Нахустин паштушиноси тоҷик

Дар ин мақола қарор аст, нигоҳе кўтоҳ ба масири зиндагии яке аз устодони номдори кафедраи филологияи Эрон, дўстдори сарсупурдаи фарҳангу адаби мардуми Шарқ, равоншод Савлатшо Мерганов афканда шавад. Аслан кам иттифоқ меафтад, ки нафаре тамоми умри худро ба омўзиш ва таҳқиқи ягон соҳаи илм сарф карда бошад. Дар пайроҳаи пурпечутоби илм ва тарбия пайдо намудани мақом ва манзалати хосса ва миёни мардум эътироф шудан бисёр мушкил аст. Яке аз шахсоне, ки тамоми умри гаронбаҳои  хешро ба омўзишу таҳқиқи масоили забон ва адабиёти пашту ва таблиғу тарвиҷи фарҳанги пешиниён бахшидааст, устод Савлатшо Мерганов мебошад.

Дар паҳнои собиқ Шўравӣ гурўҳи маҳдуде аз пажўҳандагон ба тадқиқу баррасии масоили мухталифи забон ва адабиёти пашту машғул буданд, вале ба гумони ғолиб ҳеҷ яке  дар тасаллуту шинохти комил ба пояи устод нарасидааст.

Ин фозилмард дар саросари манотиқи Афғонистон чеҳраи ошно буд. Ва мо борҳо аз забони худи афғонҳо шунидаем, ки тасаллути ў бар забони пашту болотар аз соҳибони забон аст. Барои тасдиқи фикр метавон мисолеро зикр намуд: Соли 2006 бо як идда донишмандони тоҷик дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар конференсияи байналмилалӣ ба муносибати Ҳамоиши бузургдошти Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ширкат доштем. Дар кори ҳамоиши мазкур донишмандони кишварҳои хориҷӣ низ иштирок доштанд. Таърихшиноси рус Коргун вақте фаҳмид, ки мо аз Ҷумҳурии Тоҷикистонем аз устод Савлатшо Мерганов ҳолу аҳвол пурсид. Ва зимнан изҳор дошт, ки донишу фазли забондонии ў болотар аз ҳомилони забони пашту аст.

Ҳанўз аз айёми хурдсолӣ меҳру муҳаббати зиёд нисбат ба Афғонистон ва фарҳангу тамаддуни он устодро водор намуд, ки дар ин самт муваффақ гардад. Ў ёдовар мешавад, ки замони дар интернати ноҳияи Ғарм дар синфи даҳум таҳсил карданаш, як комиссияи бонуфузе ба мактаб омада, аз хонандагон дар оянда кадом касб интихоб карданашонро савол карданд. Устод  Савлатшоҳ дар ҳамон ҷо посух дода буд, ки мехоҳад афғоншинос шавад. 

Устод Савлатшоҳ Мерганов 13-уми сентябри соли 1937 дар деҳаи хушманзараи Ҷорфи ноҳияи Дарвоз дар хонаводаи марди фозилу донишманд Мерган (аслан номаш Мулломир буд, вале вобаста ба замон ва талаботи ҳамон давра ба Мерган иваз карда шуд) чашм ба ҷаҳон кушодааст.

Номбурда соли 1955 пас аз хатми мактаб-интернати Навободи ноҳияи Ғарм ба факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин шомил мегардад. Пас аз як сол дар зиндагии Савлатшоҳи ҷавон як гардиши сарнавиштсоз рух медиҳад. Зимни интихоби донишҷў барои таҳсил дар Донишгоҳи шарқшиносии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) хуршеди бахт бар рўи ў метобад ва аз ҳамон айём сарнавишти эшон ба забону адаби пашту гиреҳ мехўрад. 

Ў, ки орзуи афғоншинос шуданро дар сар мепарварид, барои таҳаққуқи хостаи дилаш ба қадимтарин шаҳри Русия, ки маркази омўзиши улуми шарқшиносӣ ҳам маҳсуб мешуд, эъзом мегардад. Тўли даврони донишҷўӣ мекўшад аз замону аз ҳузури асотиди бузургвори донишгоҳ баҳравар гардад. Мавсуф соли 1961 пас аз поёни таҳсили донишгоҳ дар Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба кору фаъолият оғоз менамояд ва пас аз чанд муддате ба Институти шарқшиносии АИ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шўрави Сотсиалистӣ ба шаҳри Москва равона шуда, вориди аспирантура мегардад.

Дар ин миён соли 1967 ба Афғонистон  ба мусофирати хидматӣ меравад ва то охири соли 1972 дар Вазорати плони Афғонистон, ки дар он замон 5 нафар мутахассисони Шўравӣ плонҳои панҷсолаи Афғонистонро тартиб ва таҳия менамуданд, ҳамчун сартарҷумони он гурўҳ кору фаъолият менамояд. Зимни ошноӣ ва шинохти шигифтиҳои забони пашту масъалае, ки беш аз ҳар риштаи дигар зеҳну ҳуши муҳаққиқи ҷавонро ба худ ҷалб месозад, олами рангини зарбулмасалу мақолҳои пашту буд. Устод ҳамеша таъкид менамуд, ки агар  кас бихоҳад ба ҳувияти як миллат, ба ҷаҳони маънавӣ ва ботини он ошно шавад, бояд дар олами зарбулмасалу амсоли он пажўҳишу таҳқиқ кунад. Дар батни мақолу зарбулмасал, ибороти рехтаи забон аст, ки мо ба зеҳнияту фарҳангу таъриху тамаддуни як  қавм ошно мегардем. Ин буд, ки ў баъд аз бозгашт ба Москва дар соли 1973 рисолаи номзадии худро дар мавзўи «Баррасии зарбулмасалҳои пашту»  дар Институти шарқшиносии АИ ИҶШС дифоъ намуд.

То соли 1974 корманди Институти шарқшиносии АИ ҶТ буд. Аз соли 1974, то поёни соли 1979 корманди шуъбаи иқтисодии мусташорияти иқтисодии сафорати Шўравӣ дар Афғонистон буд ва ҳамзамон вазифаи сартарҷумони ҳамин мусташориятро ба дўш дошт.

Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки  Савлатшоҳ Мерганов зимни фаъолиятҳои идорӣ дар Афғонистон ҳаргиз аз таҳқиқу пажўҳиш дар канор набуд, балки мудовим саргарми мутолиаву ҷустор буд ва натоиҷи илмии хешро дар мақолаву гузоришҳо, суханрониҳо дар ҳамоишҳои муътабари илмӣ пешниҳод медошт. Аз ҷумла, соли 1978 дар конференсияи байналмилалии шарқшиносӣ дар шаҳри Гамбурги Олмон иштирок намуда, дар мавзўи «Ландейҳои пашту» суханронӣ менамояд. Ин суханронӣ мавриди истиқболи гарми ширкаткунандагон дар ҳамоиш қарор мегирад.

Нимаи  аввали солҳои ҳаштодуми қарни бистум, тавре маълум аст, барои мардуми Афғонистон сангинтарин даврони таърих буд. Дар саросари кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Вуруди неруҳои Шўравӣ ба хоки Афғонистон, эъзоми мушовирони низомӣ ва мулкӣ худ як мушкили бузурге барои кишвар эҷод менамуд. Дар чунин вазъе буд, ки вобаста ба ниёзмандиҳои рўз дар ҷанби кафедраи филологияи Эрони факултети шарқшиносӣ шуъбаи пашту боз гардид. Устод Савлатшоҳ Мерганов яке аз нахустин муаллимоне буд, ки ба тадриси забони пашту оғоз намуд ва дар роҳандозӣ ва истеҳкоми шуъбаи тозатаъсис саъйи фаровон ба харҷ дод.  Маҳз бо ибтикору талошҳои ў зарфиятҳои илмӣ, донандагони хуби забону адабиёти пашту мисли Шпак, Орипов Ш. дар кафедра гирди ҳам омаданд, то ин ки шуъба по гирифт ва хеле зуд шуҳрат пайдо кард.  

Устод аз соли 1980 то соли 1988 ҳам корманди Институти шарқшиносии Тоҷикистон ва ҳам устоди забону адабиёти паштуи факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буданд.

Аз огози соли 1988 то поёни соли 1994 мушовири Садри Аъзами Афғонистон ва ҳам мушовири раиси Академияи Афғонистон дар соҳаи ҳамкориҳои мустақим байни Ҷумҳуриҳои Шўравӣ ва Афғонистон кору фаъолият намудааст.  Бояд изҳор дошт, ки нақши устод Савлатшоҳ Мерганов дар ҳаллу фасли бисёре аз масоили калидии сиёсати вақти Афғонистон корсоз буд. Мушовирини баландпояи Шўравӣ, сиёсатмадорони вақти Афғонистон зимни тасмимгирӣ бар донишу фазли устод такявар буданд. 

Аз соли 1995 то поёни соли 2004 дар Кумитаи радио ва телевизиони Русия ҳам наттоқ ва ҳам таҳиякунандаи барномаҳои адабӣ ба забонҳои пашту ва дарӣ кору фаъолият намудааст.

Устод Савлатшо Мерганов 20 соли ҳаёти худро дар кишвари Афғонистон гузаронида, илова бар он то моҳи сентябри соли 2011 32 маротиба ба Афғонистон сафар ва дар конфронсу семинарҳои илмӣ ширкат намудааст. Ў дар замони кору фаъолияташ дар Афғонистон ба тамоми минтақаҳо ва вилоятҳои Афғонистон сафарҳои расмӣ намудааст. Зиндаёд аз соли 2005 то поёни умр дар кафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо ба ҳайси устод фаъолият доштанд.

Бояд гуфт, ки нақши устод дар таблиғу тарвиҷи фарҳангу адаби мардуми Афғонистон ниҳоят чашмрас аст. Ў дар нашрияҳои Афғонистон, Русия ва Тоҷикистон мақолаҳои зиёде ба нашр расонидааст. Аз ҷумла, 5 китоб ва дар ҳудуди 120 мақола ва ёддошт дар мавзўоти гуногуни марбут ба Афғонистон ба қалами ў тааллуқ дорад. 

Ҳамчунин, китобҳои таҳқиқотӣ дар бораи забони дарӣ,  «Қабули калимаҳо ва истилоҳоти навин дар забони пашту», ёддоштҳои амир Олимхонро бо номи «Таърихи ҳузн-ул-милали Бухоро», «Маҷмўаи адабиёти Дарвоз»-и Ғуломмуҳаммад Ҳиҷрати Дарвозӣ ва «Ояндаи ҷаҳонем» - маҷмўаи шеърҳои шоир ва сиёсатмадори Афғонистон Дастгири Панҷшериро ба чоп расонидааст.

Тавассути эшон намунаи ашъори шоирону  нависандагони муосири Афғонистон: М. И. Халил, Д. Панҷшерӣ, С. Лоиқ, А. Бенаво тарҷума, таҳия ва мунташир гаштаанд. Қобили зикр аст, ки саҳми эшон дар тарҷумаи адабиёти пашту ва дарӣ ба забони русӣ ниҳоят бузург аст. Бисёре аз тарҷумаҳои ў дар маҷаллаҳои муътабари Русия ба чоп расидаанд. Бархе аз маҷмўаҳо бо ҳамкории мутахассисони номдори собиқ Шўравӣ, мисли В. Н. Дворянков, А. Герасимова ва Л. Ятсевич сурат гирифтаанд.

Гузашта аз ин, китобҳои зиёде, ки ҷанбаи сиёсӣ доранд, тавассути устод Мерганов  ба забони тоҷикӣ тарҷумаву нашр гардидаанд.

 Имрўзҳо, ки устод ба санаи мубораки 80-солагӣ мерасанд, дареғ аст, ки миёни мо ҳузури ҷисмонӣ надоранд, вале аз ҷониби дигар осори боқимонда аз донишу фазли ўст, ки моро ба ҷовидонагии некномиву накукорӣ умедвор месозад. Рўҳаш шод бод!

У. Сафаров, 

профессор

Р. Шодиев, 

дотсент

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj