Муҳаққиқи соҳибназари истилоҳот ва забони илм

(Андешаҳо дар бораи китобҳои тазанашри доктори илми филология Мирзо Ҳасани Султон «Мушкилоти забони илм ва истилоҳот». - Душанбе: Дониш, 2015. - 324 саҳ.; «Ташаккул ва такомули истилоҳоти илмии форсӣ-тоҷикӣ» (Становление и развитие персидско-таджикской научной терминологии). - Саарбрюккен: Academic Publishing (Олмон), 2015- 452 саҳ.)

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (5 октябри соли 2009) дар таҳрири нав ва таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қабули қарорҳои гуногуни марбут ба рушди забони давлатӣ ва як қатор фаъолиятҳои судманди дигар, ки бо ташаббусу дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, дар рушду нумўи забони модарии мо таъсиру нуфузи пурарзиш ва самараи  қобили ситоиш бар ҷой гузошт. 

Яке аз дастовардҳои бузург дар ин ҷода таълифи китобу рисолаҳои пурарзиши илмӣ дар мавзўи забон, махсусан дар бахши вожашиносӣ ва истилоҳсозӣ аз тарафи устодони донишманди соҳа Додихудо Саймиддинов, Сайфиддин Назарзода, Мирзо Ҳасани Султон ва дигарон маҳсуб мешавад.

Маҷмўаи мақолаҳои доктори илми филология Мирзо Ҳасани Султон бо номи «Мушкилоти забони илм ва истилоҳот» (Душанбе, 2015), ки дар дохили кишвар ва рисолаи илмии ў «Ташаккул ва такомули истилоҳоти илмии форсӣ-тоҷикӣ» (Становление и развитие персидско-таджикской научной терминологии) (Саарбрюккен, 2015), ки дар Олмон ба нашр расид, аз қабили ҳамин китобҳои арзишманди дар боло номбурда мебошанд. Ин китобҳо, бешак, дар илми забоншиносии тоҷик дар баробари рисолаҳои пурарзиши устод Д. Саймиддинов «Вожаномаи феълҳои паҳлавӣ» (Душанбе, 1992), «Фарҳангномаи форсии миёна» (Душанбе, 1994), «Истилоҳоти идории замони Сосониён» (Душанбе, 1995), «Вожашиносии забони форсии миёна» (Душанбе, 2001) ва ѓ. ҷойи намоёнро ишѓол мекунанд. 

Китоби «Мушкилоти забони илм ва истилоҳот» маҷмўаи мақолаҳои муаллиф буда, аз бисту шаш мақола иборат мебошад, ки ду мақолаи охири он ба забони русист. Муаллиф дар мақолоти маҷмўа дар хусуси вижагиҳои вожасозиву вожагузинӣ, таърихи ташаккулу таҳаввули вожагону истилоҳот, дарку фаҳми дақиқи илмӣ ва тарзи дурусти истифодаи онҳо бо истинод аз китобҳои илмиву адабӣ ва забоншиносиву таърихӣ изҳори назар кардааст. Дар мақолаи аввал (Истиқлол ва мушкилоти забони илм) муҳаққиқи нуктасанҷ ѓановати осори илмии боқимондаи забони форсӣ-тоҷикиро ёдовар шуда, сабабҳои рушду такомул ва дастоварду комёбиҳои назарраси забонро дар он айём ба «тафаккури илмии миллии мардум, сиёсати камназири давлатдорӣ ва ифтихори баланди миллии амирони сомонӣ, ки ҳокимони хонадонҳои эрониасли дигарро ба бузургдошти забону фарҳанги миллӣ водор намуд», марбут медонад (с.4). Беҳтарин сарчашмаҳои адабиву фарҳангии ба забони форсӣ- тоҷикӣ таълифшударо бо муаллифон ва сабабҳои таснифи ин осор зикр намуда, толибу дўстдори фарҳангу забони форсӣ-тоҷикиро ба дастрас ва мутолиаи он осори пурарзишу гаронбаҳо завқманд мегардонад (с.4-9), ки далели дорои тафаккури олӣ, завқи салим ва сабки нигориши зебову забони шево будани муаллифи мақола аст. Инчунин, дар ин мақола, муҳаққиқ баъзе иллатҳои минбаъд вусъат наёфтани забони илмии форсӣ-тоҷикиро ёдовар шуда, роҳҳои расидан ба забони илм, ҳаллу бартараф намудани ин мушкилотро дар ин роҳ бо андешидани тадобире бошумор мураттаб баён мекунад (с. 9-11). 

Албатта, ибрози масъала аз тарафи устоди пажўҳишгар, сипас нишон додани тадбиру роҳи ҳалли он равиши донишмандонаест, ки арзиши назариву амалии ин мақола ва мақолоти дигари маҷмўаро бозгў менамояд.

Мақолаи дувум, ки «Ташаккули забони адабӣ ва забони илми форсӣ-тоҷикӣ» ном дорад, марҳалаҳои таърихии ташаккули забони адабӣ (забони форсии дарӣ) ва давраҳои онро дар алоқа бо забону лаҳҷаҳои дигари гурўҳи забонҳои эронӣ мавриди пажўҳиш қарор медиҳад. Мавзўи асосии мақола собит сохтани асолат ва мустақилияти забони форсии дарӣ аст. Дар ин майдон пажўҳишгар кўшидааст, зиёда аз ҳафтод масдару сарчашмаҳои илмӣ-таърихиро, ки ҳар як дар боби худ арзиши волои илмӣ доранд, бо ибрози орои муаллифони онҳо барои таъйиди фикраш ёдовар шавад. 

Муҳаққиқ дар ин мақола афкори шарқшиносони ѓарбиву шарқиро мавриди омўзиш қарор дода, назари мақбултарро оид ба гўяндагони забони дарӣ (мардуми форсигў) ва манотиқи гўиши ин забон қабул ва онро бо далоили илмии қавӣ тарҷеҳ дода, чунин натиҷагирӣ менамояд: «-фасоҳату балоѓати забони қадимтарин осори боқимондаи  илмиву адабии форсии дарӣ бозгўи ин ҳақиқат аст, ки ин забон идомаи забони форсии миёна ё шакли таҳаввулёфтаи вай нест, балки то густариши ислом ба сифати забони мустақил дар баробари забони форсии миёнаи сосонӣ вуҷуд дошт».

Мақолаи севуми маҷмўа «Муҳити забонӣ ва ёдгориҳои аҳди сосонӣ» масоили хутуту забонҳои эрониаслро (хусусан портиро), ки забони форсии дарӣ аз он сарчашма мегирад,  бо ишора ба баъзе рўйдодҳои таърихии муассир ба масоили забонҳои мазбур таҳлил намуда, бо дарназардошти манобеи бадастомада перомуни таснифоту таълифоти мероси мухталифи он замон осори боқимондаи забони портиро вобаста ба алифбои китобати онҳо (портӣ, паҳлавии китобӣ ва алифбои монавӣ) ба се дастаи асосӣ гурўҳбандӣ менамояд. Дар навбати худ ҳар як дастаро ба қисмҳои гунонун тақсим ва роҷеъ ба ҳар як қисм мулоҳиза меронад. Ин амалро роҷеъ ба забонҳои форсии миёна, суѓдӣ, хоразмӣ, тахорӣ (бохтарӣ), хутанӣ (хутанӣ-сакоӣ) бо такя ба манобеи муътамади илмӣ- таърихӣ анҷом дода, ба чунин натиҷа мерасад, ки дар охири аҳди сосонӣ забони форсии дарӣ ҳадди ақал дар шимолу шарқи Эрон (Хуросону Мовароуннаҳр) мавҷуд будааст(с.52) ва ҳампайвандии забонҳои портӣ ва форсии дариро бо муқоисаи услубии сурудаҳои хусравонии Борбади Марвазӣ ва чанд порча аз суруди «Дарахти Ассурик» исбот месозад.

Муаллиф дар мақолаи дигар бо мақсади дарёфти «вожаҳои зарин ва симину зумурадин» назаре ба вожаҳои «Таърихи Бухоро» андохта, зарвожаву симвожаҳои ширину зебоеро, чун «бозаргон», «девон», «кишоварз», «козургарӣ», «одина», «сур» ва ѓайра, ки аз истеъмоли мардум дар ҳоли дур шудан ҳастанд, мавриди таваҷҷуҳ қарор додааст ва чунин вожагони мафҳум ва зарбулмасалу таъбирҳои фаровони бостониро аз матнҳои ин китоби гаронбаҳои таърихиву ганҷинаи фарҳангӣ зикр мекунад, то бо истифодаи онҳо забони адабӣ шевотару гуворотар гардад… 

Мусаллам аст, ки ташхиси вожагону истилоҳот дар ин мақолоти пурарзиш бо тавзеҳи шакли бунёдии онҳо ба масобаи хуне пурҳаракат дар рагҳои ҷони забони форсӣ-тоҷикӣ аст. Бояд эътироф кард, ки ҳар як мақолаи устод Мирзо Ҳасани Султон дар китоби мазкур сазовори ситоишу баррасии вижа мебошад, аммо суханҳои гуфтанӣ зиёд асту доираи мақола танг.

Маҷмўа чандин вижагиҳои ба худ хосеро дорост, аз ҷумла:

1. Муҳаққиқи соҳибназар ҳар масъалаву мушкилоти забониро, ки матраҳ месозад, роҳҳои ҳаллу тадбирҳои расидан ба кушоиши онро муназзам, саҳлу осон, ба зеҳни хонанда возеҳу рўшан, бо далелҳои ақливу мантиқӣ ва бо забони фасеҳу балеѓ ва шевову гуворо баён мекунад;

2. Андешарониҳои илмии муҳаққиқ зимни таъйину ташхиси роҳҳову тадбирҳо дар мавриди сохтани вожа, калима ва ё истилоҳ аз сарчашмаи ноби устодони бузурги сухан (чӣ гузашта ва чӣ ҳозира) об мехўрад, ки қобили эътимод ва шоистаи дастгириянд;

3. Устоди донишманд танҳо ба истинод ба муҳаққиқони дигар иктифо накарда, худ ба сарчашмаҳои аслӣ муроҷаат менамояд. Ин амал ба ў имкон медиҳад, ки дар баъзе масоил ҳатто назари бузургонеро чун арабшиноси машҳур – академик И.Ю. Крачковский (с.117), профессор С.П. Толстов (с.116)… зери шубҳа қарор дода, бо далелҳои қотеи илмӣ ва ақлию мантиқӣ рад намояд. Чунин равиши илмӣ ҷуръату ҷасорат металабад ва кори муҳаққиқони варзида аст, на таҳқиқгарони туфайлию бозорӣ.

Рисолаи «Ташаккул ва такомули истилоҳоти илмии форсӣ-тоҷикӣ» (Становление и развитие персидско-таджикской научной терминологии). - Саарбрюккен: Academic Publishing, 2015- 452 саҳ.) дар Олмон бо забони русӣ ба нашр расида, аз муқаддима, се боби ба ҳам алоқаманд, хулоса ва китобнома иборат аст.

Боби аввали рисола - «Омилҳо ва заминаҳои ташаккули истилоҳоти илмии форсӣ-тоҷикӣ» (с.13-126) ном дошта, аз чор фасл иборат аст. Фасли нахусти ин боб ба мавзўи мафҳуми забони илм ва таҳқиқи масоили назарии истилоҳу истилоҳшиносӣ бахшида шудааст. Дар ин фасл фишурдаи назарияҳои дар бобати истилоҳ баённамудаи муҳаққиқон Гринаф, Киттриҷ, Э. Жилбер, Т. Сейвори, Л. Олшки, О. Есперсен, Ф. Бруно, Ж. Вандриес, Л. Смит, А. Ширмер, Ҳ. Эггербехт, Л. Гурмунд, О. Найбеккен, В.В. Виноградов, Д.С. Лотте, Н.П. Кузкин, В.М. Лейчик, А.А. Реформатский, А.В. Суперанская, В.П. Даниленко, А.Д. Хаютин, Г.О. Винокур ва диг. оварда шуда, дар ҳамин замина таърифи мафҳуми истилоҳ дода шудааст.

Бо таваҷҷуҳ ба он, ки номвожа (номенклатура) аз истилоҳ тавофути ҷиддӣ надорад ва дар марҳилаи аввали ташаккули забон бегумон ҳар номвожа ба мафҳуме алоқаманд буд ва мафҳуми мушаххасеро ифода мекард дар ин фасли рисола дар бобати чун ҷузъи таркибии истилоҳот баррасӣ намудани номвожагон аз тарафи соҳиби рисола масъала ба миён гузошта шудааст. 

Боби дувуми рисола - «Таҳқиқи истилоҳоти илмии форсӣ-тоҷикӣ аз нигоҳи маъно ва сохтор» (с.127-287) унвон дорад ва аз шаш фасл таркиб ёфтааст.

Масъалаи баҳси фасли аввали боби мазкур усулҳои асосии истилоҳсозиву истилоҳгузинӣ дар осори қадимтарини илмии форсии дарӣ аст. Дар ин фасл усулҳои асосии истилоҳсозиву истилоҳгузинӣ дар забони форсӣ-тоҷикӣ бо мисолҳои мушаххас аз ин осор таъкид шудааст.

Фасли дувуми ҳамин боб истилоҳоти илми нуҷум ва аҳкоми нуҷум, фасли севум истилоҳоти риёзиёт ва шохаҳои он: шумору ҳандаса ва ҷабрро дар бар мегирад. Фасли чорум истилоҳоти ҷуѓрофия, фасли панҷум истилоҳоти фалсафа ва фасли шашум ба баррасии истилоҳоти илми тибб ва заминаҳои гуногуни он (колбудшиносӣ, беморишиносӣ, дорушиносӣ ва ѓ.) бахшида шудааст.

Боби севум «Нақши истилоҳоти иқтибосӣ ва тарҷумаи қарзии истилоҳот (калка) дар рушду такомули истилоҳоти илмии форсӣ-тоҷикӣ» (289-400) ном дошта, аз ҳашт фасл иборат аст.

Дар фасли аввал яке аз рукнҳои муҳимтарини назарияи иқтибос (қарзгирӣ) -- тарҷумаи қарзии истилоҳот мавриди баҳс қарор гирифтааст.

Мавзўи баҳси фаслҳои боқимондаи ин боб истилоҳоти арабӣ, юнонӣ, ҳиндӣ (санскрит), суѓдиву хоразмӣ ва бухориву тахорӣ, ибрӣ, суриёнӣ ва қибтӣ мебошад, ки дар осори қадимтарини илмии форсии дарӣ фароҳам омадаанд.

Аҳамияти чопи ин рисола, пеш аз ҳама, ба хонандаи русизабони Аврупо муаррифӣ намудани дастовардҳои истилоҳшиносии тоҷик дар рўзгори истиқлолият ва бунёди давлатдории миллист. 

Ин нукта ҳам шоистаи таъкид аст, ки бо медали тиллои ба номи В.И. Вернадский ва ордени илмии байналмилалии LABORE ET SCIENTIA (заҳмату дониш) сарфароз гардидани Мирзо Ҳасани Султон эътирофи асарҳои илмияш дар ҷомеаи илмии Русия ва Аврупост. Аз ин ҷост, ки корномаи илмию эҷодияш дар донишномаи «Учёные России» (Ҷ.8. - М.:2012. - С.542-543. Ҷ.9. - М.:2013. – С.525.) дарҷ гардида, дар шабакаи Интернет бо нишонии http://www.famous-scientists.ru/11094/ мавҷуд аст.

Хулоса, метавон гуфт, ки ин ду асари илмии дар боло зикршудаи устод Мирзо Ҳасани Султон чун ганҷи бебаҳо дар хазинаи забоншиносии тоҷик (хусусан вожасозӣ ва истилоҳнигорӣ) то дергоҳ боқӣ хоҳад монд.

Р. Шодиев

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj