Назму тартиб ҳар куҷоест устувор…

Кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геология мисли дигар кафедраҳои Донишгоҳи миллӣ дар тарбия кардани мутахассисони варзидаи соҳа нақши муҳим дорад. Дар ин кафедар соли 2011 муаллими калон Ғайратов Маликдод Топалангович ба ҳайси мудири кафедра таъйин шуд. Дар он сол кафедра аз ҳисоби кадрҳо ва устодони унвондор танқисӣ мекашид. Бо пешниҳоди мудири кафедра профессор Тоҷибеков М. аз дигар кафедра ба ҳайси профессор фаъолиятро дар кафедраи мазкур оғоз кард. Ба ин тартиб Ғайратов М.Т. устодони унвондорро аз корхонаҳои истеҳсолӣ ба кафедра ҷалб карда, ба онҳо ассистентони кафедраро барои иҷрои додани корҳои илмӣ вобаста намуд. 

Ҷалби устодони кордидаву донишманди солиёни зиёд дар истеҳсолот кору таҷрибагирифта имкон дод, ки кафедра сол ба сол нуфузаш баланд равад. Оҳиста-оҳиста докторони илм ба кафедра ҷалб карда шуданд. 

Дар шароити муосири тезутунд шудани тағирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо бо пешниҳоди кафедра ва дастгирии раёсати донишгоҳ ихтисоси  гидрология ва пиряхшиносӣ кушода шуда, имсол аввалин донишҷўён ба ин ихтисос қабул карда шуданд. 

Бо ифтихор метавон гуфт, ки ҳоло дар кафедра 3 доктори илм, 4 дотсент, 2 муаллими калон (як нафараш ҳимоя кард), 4 ассистент (ду нафарашон химоя карданд), 9 аспирант, 2 лабарант фаъолият доранд. 

Ф.С. ДАВЛАТОВ, 

Д.Э.НАЗИРОВА, устодони кафедра

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj