Мубориза бо терроризму экстремизм

Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуби зишт ва пурдаҳшату хатарафзо буда, барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлатӣӣ ва рушди устувори давлат таҳдиди бевосита менамояд.
Терроризм яке аз ҷиноятҳои махсусан вазнин буда, дар шакли содир намудани кирдорҳои қасдона аз қабили таркиш, оташ задан, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон, несту нобуд кардани молу мулк, халалдор сохтани амнияти давлативу ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани шумораи зиёди аҳолӣ, таҷовуз ба ҳаёт ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият бо мақсади суст кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат ва дигар кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок зуҳур меёбад. Дар радифи терроризм - экстремизм низ яке аз ҷиноятҳои махсусан вазнин  буда, дар содир намудани кирдорҳои бо роҳи маҷбурӣ тағйир додани асосҳои сохтори конститутсионӣ ва халалдор сохтани ягонагии давлат, зарар расонидан ба амнияти давлатӣ, ғасб ё тасарруфи салоҳияти ваколатҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкил кардани гурўҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ангезонидани муноқишаҳои нажодӣ, миллӣ, динӣ, инчунин, муноқишаҳои иҷтимоӣ, ки ба зўроварӣ ё даъват ба зўроварӣ алоқаманд аст ва дигар кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок зоҳир мегардад. Таърихи инсоният гувоҳӣ аз он медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ҳанўз аз замонҳои қадим вуҷуд доштанд ва дар шаклу усулҳои гуногун  содир мешуданд. Дар охири асри ХХ дар қатори  дигар  мушкилот,  терроризм  ва  экстремизм  ба  зуҳуроти  хатарноки  глобалӣ табдил ёфтааст. Гурўҳҳои террористиву экстремистӣ бо  мақсади  қонеъ  гардонидани  манфиатҳои  ғаразноки  худ  ба  кирдорҳои   гуногуни  даҳшатвор  ба  монанди  бо  ваҳшоният  ба  қатл  расонидани  одамони  бегуноҳ, аз  ҷумла  тифлону  кўдакон  ва  занону  пиронсолон  даст  зада,  бо  ин  кирдорҳои  ғайриинсонии  хеш  гурўҳи  зиёди  одамон  ва  умуман  ҷомеаи  ҷаҳониро  ба  нооромию  нигаронӣ  мувоҷеҳ  месозанд. 
Дар гўшаҳои гуногуни  ҷаҳон  фаъолшавии  созмонҳои  террористӣ  ва  ниҳодҳои  маблағгузории  онҳо  ба  мушоҳида  мерасад.  Солҳои охир  дар Аврупо, Амрико, кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ  ва дигар давлатҳо амалҳои даҳшатноки террористӣ  ба вуқўъ  пайвастаанд. Ҳоҷат  ба баён  нест, ки  ҷуғрофияи  амалҳои  бераҳмонаи  террористӣ  дар Балӣ, Филиппин, соҳилҳои Яман ва манотиқи  мухталифи дигар  гувоҳӣ диҳанд. Имрўз  терроризм  ва экстремизм  на танҳо  ба давлати алоҳида, балки  ба тамоми  мамлакатҳои  ҷаҳон, новобаста аз дараҷаи  тараққиёти онҳо таҳдиди бевосита мекунад. Бинобар ин, тамоми  кишварҳои  ҷаҳонро  зарур аст, ки  дар самти  мубориза  бо терроризм ва эктремизм,  ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои  инсон, сулҳу субот, ягонагӣ ва амният,  пешгирии сокинони сайёра ва безараргардонии террористону ифротгароён  чораҳои қатъӣ  андешида, қонунгузориро ҷиҳати мубориза  бо ин  зуҳуроти  даҳшатвор  такмил диҳанд. 
Боиси зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ Стратегияи миллии ҶТ оид ба  муқовимат ба экстремизм  ва терроризм  барои молҳои 2016-2020  тасдиқ карда шудааст. Стратегияи мазкур ҳамчун  санади  хусусияти  барномавидошта  мақсад, вазифа  ва самтҳои  асосии  сиёсати  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи  муқовимат  ба экстремизм  ва терроризм  муйян менамояд. Вазъи   мураккаби  бамиёномадаи муосир,  таҳдиду  хатарҳои  нави терроризм ва экстремизм моро  водор  месозанд, ки  дар пешгирӣ  ва решакан кардани ин хатари аср якҷоя ба мақомоти  ҳифзи ҳуқуқи мамлакат мубориза  барем ва ҳушёрию  зиракии  сиёсиро аз даст надиҳем. 
Меҳруллоҳ Бобоев, 
донишҷўи курси 3, 
факултети ҳуқуқшиносӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj