Мутафаккири барҷастаи шарқ

Ба муносибати бузургдошти 1150-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Абубакр Муҳаммад ибн Закариёи Розӣ дар чорчўбаи санаҳои таърихии ЮНЕСКО дар солҳои 2016-2017, ки бо Қарори Конференсияи 38 - уми Сессияи Генералии ЮНЕСКО аз 2 ноябри соли 2015 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №269 аз 1 июни соли 2016 «Дар бораи ҷашнгирии 1150-солагии Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ» нишасту конфронсҳо гузаронида мешавад.
Абубакр Муҳаммад ибн Закариёи Розӣ 1 – и шаъбони соли 251 ҳиҷрӣ / 28 август соли 865 – и милодӣ, дар шаҳри Рай, ба дунё омадааст ва 5 – и  шаъбони соли 313 ҳиҷрӣ / 25 октябр          соли 925 – и милодӣ, дар шаҳри Рай, наздик ба Теҳрони Эрони имрўза дар сини 60-солагӣ аз дунёи фонӣ гузаштааст. Закариёи Розӣ дар соҳаи тиб, фалсафа, химия, математика, астрономия, шеър ва дигар илмҳо асарҳои зиёд таълиф кардааст. Закариёи Розӣ ҳамчун олими энсиклопедист, табиб, дорусоз, химик, файласуф эътироф карда шудааст. Дар Аврупо Закариёи Розиро бо номи Разес  (Rhazes), Abubaterмешиносанд. Ў беш аз 200 асари илмӣ навиштааст, ки 61-тои он то имрўз маҳфуз мондааст.  
Закариёи Розӣ дар рўзгори баъд аз забткориҳои хилофати араб, дар шароити мусоиди омезиш ва синтези тамаддунҳои халқҳои тобеъ фаъолият намудааст. Барои чунин пешрафт, пеш аз ҳама, фазои ягонаи сиёсӣ, забони умумии арабӣ, фарҳанги донишпарвари ислом боис гашта буд, ки аллакай, дар асрҳои 8-9 сар карда, то асрҳои 13 қисмати бештари осори илмии халқҳои зертобеъ, ҳикмати Мисру Юнони қадим, Ҳинду Чин ба забони арабӣ гардонида шуда, аксари бештари  ин осор минбаъд аз арабӣ ба забони лотинӣ тарҷума гаштанд. Закариёи Розӣ дар як давраи эҳёи тамаддуни исломӣ фаъолият намудааст.
Яке аз қисматҳои асосии илму ҳикмати даврони Закариёи Розӣ санъати кимиёгарӣ ва ё химия ба ҳисоб мерафт, ки давоми давраҳои зиёди таърихӣ амал карда, дар ҷаҳонбинии илмии асрҳои миёна мавқеи махсус дошт. Ҳанўз аз давраҳои аввали пайдоиши хилофати араб, дар даврони хилофати хонадони уммавиҳо – аз худи шаҳзода Холид ибни Язид (660-704) сар карда, ба омўзиш ва истифодаи илми химия дастургузорӣ шуда буд. Холид ибни Язидро метавон аввалин кимиёшиноси араб номид. Бино ба қавли худи Розӣ, ки рўҳияи замонашро ифода мекард: «ман танҳо онеро аҳли ҳикмату фалсафа мешуморам, ки ба санъати химия шинос бошад» ва аксари донишманди он замон аз ин санъат огоҳ буданд.
    Чи тавре аз ин шиносоии мухтасар бармеояд, аллакай, то чоряки сеюми асри 9, то замони ҳаёт ва фаъолияти Закариёи Розӣ, илмҳои кимиё дар Шарқи миёна ба як дараҷаи муайяни инкишоф расида буд ва дар заминаи ҳамаи ин таҷрибаҳои ҷамъшуда, фаъолиятҳои истеҳсолӣ ва сарчашмаҳои хатӣ ў шахсияти илмии худро ташаккул додааст. Закариёи Розӣ аз овони ҷавонӣ ба омўхтани илму адаб, ба воситаи осори хаттӣ рағбати хосае доштааст. Ў осори аҳли фалсафаи Юнон ва химикҳои искандариягиро хуб медонист. Дар баробари ин осори муаллифони арабии асрҳои 8-9 ба монанди Ҷобири Хайён, Киндӣ, Ибни Балхӣ, Ироншаҳрӣ ва дигаронро бевосита омўхта буд.
Аввалин фаъолияти илмии худро Розӣ дар заминаи касби заргарию  кимиёгарӣ оғоз карда, дар заминаи асарҳои Ҷобир ба ҳикмати кимёгарӣ ошноии комил пайдо намудааст. Розӣ дар омўзиши илмҳои химия дар баробари уламои юнонӣ, Ҷобир ибни Хайёнро устоди худ мешуморад ва ба китоби «ар-Раҳо» - и ў китобе дар шарҳу тафсири ҷойҳои мушкили он, бо номи «Китоб ар-раҳма» навиштааст. Баъдҳо ў ба омўзиши фалсафа, математека, астрономия ва дигар илмҳои замона пардохтааст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо Розӣ танҳо баъд аз чилсолагӣ ба омўзиши илму санъати тиб машғул гаштааст. Ин масъаларо муаллифи «Татимат-ус-сивон ул-ҳикмат» чунин нақл мекунад: «Абубакр Муҳаммад Закариё аввал заргар буд, баъдан ба илми эликсир (химия) шуғл варзид. Дар натиҷаи таъсири буғу дуди моддаҳои гуногун, ҳангоми машғулиятҳои химиявӣ, чашмони ў бемор гашт ва барои табобати он табиб аз ў 500 динори тилло талаб кард. Баъд аз пардохт Розӣ гуфтааст: «Химияи асил ин будааст, на оне ки ман машғул будам». Мегўянд, баъд аз ин ў пурра ба илми тиб машғул гаштааст. Аммо ба замми ин Розӣ тамоми ҳаёт ба химия пайвастагӣ доштааст ва дар ин бора асарҳои зиёде ҳам  навиштааст. То ба имрўз танҳо чор асари химиявии Розӣ боқӣ мондааст: «Китоби асрор», «Китоби мадхали таълимӣ», «Китоб аш-шавоҳид», «Китоб сирр -ил-асрор». Дар ин миён «Китоби асрори асрор» аз тарафи як чанд дастнависҳо ва муҳаққиқони англис Русско, немис Степлтон, ўзбек Каримов У.И. (соли 1957), эронӣ Ҳасаналии Шайбонӣ таҳия ва ба забонҳои гуногун дастраси хонандагон гардонда шудааст. Дар мобайни нигоштаҳои химиявии Закариёи Розӣ аз ҳама бештар «Китоби асрор» ва «Китоби асрори асрор» муътабар мебошанд, ки дуюмӣ аҳамияти бештари назарӣ ва амалӣ дошта, метавон гуфт, ки давом ва ба шарҳу тафсири китоби аввалӣ бахшида шудааст. Тамоми таҷрибаҳо ва назарияҳои китоби аввалиро такрор накарда, Розӣ дар иншои ин қисмат, ки ба охирҳои ҳаёташ рост  меояд ва асари охирини химиявии ў ба ҳисоб меравад, маҷмуи таҷрибаву хулосаҳои такомулёфтаи худ ва асосҳои назариявии химияро дарҷ намудааст.
Яке аз махсусиятҳои хосаи «Китоби асрори асрор» дар он аст, ки дар ин китоб муаллиф нуқтаи назари барои ҷаҳонбинии онрўзаи химиявӣ мухолиф баён менамояд(масалан, нуқтаи назари ў дар бораи нисбӣ будани устувории таомулҳои химиявӣ ва баргардонидани моддаҳои ба таомул дохил шаванда ба ҳолати аввала). Аз рўйи моҳият ин китоб ба китоби аввалӣ, бо диди наву равшан алоқамандӣ мекунад. Чунин назария барои химияи он замон тамоман наву мухолиф ба ҳисоб мерафт ва Розӣ онро бо чандин таҷрибаҳо собит намуда, ба яке аз қисматҳои муҳимми химия - реаксияҳои баргарданда асоси илмӣ  гузоштааст.  Ё ин ки дар бораи амалиёти химиявии коркарду гудозиши металлҳо дар курра, ки дар шароити дигар дар давоми даҳ рўз ба даст оварда мешуд, бо истифода аз ин китоб дар муддати ду соат ба даст оварда шавад.
Дониши моддаҳо, таҷҳизот ва равандҳои санъати амалии химия дар матни ин китоб аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Дар ин масъала Розӣ мегўяд: «Бидон, ки барои ҳар санъате муҷаҳҳазоте ва ҳар якеро номе ҳаст, ки аз рўйи номаш шинохта мешавад. Барои санъати химия маводу таҷҳизоте маснуъ аст, ки танҳо барои мукосибини ин санъат маълум аст ва на ба дигар касе. Ман дар боби ин ҳама чунин маълум кардаам, ки ҳар як омўзанда метавонад донандаи  ин санъат гардад».
Чунин намунаҳо дар китоб хеле зиёд вомехўранд ва ҳамаи ин дар инкишофи илмҳои химиявии минбаъда заминаи мусоиде гаштаанд. Бартарият ва арзишмандии ин китоб низ маҳз дар ҳамин аст, ки чунин ақидаҳои назариявӣ ва хулосаҳои амалии ратсионалии Розӣ дар ягон асари дигари ў дарҷ наёфтааст.
Дар маҷмўъ аз муҳтавои китоб бармеояд, ки Розӣ ҳангоми иншои китоб бо гироиши хоса санъати химияро чунин таснифи усулӣ намудааст: Ў аввалан дар бораи моддаҳо маълумот дода, баъдан дар бораи таҷҳизот ва дар қисмати саввум дар бораи равандҳои гуногуни химиявӣ маълумот медиҳад. Хеле ҷолиб аст, ки чунин таснифоти Розӣ дар соҳаи илми химияи минбаъда, дар Аврупои асрҳои 18 истифода шудааст ва ҳатто то ҳол аҳамияти худро гум накардааст.
 Ба ақидаи  Розӣ, ҳадаф аз химия – ин бо ёрии  «иксир» - и махсус табдилдиҳии (трансмутация)  металлҳо, то ба даст овардани металлҳои асил, ба монанди тилло, нуқра, мис ва ғ. ба шумор меравад.  Ғайр аз ин, химия бояд аз сангҳои «муқаррарӣ»-и квартсу шиша  сангҳои қиматбаҳо  ба даст орад.  Дар пайравӣ бо Ҷобир, Розӣ низ симоб ва сулфурро асоси мабдаи бадастории  металлҳо дониста, инчунин, ба он «намак»-ҳоро низ илова намудааст. Ин назарияи Розӣ оид ба таркиби металлҳо дар илми химияи асрҳои минбаъда таъсири худро расонидааст. Дар асарҳои химиявии худ Закариёи Розӣ  дар бораи олоту дастгоҳҳои гуногуни химиявӣ, амалу таомулҳои химиявӣ маълумоти гуногун дода, тамоми паҳлулҳои ин соҳаро ба се  қисмати асосӣ ҷудо намудааст:
    - дониши моддаҳо;
    - дониши олоту таҷҳизот;
    - дониши раванду таомулот.
Закариёи Розӣ  аввалин шахсиятҳоест, ки дар илми химия ба таснифи моддаҳои то он вақт маълум кўшиш намудааст. Ў тамоми моддаҳоро ба се синфи калон ҷудо намудааст:
- маводи  маъданӣ,
- маводи наботӣ,
- маводи ҳайвонӣ
Аз мобайни олоту дастгоҳе, ки дар «Китоби асрори асрор» бештар намоён аст, аз ҷумла кубча (зарфи мудавар), колбаҳо, тавораҳо, табақу табақчаҳо барои карахшакунонӣ, кузаву дулчаҳо, дегу дегчаҳо, сархона (горелка) лампаҳои нафтӣ, манқалҳо ва печҳо (атанор), печҳои гудозиш, суҳон, дастаки андоба, дулҳои рехтагарӣ, болғаю кубакҳо, дандонахорҳо, ҳамомаки обию қумӣ, полоишгарҳои матогӣ ва абрешимӣ, алембикҳо (кубҳои тақдирсозӣ), қифҳо, ҳовану дастакҳо, уйғурҳо, элакҳои металлӣ, олоту васоит аз мўй ва абрешим ва дигар лавозимот дар химияи замони ў таҷҳизоти асосӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Закариёи Розӣ ҳангоми амалиётҳои химиявӣ усулҳои гуногун: аз ҷумла таҷзия ва гудозиш ҷисмҳо, деконтатсия, полоиш, дисперсикунонӣ, дигерикунонӣ (дар ҳарорати баланд хобонидан), тақтир, сублиматсия, ҳалкунонӣ, коагулятсия, ғафскунонӣ ва дигар равандҳои физикӣ-химиявӣ  истифода мебурдааст.
Ҳамчунин, Закариёи Розӣ тариқаҳои тоза кардан, софкунии моеь, сурохкунӣ, ҳал кардани металлҳо дар симоб (ба даст овардани амалгама, сири оина, омехтаи ягон филизот дар симоб), инчунин, ҳангоми гарм кардан, аз ҳолати сахт якбора ба газ табдил ёфтани модда тасғияро (сублиматсия) низ васеъ ба кор бурдааст.
Ў аввалин бор тамоми равандҳоро ба тариқи возеҳу равшан ба ду гурўҳ: баргарданда ва барнагарданда (устувор ва ноустувор) гурўҳбандӣ намудааст. Масалан, рангинсозии нуқра то ба тиллогунагӣ (тиллогардонӣ) ва баргардонидан то ба ҳоли аввала раванди баргарданда буда, дар бораи иҷрои он хеле возеҳ маълумот медиҳад. Ва баръакс, ҳосил намудани шиша аз регу ишқор, ҳеҷ гоҳ боз ба регу ишқор баргардонида намешавад, айни чунин раванд барои чиннӣ (фаянс) низ воқеъ мегардад, ки бозгашта ба гил ва об таҷзия кардани он ғайриимкон аст ва б.и.м.
    Чунин муносибати Розӣ гувоҳӣ медиҳад, ки ў ба ҳақиқати воқеии равандҳо ва масъалаи асосии химия: гардонидани металлҳои ғайриасил то ба асил муносибати ратсионалӣ доштааст. Ў ҳеҷ гоҳ бо баёни беасос намегўяд, ки  ў аз металлҳои оддӣ тиллои холис гирифта бошад. Баръакс, масалан, дар бораи ба даст овардани нуқраи сунъӣ аз мис, илова кардани нуқраи холисро тавсия медиҳад ва шарҳ медиҳад, ки нуқраи холис ба монанди хамирмояе, ки тамоми хамирро турш менамояд, ҳамаи мисро ба нуқра мубаддал мегардонад.
 Розӣ ба назарияи тарзи истеҳсоли сунъии тилло ва нуқра эътиқоди комил надошт, ки он дар ҳар ду асари ў: «Китоби асрор» ва «Китоби асрори асрор» дарёфт мегардад. Ў муътақид буд, ки «чи гунае ки говро буз кардан ғайриимкон аст, табдили металлҳо низ ба якдигар номумкин аст ва барои ин таҳаввули ҳазорсолаҳои табиат лозим аст», аз ин рў, ба тағйири металлҳо на ҳамчун муъҷиза, балки ҳамчун як қонунияти раванди эволютсионӣ назар дошт. Чунин муносибат ба инкишофи минбаъдаи илми химияи Шарқу Ғарб таъсири бузург расонидааст.
Ҳамин тавр, осори Закариёи Розӣ, ки яке аз саҳифаҳои бойтарини таърихи химияи асрҳои 9-10 - ро ташкил медиҳад, дар инкишофи илмҳои кимиё, тиб ва дорусозӣ саҳми босазое гузоштааст. Розӣ аз зумраи аввалин олимонест, ки асосҳои назариро дар амалия татбиқ намуда, асарҳои уламои тиб ва гузаштагонашро мукаммал омўхта, ғояҳои беҳтарини онҳоро истифода намуда, ба саҳву хатоҳои онҳо нуктаи назар намуда, ба онҳо ташреҳу тафсир навишта, илмҳои замонашро бо кашфу тадқиқи мўшикофонаи худ васеъ гардондааст. Мероси фаровони илмии Закариёи Розӣ заминае гардиданд, ки дар он нобиғаҳое беҳамтое, ба монанди Ҳаким Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ  дар арсаи вуҷуд  оламафрўзӣ намоянд.
С. Салимов,
устоди ДМТ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj