, ба ҳафриёти ин ёдгории бостонӣ пардохтанд. Дар натиҷа аз зери қалъа як қисми девори қадима, ки он бо номи «Девори Колос» маъруф буда, аз канори шарқии Чочи қадим оғоз шуда то доманаҳои шимолии каторкўҳи Кашгару Давон мерасид, дарёфт гардид. Қисми дигари ин девор, худи ҳамон сол аз маҳалли деҳаи қадимаи Сомгор кашф шуд. Осори ин девор ҳанўз ҳам маҳфуз мондааст. 

Н.Неъматов аввалин муҳаққиқи давлати бостонии Уструшана (Истаравшан) буда, таҳти роҳбарии ў ҳафриёти димнаи пойтахти ин давлат- шаҳри Бунҷикат (димнаи Қалъаи Қаҳқаҳа I-III  дар Шаҳристони имрўза), ёдгориҳои атрофи он (Чилҳуҷра, Чоршохатеппа, Тоштемиртеппа, Ўртақўрғон, Тирмизактеппа ва ғ.), харобаҳои дигар шаҳру деҳкадаҳо, дафнгоҳҳои Уструшана (Муғтеппа, Нуртеппа, Ширин, Хоняйлов), Илоқ (Тиркаштеппа, Капатеппа, Чуғхона), Фарғонаи Ғарбӣ (Қалъаи Афросиёб, Тўдаи Калон, Тўдаи Хурд) ва ғайра ошкор карда шуданд. Дар ёдгориҳои ин мавзеъҳо осори санъати меъморӣ, наққошӣ, ҳаккокӣ, аз ҷумла шоҳкориҳои маданияти оламшумул кашф шудаанд. 

Саҳм ва хидмати академик Н. Неъматов дар омўзиши археологияи Хуҷанди бостонӣ хеле бузург ва беҳамто аст. Ба таҳқиқи шаҳри Хуҷанд ў соли 1954 шурўъ намуд. Шаҳри Хуҷанд аз соли 1954 то соли 1986 зиёда аз 54 шурф-хафрия канда шуд. Ҳафрияҳо собит намуданд, ки асосан мадхалҳои самти ҷанубӣ ва шимолу шарқии қалъаи Хуҷанд ба давраҳои қадиму кадимтарин маҳсубанд. Зиёда аз ду аср дар байни олимон оид ба масъалаи дар куҷо ҷойгир шудани шаҳри қадимаи Искандарияи Ақсо ё Канора, ки гўё Искандари Мақдунӣ бино кардааст, баҳс мерафт. Ин муамморо Н.Неъматов ҳал намуд. Солҳои 1954-1986 бо роҳи кофтукоби доманадору тадқиқоти статсионарӣ ва стратиграфӣ бо сарварии академик Н.Неъматов кашфиёти илмии маданияти археологиву осори моддӣ-таърихӣ, замони бунёдшавӣ ва стратиграфияи муттасилу паиҳами 2500- солагии шаҳри Хуҷанд имконпазир шуд.  Ў собит сохт, ки шаҳрро Искандар насохтааст, Хуҷанд то истилои юнониёну македониҳо низ вуҷуд дошта, Искандар дар ин ҷо қалъае сохта буду бас. Барои чунин хизматҳояш  Н.Неъматовро аз соли 1986 ба унвони Шаҳрванди фахрии Хуҷанд сазовор донистанд.

Бо ин ду кашфиёти нодири худ – Истаравшани бостонӣ ва Хуҷанди архаистӣ (Искандарияи Ақсо), академик Н.Неъматов таърих ва фарҳанги қадима ва мероси таърихию фарҳангии Истаравшан ва Хуҷандро пешкаши аҳли илм ва ҷаҳониён намуда, осори шоҳкориҳои маданияти маънавии ниёгони мо шинохта шуданд ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуданд.

Бояд гуфт, ки академик Н.Неъматов барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи илми таърих, хусусан бостоншиносӣ ва фарҳангшиносӣ хизмати бузург кардааст. Солҳои тўлонӣ ҳамкории академик Н.Неъматов бо мактабҳои олии Тоҷикистон, ҳангоми лексия ва суҳбатҳояш донишҷўёнро дар роҳи омўзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху тамаддун ва гузаштаи пуршараф, суннатҳои давлатдории миллӣ, ойини ватандўстию ватанхоҳӣ ва дастовардҳои беназири таърихию фарҳангии тоҷикон ва Тоҷикистон талқин намуда, онҳоро дар рўҳи худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандўстӣ тарбия менамуд. Аз соли 1956 то соли 1980 устоди фанни «Асосҳои бостоншиносӣ» дар факултети таърихи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буд. Зери роҳбарии академик  Н.Неъматов 23 нафар олимон ва муҳаққиқони ҷавон рисолаҳои номзадӣ ва доктории хешро ба дифоъ расондаанд. Академик Н.Неъматов муаллифи зиёда аз 800 асари бунёдиву ҷамъбастӣ, китобу мақолаҳои илмию оммавӣ мебошад.

15-уми феврали соли 2011, дар синни 84-солагӣ бостоншиноси барҷаста, академики АИ ҶТ Н.Неъматов ҳаёти фониро падруд гуфт. Ошноӣ бо саҳифаҳои зиндагии устод, ки дар саҳифаҳои заррини таърихи халқи тоҷик нақш бастааст, барои муҳаққиқони соҳа ғизои маънавиеро мемонад. 

Хоҷаев Меҳровар, 

аспиранти факултети таърих

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj