Муоширати аудиовидеоӣ - рушддиҳандаи ҳамкорӣ

Дар таърихи 10-уми январи соли ҷорӣ дар заминаи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи забонҳои муосири Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон дар толори Шўрои олимони донишгоҳ бори нахуст тариқи интернет муоширати аудиовидеоӣ (видеоконференсия) доир гардид. Дар суҳбат аз ҷониби ДМТ муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х., декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо Шодиев Р., декани факултети филологияи тоҷик С. Эмомалӣ ва мудирони кафедраҳои забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ, филологияи Ҳинду Покистон, таърихи забон ва типология ва забони адабии муосири тоҷикӣ ширкат варзиданд. Аз ҷониби Донишгоҳи забонҳои муосири Исломобод (ДЗМИ) муовини аввали ректори донишгоҳи мазкур, доктор Муҳаммад Иброҳим, декани факултети забонҳо, ҷаноби Муҳаммад Сафир Аван, мудири кафедраи забони англисӣ,  ҷаноби Аршад Маҳмуд, мудири кафедраи забони урду, муҳтарам Рубина Шаназ ва мудири кафедраи забони форсӣ, ҷаноби Муҳаммад Сафир иштирок карданд. 

Сараввал ҷониби ДМТ-ро мудири кафедраи филологияи Ҳинду Покистон Қурбонов Ҳ. ва ҷониби Донишгоҳи забонҳои муосири Исломободро мудири кафедраи забони форсӣ, доктор Муҳаммад Сафир муаррифӣ намуданд.

Дар суҳбати аудиовидеоӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ  Мирзамонзода Х. доир ба имкониятҳои илму таълим дар донишгоҳ, аз қабили  шўроҳои диссертатсионии донишгоҳ, маҷаллаҳои илмӣ ва мавқеи онҳо дар миқёси ҷаҳону кишварҳои собиқ шуравӣ маълумот дод. Муовини аввали ректори ДЗМИ, доктор Муҳаммад Иброҳим оид ба мавқеъ  ва фаъолияти Донишгоҳи забонҳои муосири Исломобод дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон  иттилоъ дод. 

Декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, дотсент Р.Шодиев дар мавриди таърихи факултет ва кафедраҳои он маълумот дода, баҳри ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба пешниҳодҳои муфид намуд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки яке аз кафедраҳои фаъоли факултет ин кафедраи филологияи Ҳинду Покистон буда, пайваста бо сафоратхонаи Покистон дар Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд ва ҳар сол дар пояи кафедра рўзи таваллуди алломаи Шарқ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар таърихи нуҳуми ноябр дар шакли конференсияи илмӣ ё мизи мудаввар бо шукўҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад ва дар он намояндагони сафоратхонаи Покистон ширкат меварзанд.

Декани факултети забонҳои ДЗМИ, ҷаноби Муҳаммад Сафир Аван аз таърихи факултети номбурда ёдовар шуда, зикр намуданд, ки дар факултет 30 забон тадрис мешавад. Гуфта шуд, ки дар оянда дар факултет омўзиши забони тоҷикӣ низ ба роҳ монда шуда, байни донишҷўёни шуъбаҳои урду, форсӣ ва паштуи ҳар ду донишгоҳ чунин муоширати аудиовидеоӣ (видеоконференсия) мунтазам доир карда хоҳад шуд. 

Декани факултети филологияи тоҷики ДМТ, дотсент С.  Эмомалӣ дар бораи таърихи факултет, кафедраҳо, ҳайати профессорону устодони факултет маълумот дода, ёдовар шуд, ки дар назди факултет “Маркази омўзиши забонҳо”  фаъолият мекунад, ки танҳо бо  тадриси донишҷўёни хориҷӣ машѓул мебошад. 

Дар анҷоми машварат аз ҷониби ДМТ дар самти рушд бахшидани ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ, табодули устодону донишҷўён дар риштаи забономўзӣ ва ҳимояи аспинатони покистонӣ дар шўроҳои диссертатсионии назди ДМТ пешниҳодҳои судманд шуд. Аз ҷониби ДЗМИ пешниҳод гардид, ки муоширати аудиовидеоӣ моҳе 1-2 маротиба ва дар вақти таътил аз ҳисоби ДЗМИ сайру саёҳати гурўҳи донишҷўён ва устодони Донишгоҳи миллӣ  дар шаҳрҳои Покистон ташкил карда шавад. 

Ёдовар мешавем, ки муоширати аудиовидеоӣ дар фазои дўстона  баргузор шуда, дар низоми таълиму тарбияи муассисаҳо муассир хоҳад буд.

Ҳ. Қурбонов 

    

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj