Муҳаббат ба Ватан

          Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,
          Ватан ҳарчӣ гўяд, адо мекунем.
Ватан-зодгоҳ ҷойи хуҷастаест, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар мерасад. Бузургону мутаффакирони ниёгони мо мафҳуми Ватанро ба мафҳуми Модар алоқаманд мекунанд. Бале, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон ва модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, модари рамзӣ –Ватан дасти навозишкорона ба сари мо ниҳода, барои идома додани ҳаёти рангин домани пур аз меҳру навозиш кушодааст.
Халқи тоҷик аз зумраи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле зиёд дўст дошта, барои обод гардонидани Ватани азизи хеш ҷонисориҳо намудааст. Каҳрамонии Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ далели гуфтаҳои болост. Ба қавли Лоиқ :
                 Ватан сар мешавад, аз гаҳвора,
                 Зи шири поку аз пистони модар.
                 Ватан сар мешавад, аз он тавора,
                 Ки онро сохта дастони модар.
Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашавандае мавҷуд аст, ки Модару Ватан ҳам ба он шомил мегарданд. Меҳру муҳаббат ба Ватан асосан дар давраи кўдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Ободию шукуҳу шаҳомати Ватан ба ҳар як сокини он вобаста аст. Ватан ифтихор, шаъну шараф ва неъмати бебаҳоест, ки онро ба ҳеҷ ганҷе наметавон иваз намуд.
 Саидшоҳи Сафархон

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj