Наврӯз - ойини зиндагисоз

Ҳар чор фасли сол – баҳору тобистон ва тирамоҳу зимистон ҳусниёти ба худ хосе доранд ва шукӯҳу шаҳомати табиат, рангомезиҳои ҳайратовари онро гуна-гуна ба назари инсонҳо намоён мекунанд. Рӯзҳои тӯлонӣ ва офтоби тамузи тобистон, хазонрези тирамоҳ, сармову барфрезиҳои зимистон… Ҳеҷ яки инҳо чун баҳори нозанинпайкар шефтагиҳои ошиқона ва зебоиҳои ҷовидона надорад: ҷилваҳои фораму рӯҳнавозу насими субҳгоҳӣ, шӯълапошиҳои нарми хуршеди тобон, сабзаҳои махмалини дашту доман ва талу теппаҳо, шукуфтани гулу ѓунчабандии дарахтон, шилдирроси дилписанди ҷоришавии оби наҳру дарёҳо… Ҳазорсолаҳо боз ин гуна табаддулоти табиат инсонҳоро ба ваҷд овардааст ва ин таъсири нек ҳамасола идома меёбад. Аммо баҳори нозанин як сеҳри аҷибе дорад, ки дигар фаслҳо надоранд: дар ибтидои баҳор шабу рӯз яксон шуда, ба ҳам баробар мешаванд. Ин баробарӣ зиндагии ҷадидеро дар табиат оѓоз мекунад, гӯйё ҳаёт аз нав офарида мешавад, ҳам барои муҳит ва ҳам барои инсонҳо… 

Таърихи рушди башар гувоҳ аст, ки аксарияти ҷашну идҳо ва маросимҳои мардумони олам маҳз дар ибтидои ҳамин фасли зебо, яъне баҳори сабзу хуррам баргузор мегарданд. Ҳикматаш ҳамин аст, ки инсон дар ягон марҳилаи таърих худро аз табиат ҷудо накардааст, ӯ худро ҷузъи табиат ва табиатро асоси ҳастӣ мешумурд. Яке аз ҷашнвораҳои бунёдии банни башар, ки аз баробарии шабу рӯзи оѓози баҳор ибтидо гирифта, пайванди ногусастании инсону табиатро таҷассум намудааст, Наврӯз аст. Ҳамон Наврӯзе, ки зоишгоҳаш Ориёи бостон ва қалби он Хуросони қадим ва гаҳвораи ӯ – сарзаминест, ки ҳоло дар харитаи олам Тоҷикистон номгузорӣ шудааст. Дар олам дигар ягон ид ва ё маросиме  ба монанди Наврӯз нест, ки ба чунин поя ва миқдор ҳикмату фалсафаи башардӯстонаву табиатпарварона дошта бошад. Наврӯз – оѓози ҳаёти нав, оѓозгоҳи меҳру муҳаббат ба пайвандону атрофиён, назари нек ба оянда, рафъи ҳама қудурратҳо, бунёди сулҳу рафоҳият, осоишу кушоиш… 

Рамзҳои Наврӯз – покии зоҳиру ботин, сурату сирати инсон, покизагии манзилу таъмири вайронаҳо, озодагӣ, иродат, ободӣ, парастиши хуршед ҳамчун манбаи нуру сафо, парвариши гандум ва нахустин маҳсули он – суманак – рамзи сериву пурӣ ва нишоти зиндагии модӣ, Наврӯз – рамзи созандагиҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёт, офарандагиҳо ва таҳрики ақлҳо, кӯшиши расидан ба қуллаи камолоти маънавӣ… Наврӯз рамзи эҳтиром гузоштан ба ҳама муқаддасоти ҳаёт ва пос доштани ойини ниёгон ва накӯтарин рукни он – дӯст доштани ватан ва обу хоки он… 

Ягон анъанаи наврӯзӣ аз ибтидои пайдоиш то кунун арзиши ахлоқӣ, фалсафӣ ва башардӯстиашро гум накардааст, баръакс бо мурури замон ин арзишҳо бо назардошти воқеияти пуртазоди зиндагии мардумон ва кишварҳои мухталифи дунё, мухолифатҳову муноқишаҳо, ҳикмати муҳими гиромӣ доштани ҳаётро дар сайёраи Замин таҷассум мекунанд. 

Истилоҳи Наврӯз аз нигоҳи забон низ ифодагари ҳикмати офариниш аст, аз ду вожаи сирф тоҷикиву порсии «нав» ва «рӯз» таркиб ёфтааст, яъне рӯзи нав, ба тариқи рамз – ибтидои ҳаёти нав, оѓози марҳилаи нав… Онро дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, ки пайванде ба Наврӯз доранд, ҳамон гуна талаффуз мекунанд, ки тоҷикону порсиён талаффуз мекунанд – Наврӯз, албатта бо каме таѓйири ҳуруф ва тафовути ночизе дар гӯйиш…

Имрӯз, дар асри 21, баъди сипарӣ шудани беш аз 6000 сол аз пайдоиши Наврӯз ин ҷашни зоҳиран милливу ботинан байналмилалӣ ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил дода шуд. 

Нахустин иқдом барои ҷаҳонӣ шудани ҷашни бошукӯҳи Наврӯз дар Конфронси байналмилалии Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии СММ, ки дар шаҳри Абу Дабӣ аз 28-уми сентябр то 2-юми октябри соли 2009 баргузор гардид, гузошта шуд. Дар ин нишаст Наврӯз расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Ниҳоят, Ассамблеяи Генералии СММ соли 2010 онро ба ҳайси Рӯзи умумиҷаҳонии Наврӯз эътироф намуд. Алҳол ин идро мардумони Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ, Шимолу Ѓарби Чин, Кавказ, Қрим ва баъзе ақаллиятҳои этникии Албания, Босния, Сербия ва Македония, Ироқ ва Туркия, тоҷикону форсҳои муқими нимҷазираи Ҳиндустон, инчунин тавассути эрониён ва тоҷикони бурунмарзӣ дар шаҳрҳои Лос-Анҷелес, Торонто, Кологна, ҳамчунин дар Британияи Кабир, асосан, дар Лондон ҷашн мегиранд. Ҳоло тибқи иттилои расмӣ, Наврӯз дар 11 кишвари ҷаҳон ҳамчун ҷашни расмии миллӣ бо рӯзи истироҳат ба шумор меравад. 

Дар ҷаҳонӣ шудани Наврӯз саҳми Тоҷикистон ҳамчун кишвари аз ҳама қадимтарин ва бештар посдори ин суннати миллӣ ва ба тариқи рамзӣ агар ифода кунем, гаҳвораи Наврӯз бисёр муҳиму арзанда ва шоиста аст. Тоҷикистон, бешак, ҳамчун қалби ҳамон сарзамини бостонии Ориё – империяи Ҳахоманишиёну баъдан Сосониёну Сомониён ва Хуросони бузург дар ҷаҳонӣ шудани Наврӯз, ки метавонад халқҳову миллатҳои мухталиферо дар рӯҳияи созгорӣ ва сулҳу сафо ба ҳам орад, нақши калидӣ дорад.  

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз он ки Наврӯз ба таври расмӣ аз ҷониби ЮНЕСКО ҷаҳонӣ шуд, ба таърихи беш аз шаш ҳазор сол доштани Наврӯз ишорат намуда гуфтанд: «Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, ки гувоҳи аз ҷониби мардумони мо бо камоли эҳтирому эҳтиёт то замони мо расонидани ин ҷашни зебои ниёгон аст».

Оид ба таърихи беш аз шашҳазорсолаи Наврӯз бозмондаҳои осори бостонӣ, гуфторҳо ва навишторҳои асотирӣ, сангнавиштаҳо аз китобҳои муаррихони юнонӣ ва хориҷӣ, осори паҳлавии ба арабӣ тарҷумашуда ва ѓайра ишораҳо зиёданд. Дар осори Табарӣ, Абӯрайҳон Берунӣ, Саолабӣ, Ибн-ал-Балхӣ, Фирдавсӣ, Умари Хайём ва дигарон низ ба ҷашни ниҳоят қадима будани Наврӯз таваҷҷуҳ карда мешавад. Хеле аз муҳаққиқон ибтидои Наврӯзро ба шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд.  Роҷеъ ба ин шоҳ ҳанӯз дар яштҳои «Авесто» ишора меравад. Дар “Авесто” даврони Ҷамшед ҳамчун рӯзгори тиллоӣ мадҳу ситоиш шудааст: «Ба шаҳриёрии Ҷами (Ҷамшеди) далер на сармо буд на гармо, на пирӣ буд, на марг ва на рашки девофарида. Падару писар ҳар як понздаҳсола менамуд». Гурӯҳи дигари муҳаққиқон ба ин назаранд, ки Наврӯз садсолаҳо пеш аз ойини Зардуштӣ низ вуҷуд дошт. Бино ба шаҳодати  Умари Хайём, Наврӯзи расмӣ аз замони нахустин подшоҳи Пешдодиён – Каюмарс маълум буд. 

 «Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад: яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чи ҳар сол аз муддат кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯз аввали мулуки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми сол ва моҳро ном ниҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд».

Аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ маълум аст, ки замони Пешдодиён аз Каюмарс то Таҳмосб даврони шоҳони асотирӣ аст. Агар оѓози шоҳони Ориёӣ аз Каюмарс шурӯъ шуда бошад, пас ба қавли Фирдавсӣ Наврӯз ҳам «чун омад ба бурҷи ҳамал офтоб» фаро мерасад. 

Ҳамин тавр, Каюмарс тахминан шаш ҳазор сол пеш, аввалин касе буд, ки дар замони ӯ ҷашн гирифтани Наврӯз ба таври расмӣ шурӯъ шуд, ки ин маъниро шоир ва мутафаккири бузурги тоҷику форс Умари Хайём дақиқан таъкид намудааст: «Ва чунин гӯянд, ки Каюмарс ин рӯзҳо оѓози таърих кард, ҳар соли Офтобро ва чун як давраи Офтоб бигашт, дар муддати сесаду шасту панҷ рӯз ба дувоздаҳ қисмат кард, ҳар бахше сӣ рӯз ва ҳар якеро аз он номе ниҳод ва ба фариштае бозбаст аз он дувоздаҳ фаришта, ки Эзид таборак ва таоло эшонро бар олам гумоштааст. Пас он гоҳ даври бузургро ба сесаду шасту панҷ рӯзу рубъ аз шабонарӯзист, соли бузург ном кард ва ба чаҳор қисм ном кард. Чун чаҳор қисм аз ин соли бузург бигзарад Наврӯзи бузург ва нав гаштани аҳволи олам бошад. Ва бар подшоҳон воҷиб аст ойини русуми мулук ба ҷой оваранд аз баҳри муборакӣ ва аз баҳри таърихро ва хуррамӣ кардан ба аввали сол, ки ҳар рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодиву хуррамӣ гузорад ва ин таҷрубат ҳукамо аз барои подшоҳон кардаанд». 

Мутафаккири дигари тоҷику форс – Абӯрайҳони Берунӣ дар мавриди Нарӯз чунин маълумот додааст: «Ва боз ид будани Наврӯзро чунин гуфтаанд, ки чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад. Ва мардум барои ин амр шигифт (ҳайрон) шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд». 

Дар замони Сомониён Наврӯзро ба таври умум ҷашн мегирифтанд ва дар ин хусус Абубакр Муҳаммад Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» ба таври зерин ёдоварӣ кардааст: «…чун бозори охирини сол бошад, бист рӯз бозор кунанд ва бисту якум рӯз Наврӯз кунанд ва онро Наврӯзи кишоварзон гӯянд. Ва Наврӯзи муѓон баъд аз он ба панҷ рӯз бошад». Дар ҳамин китоб бар он низ ишора мешавад, ки дар Бухоро пеш аз баромадани офтоби наврӯзӣ бар ёди Сиёвуш хурӯсе мекуштанд: «Ва муѓони Бухоро бад-ин сабаб он ҷойро азиз доранд ва ҳар соле ҳар марде он ҷо як хурӯс бад-ӯ бикушанд пеш аз баромадани офтоби рӯзи Наврӯз». Устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо»-яшон аз Наврӯз чунин ёд кардаанд: «Иди Наврӯз, ки сари соли шамсӣ дар аввали ҳамал сар мешуд, яке аз идҳои пеш аз исломият аст. Бинобар ин халқи тоҷик, дар ҳолате ки иди Рамазон ва иди Қурбон барин идҳои диниро як рӯз барпо медошт, иди Наврӯзро ҳафтаҳо давом медод». 

Оинҳо ва расму русуми наврӯзӣ ҳар яке ифодагари ин ё он рӯҳия ва ҳадафҳои инсонист. Масалан, ҳоло дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон қабл аз шурӯи Наврӯз маросими хонатаконӣ ё поккории манзилро анҷом медиҳанд, ки маънои бо ҷиҳози тоза ва либоси тоза ва рамзӣ ботини пок истиқбол гирифтани Наврӯз аст. Дигар оини наврӯзӣ  пухтани суманак аст. Ин таомро аз шираи гандум омода менамоянд. Ҳам дар гузашта ва ҳам имрӯзҳо Наврӯзро хурду калон бо либоси идона, бо садои най ва карнаю сурнай, наѓора, рақсу бозӣ пешвоз мегиранд. Дар айёми Наврӯз хурду калон ҳама хурсандӣ мекунанд. Аз замонҳои қадим хурду бузург ду-се маҳалла якҷо шуда, ба сайргоҳи наврӯзӣ мерафтанд. Имрӯзҳо, хушбахтона, дар тамоми Тоҷикистон чунин сайргоҳҳо мавҷуданд. Дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе барои баргузории ин ҷашни бостонӣ тибқи расми ниёгон Наврӯзгоҳ  сохта шудааст, ки дар рӯзҳои ҷашн ҳама пиру бурно ба он ҷо рафта, хушнудиву комронӣ мекунанд. 

Дар рӯзҳои Наврӯз ҳунари аспдавонӣ, чавгонбозӣ, доиразанӣ, кабкҷанг, бедонабозӣ, гӯштингирӣ, хурӯсҷанг, сагҷанг, тухмбозӣ ва амсоли ин дида мешавад, ки мардум аз тамошои он лаззат мебаранд. Дастархони наврӯзии тоҷикон дар ҳар минтақа хеле зебо ва рангоранг оро дода мешавад. Дар баъзе ҷойҳо ҳафт мева, тухми мурѓи рангшуда, суманак ва тибқи суннати ниёгон ҳафт «шин» ва ҳафт «син» зебу зиннати дастархон аст. Ҳафт «шин», яъне шамъ, шир, шакар, шароб, шарбат, шамшод, шаҳд. Ҳафт «син» аз инҳо иборат аст: сабза, себ, санҷид, суманак, сирко, сумоқ, сир. Миёни тоҷикони Хуросони Эрон ҳафт «мим» - мева, мурѓ, моҳӣ, майгу, мост, май, мавиз низ маъмул мебошад. Наврӯз дар Тоҷикистон баъди истиқлол бо тамоми рангорангиҳояш эҳё гардида, ҳамчун ҷашни бедории табиат, ҷашни суруру нишоти баҳорӣ ва аз ҳама муҳим чун ҷашни худшиносии миллӣ вориди зиндагии мо гардидааст. 

 

Ҳафиз Раҳмон, 

устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj