Нақши Осорхонаи миллӣ дар тарбияи ҷавонон

Осорхона оинаест, ки барои ҳар як фард имконияти ба гузаштаи дури таърих назар кардан, дарки ояндаи дурахшонро доштан ва сохтани онро медиҳад. 

Ифтитоҳи Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи рӯйдодҳои таърихӣ ва дастовардҳои муҳимми фарҳангии даврони Истиқлолияти Тоҷикистон мебошад. Ҳанўз 20-уми марти соли 2013 дар маркази пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе бинои нави осорхона бо унвони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дари худро ба рўйи мардум боз намуд, ки дар маросими ифтитоҳи он Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли зиёи мамлакат ширкат намуданд. Он рўз дар ҳаёти халқи тоҷик яке аз рўзҳои таърихӣ ва фаромўшнашаванда ба шумор меравад.

Бояд зикр намуд, ки барои огоҳии ҷавонон аз  таърихи пурѓановати хеш нақши Осорхонаи миллии Тоҷикистон беназир аст, зеро маҳз тавассути  ин макони илмию маърифатӣ бинанда оид ба таърих, фарҳанг, маданият ва табиати бою нотакрори кишвари азизамон огаҳӣ пайдо менамояд. 

Тамошои экспозитсияи толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷиҳати таъмин намудани таҷрибаи интерактивии наврасону ҷавонон назаррас мебошад, чунки агар дар бораи ёдгориҳои нодири таърихӣ танҳо тавассути адабиёт, матбуоти даврӣ ва ё оинаи нилгун маълумот пайдо намоем, дар осорхона онҳоро  аз наздик мебинем. Ин аст, ки барои гирифтани маълумоти муфассал ва донишҳои назарявиро ба амалӣ табдил намудан осорхонаҳо нақши муҳим доранд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла намоишгоҳҳои мухталиф, конференсияҳои байналмилалӣ, илмӣ-амалӣ саҳми назаррас дорад ва бардошт аз ин чорабиниҳо ҳисси худогоҳию хештаншиносӣ, ватан дўстӣ ва таҳаммулпазирии наврасону ҷавононро бедор менамояд.

Шаҳноза Насимова

 

 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj