Нақши оила дар тарбияи фарзанд

Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест,

Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест.

Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард,

Зинда аз фарзанд гардад номи мард.

Воқеан, фарзандон хурсандии инсон дар ин зиндагиянд, онҳо ҳаётро гуворо месозанд ва бо шарофати онҳо нуру баракат насиби ҳар як хона мешавад. Ибтидои ҳаёти фарзанд ва оѓози олами тарбия ва таълими ў аз мактабе ибтидо мегирад, ки онро хонавода меноманд, зеро чун фарзанд чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, худро дар оѓўши модар ва муҳити оилаи худ мебинад. Оила оинаи фарзанд аст. Ў дар ин оина ояндаи худро мебинад. Барои муносибат дар оянда нақшае месозад. Дар ин нақшаи фарзанд тамоми хислатҳо, гуфтору рафтори мусбии волидайн инъикоси худро меёбад. Зеро фарзанд дунёро бо чашму дили онҳо мебинаду мешиносад ва муносибати худро ба олами атроф, қабл аз ҳама, аз дидгоҳи волидайн муайян мекунанд. Барои ҳамин тарбияи фарзанд масъулияти сангину аввалиндараҷаи волидайн мебошад. 

Чи тавре маълум аст, инкишофи ахлоқии фарзанд, пеш аз ҳама, ба нақши модар вобастагии зиёд дорад. Модар ҳисси меҳрубонӣ, ҳамдардӣ ҳамдилӣ, ѓамхорӣ, муҳаббат, таҳаммулпазирӣ, низому интизомро фароҳам меоварад. Эҳтиёҷи ҳаррўзаи фарзандро қаноатманд месозад.

Кўдак ҳар он чи дорад аз оѓўшӣ модар аст, 

Гар зишт бошаду гар некахтар аст.

Хўе, ки аз накуст касеро ба сар нишаст,

Ўро ҳамеша то ба дами марг бар сар аст.

Дар дафтари мураббиву омўзгор нест,

Он тарбият, ки зодаи домони модар аст.

Рафтори модар аз паи сармашқи кўдакон, 

Беҳтар зи китобу зи ҳар гуна дафтар аст.

Ба ин тартиб, волидайн пояи ахлоқии кўдакро бунёдгузорӣ мекунанд ва ҳар амали номуносиби волидайн метавонад боиси халалёбии тарбияи фарзанд гардад. Дар хонаводае, ки муносибати волидон мусолиҳатомез ва бо таҳаммул аст, фарзандон тарбияи хуб мегиранд. Зеро фарзанд чун замин пок ва ҳар тухме, ки дар вай корӣ, ҳамон мерўяд. Агар тухми хайру некӣ аст, волидон савоб мегиранд, вале агар тухми бад бошад, роҳи дурустро тай намекунад ва гуноҳи ин кор бар дўши волидайн мебошад. Аз ин рў, волидайнро зарур аст, ки дар тарбияи ҳамаҷонибаи фарзанд бо эҳтиёт бошанд. Чун волидайн нисбат ба тарбияи фарзанд ва ҳаёти минбаъдаи ў бепарвоӣ зоҳир кунад, пас, подоши онро дар муносибати фарзанд нисбат ба хеш мебинанд. 

Мевае ширинтар аз фарзанд набвад дар ҷаҳон,

То тавонӣ ин самар бо рангу бўйи хуш расон.

Ранги хуш, рўи хуш асту бўйи гул ақли расост,

Ин ду хислат гар набошад, зиндагӣ моро хатост.

Оиша Қурбоншоева, 

донишҷўйи курси 3, 

ихтисоси корманди адабӣ 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj