НАҚШИ КАЛИДИИ ИЛМ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

Олимонро зарур аст, ки ба рушди минбаъдаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносиву техникӣ ва ба талаботи ҷомеа равона сохтани нерўи илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, фаъолияти худро дар самти ихтироъкориву навоварӣ, ҳамчунин, ҷалби ҷавонони болаёқат ба корҳои илмӣ ва ихтироъкорӣ боз ҳам ҷоннок намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Бо мақсади воридшавии муассисаҳои таҳсилоти олии (МТО) ҶТ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ва ҷорӣ намудани технологияи кредитӣ дар назди МТО вазифаи тайёр намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир меистанд. Дар замони муосир ҳарчи бештар ҷаҳонишавии таҳсилот ба назар мерасад. Таваҷҷуҳи зиёд ба таҳсилоти олӣ ва муосиркунонии он дар ҷаҳон, аз ҷумла дар кишвари мо ва саҳми он ба рушди иқтисодиёт тақозои замон аст. Иштироки ҷумҳурии мо дар ин раванд хеле зарур аст, чунки аз ҷиҳати стратегӣ ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Ҷараёни Болония имкониятҳои навро барои мутахассисону донишҷўён, устодону муҳаққиқон, магистрантону докторантон ба миён меоварад.  

       Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолиятноки ҷомеа арзёбӣ мегардад. Ин андеша мо – омўзгорони макотиби олиро водор месозад, ки боз ҳам ба масъалаи таълиму тарбияи насли ҷавон дар МТО кишвар диққати бештар зоҳир намуда, ҷавононро дар рўҳияи ватандўстиву меҳнатдўстӣ тарбия намоем. Боиси хурсандист, ки дар тўли 26 соли Истиқлолияти давлатии ҶТ теъдоди МТО афзуда, шумораи донишҷўён низ зиёд гардидааст. Инчунин, дар айни замон ҷавонони мо метавонанд дар бисёр донишгоҳҳои бонуфузи мамолики хориҷӣ таҳсил намоянд ва дар оянда мутахассисони варзида шуда, барои рушду тараққиёти кишвар саҳми худро гузоранд.                                                                                                    Дар раванди ҷаҳонишавии таҳсилоти олӣ сифати таълим хеле зарур аст. Дар назди МТО вазифаи тайёр намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазири ихтироъкору навовар меистанд. Аз ин лиҳоз, дар Паёми Пешвои миллат дарҷ гардид, ки “Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанўз қонеъкунанда нестанд”. Ҳамчунин, дар Паём таъкид карда шуд, ки “барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгўи талаботи замони муосирро тарбия намоем”.     

Ҷиҳати мусоидат ба татбики принсипҳои Ҷараёни Болония, мусоидат ба рафти ислоҳоти таҳсилоти олӣ (ТО) дар мамолики Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва мамолики шарик бо ташаббуси барномаи ИА – Эразмус+ моҳи майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи Милани Италия семинари омўзишӣ доир ба мавзўи “Тадрис дар заминаи таҳқиқот: донишгоҳҳо, соҳибкорӣ ва секунҷаи дониш” баргузор гардид.

Дар кори семинари мазкур намояндагони Вазоратҳои маориф, омўзгорони МТО аз кишварҳои ИА ва мамолики шарик, намояндагони ширкатҳо, соҳибкорон, коршиносони ислоҳоти таҳсилоти олӣ (КИТО), инчунин, намояндагони Комиссияи Аврупо, Агентии иҷроия оид ба маориф, воситаҳои аудиовизуалӣ ва фарҳанг ширкат варзиданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 нафар коршиносони ислоҳоти таҳсилоти олӣ дар кори он ширкат намуданд.                                                                            Мақсади семинари таълимӣ шиносоӣ ва омўзиши таҷрибаҳои хуби МТО ИА, аз ҷумла Донишгоҳи Милан (ДМ) роҷеъ ба чи тавр таҳқиқот метавонад тадрис ва омўзишро фаро гирад, инчунин, ҷалб намудани корхонаву  ширкатҳо барои таҳқиқотҳои илмӣ ва ҳамкориҳои онҳо бо донишгоҳҳо ва навовариҳо дар илму тадрис дар ҷараёни таълим буд.                                                                                                        Дар ин семинари байналмилалӣ иштирокчиён имкон доштанд, ки бо таҷрибаҳои хуби МТО Аврупо ва мамолики шарик шиносоӣ пайдо кунанд ва роҷеъ ба масоилу мушкилоти ТО дар давраи ислоҳот, татбиқи принсипҳои ҶБ дар онҳо, навигариҳои барномаи Эразмус+ огоҳӣ пайдо намоянд. Доир ба ҳар як мавзўи баррасишуда баҳсу мунозираҳо, мубодилаи афкор баргузор гардиданд. Махсусан, таҷрибаи Донишгоҳи Милан барои иштирокчиён хеле ҷолиби диққат буд.

Яке аз таҷрибаҳои хубе, ки дар ин донишгоҳ мушохида кардан мумкин аст, ин тадрис дар заминаи таҳқиқот мебошад. Яъне,  дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бакалавриат, магистратура ва докторантура ба корҳои таҳқиқотӣ диққати ҷиддӣ дода мешаванд. Барои зинаи Ph.D бошад, барномаҳҳои зиёде қисман ё пурра ба забони англисӣ мебошанд ва аксарияти докторантон рисолаҳои худро ба забони англисӣ омода ва ҳимоя менамоянд. Мақсади барномаҳои докторӣ дар он аст, ки барои донишҷўёни дигар мамолики Аврупо ва шарик имконияти дар ин донишгоҳ таҳсил карданро фароҳам оваранд.                                  Таҷрибаи хуби дигаре, ки барои  аксарияти иштирокчиён мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ин нақши дугонаи профессорон ба ҳайси таҳқиқотчиён ва омўзгорон мебошад. Яъне, профессорон ҳам ба тадрис ва ҳам ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мешаванд. Онҳо ба корҳои илмии донишҷўён дар ҳамаи зинаҳо роҳнамоӣ карда, имкон доранд, ки натиҷаҳои корҳои таҳқиқотии худро дар аудитория ба донишҷўён расонанд. Донишҷўён бошанд, аз натиҷахои корҳои илмии устодон бохабар шаванд ва аз корҳои таҳкиқотии худашон хулосаҳо бароранд. Ин барои ҳавасманд кардани донишҷўён ба корҳои илмӣ аз зинаҳои аввал шароити хубе фароҳам меоварад. Инчунин, дар ДМ докторантон имкон доранд, ки ҳам дарс омўзанд, корҳои таҳқиқотӣ баранд ва ба донишҷўён тадрис кунанд. Онҳо дар давраи корҳои таҳқиқотии худ метавонанд барои тадрис таҷриба ҳосил кунанд ва аз натиҷаҳои корҳои илмии худ ба донишҷўён маълумот диҳанд, ки дар оянда барои ба корҳои илмӣ ҷалб намудани шогирдон аҳамияти калон дорад. Инчунин, докторантон барои дар оянда дар ҷойҳои гуногун дар назди иштирокчиён бо муаррифиҳо баромад кардан таҷрибаи хубе ҳосил мекунанд.

Дар ҳақиқат таҷрибаи байналмилалӣ ва шароити кунунии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва инкишофи босуръати муносибатҳои иҷтимоию  иқтисодӣ танҳо бо дониш мусаллаҳ будан кифоя набуда, инчунин, дар амал истифода бурдани донишу малакаҳо муҳимтарин роҳи иҷтимоишавии ҷавонон ва дастёбӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ маҳсуб меёбад. Чунончи дар робита ба ин масъала дар Паёми Пешвои миллат омадааст: “Агар мо хоҳем, ки ватанамон обод, давлатамон устувору қавӣ ва сифату сатҳи зиндагонии мардумамон пешрафта бошад, тамоми имконияту захира ва саъю кўшишамонро бояд ба тарбияи насли наврас, таъмини ҷавонон ва рушди маориф, тайёр кардани кадрҳои миллӣ ва мутахассисони ба шароити иқтисодиёти бозорӣ ҷавобгў равона кунем”.     

Мавзўи дигаре, ки дар конференсия баррасӣ гардид, ин навоварӣ (инноватсия) дар илму таълим ва истеҳсолот буд. Дар конференсия аз таҷрибаҳои гуногуни МТО Аврупо маърўзаҳо пешниҳод шуданд, ки онҳо қобили омўзиш ва истифодабарӣ мебошанд.

  Воқеан, навоварӣ дар илму таҳқиқот, тадрис ва истеҳсолот тақозои замон аст. Дар ин раванд нақши омўзгорон хеле муҳим мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар раванди ислоҳоти ТО омўзиш ва истифодаи таҷрибаҳои МТО мамолики Аврупо ва шарик манфиатбахш аст. Ба КИТО зарур аст, ки он иттилооте, ки аз ҷараёни конфронсҳою семинарҳои байналмилалӣ пайдо мекунанд, онро омўхта, маводи онро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, ҳангоми гузаронидани семинарҳои иттилоотӣ дар дигар МТО, хусусан дар донишгоҳҳои минтақавӣ тавассути муаррифиҳо ва мақолаҳо паҳн намоянд. Воқеан, иттилоот доир ба дигар донишгоҳҳои дунё хеле зарур аст, он метавонад ба рафти ислоҳоти таҳсилоти олӣ дар кишвар мусоидат намояд ва барои наздик шудан ба мақсади стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ мусоидат намояд.  Бе шак, дар ин раванд нақши омўзгорону донишҷўён, муҳаққиқону унвонҷўён хеле калон аст. 

Барот Гадоев, 

устоди ДМТ   

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj