Нақши Пешвои миллат дар рушди забони миллӣ

Забони миллӣ оинаи тамомнамои сатҳи тафаккури миллат, ҷаҳонбинӣ ва унсури меҳварии бозгўи ҳувияти соҳибзабонон маҳсуб мешавад. Арзишҳои миллӣ ғановати маънавиест, ки пойдорию бақои миллатро таъмин намуда, маҳз тавассути забон ҳифз карда мешаванд. Муҳимтар аз ҳама, яке аз аркони муқаддасу меҳварии бақои давлати миллӣ забони миллӣ аст, ки барои мо, тоҷикону тоҷикзабонон, пас аз ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ рушди пурвусъату серпаҳнои он муяссар гардидааст. Зеро истиқлолияти сиёсӣ фишорҳои мафкуравии ғайримиллиро пазиро набуда, ин зуҳуроти таърихӣ ниёзи бештар ба ғояи миллӣ дорад. Дар ҳамаи давру замон соҳибони забон барои покизагии он  талош варзидаанд. Ин беҳуда нест, зеро ҳастиву бақои ҳар як халқу миллат аз ҳастии забони модарӣ сарчашма мегирад.  Сарнавишти забони куҳантаърихи мо аз корнамоиву ҷонфидоиҳои ин мардуми шарифу наҷиб дар тўли таърихи чандҳазорсола далолат медиҳад: маҳз ин забон дар ҳудуди доманфарохе ба сифати забони расмиву коргузорӣ  садсолаҳо амал кардааст.

Воқеан, дар тўли таърих баҳри пойдории забон пешвоёну шахсиятҳои таърихӣ нақши муассир гузоштаанд. Барои мисол, дар рушду нумуи забони фаронсавӣ иқдоми президенти собиқи Франсия –  Шарл де Голл, ки ҳанўз соли 1966 бо ибтикори ў Кумитаи олии ҳимоят ва густариши забони фаронсавӣ таъсис дода шудаву то имрўз фаъолият менамояд, таърихӣ ба шумор меравад. Ба бахту иқболи мардуми тоҷик Худованд Пешвои хирадмандеро барояшон ато фармуда, ки ҳамеша пуштибонӣ аз таъриху фарҳанг ва забони миллат мекунад. Маҳз сиёсати оқилонаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони қудратмандии забони тоҷикиро баъд аз ҳазор соли нерумандӣ бори дигар ва ба сурати ҷадид фароҳам овард.

Дар масири таърих душманону бадхоҳон барои аз байн бурдани ин забон толошҳои зиёд кардаанд. Пўшида нест, ки баъди истилои арабҳо доираҳои фарҳангии ин забон танг гардида, шахсиятҳои маъруфу донишманди он ба қатл маҳкум мешуданд. Дар он даврон хатари аз байн рафтани ин забон амали воқеӣ ба шумор мерафт. Ин нуктаро сарвари давлат хуб арзёбӣ намудаанд: «Дар замони истилои араб тозиён басо кўшиданд, ки забони дариро аз байн бубаранд… Онҳо хона ба хона, деҳа ба деҳа, шаҳр ба шаҳр гашта тоҷикони бомаърифатро сар буриданд ва бо зарби шамшер кеши моро саркўб карда, оини худро ҷорӣ намуданд. Осори хаттии сосонӣ, бохтарӣ, хоразмӣ, дарӣ ва суғдиро оташ зада, хирадмандони тоҷикро қатли ом ва овораву саргардони мулкҳои бегона карданд. Умуман, аз беху бун нест кардани фарҳанги як миллат, бахусус забони вай, хоси ҷаҳолати истилогарон аст» .

Забони тоҷикӣ дар даврони салтанати сулолаи Сомониён ба таври назаррас рушду нуму кардааст. Маҳз дар ҳамин доираҳои бузурги илмиву фарҳангӣ арзи ҳастӣ намуда, коргузорӣ ва забони илму адаб бо тоҷикӣ сурат мегирифт. Осори гаронбаҳои ин давра ҳазорсолаҳо арзишманд боқӣ хоҳад монд. Президенти кишвар таъриху забони миллати хешро нуктасанҷона ба ҳамагон баён намудаанд. Дар вохўрӣ бо ҷавонон сабаби аз байн нарафтани забони тоҷикиро ҳангоми истилои араб чунин арзёбӣ намудаанд: «Тоҷикон мусулмон шуданд, вале баръакси бисёр халқияту миллатҳо забони арабиро чун забони миллӣ қабул накарданд».

Баъди барҳам хўрдани давлати абарқудрати тоҷикон – сулолаи Оли Сомон забони тоҷикӣ садсолаҳои дигар барои аҷнабиён ба сифати забони коргузорӣ хидамат намуда, қудрату неруи он, сарфи назар аз ворид шудани баъзе аз луғоти бегона афзун ба назар мерасад. Беҳуда нест, ки яке аз сабабҳои асосии пойдории халқи тоҷик дар дарозои таърихие, ки бар сари қудрат бегонагон буданд, забони ноби тоҷикӣ ва доираи васеи истифодаи он ба ҳисоб меравад. 

Мутаассифона, ин вазъ дар ибтидои асри бист ба баъд то замони Истиқлолият тағйир ёфт. Дар ин давра забони тоҷикӣ мақоми сиёсии хешро аз даст дод. Хушбахтона, маҳз баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз, баъд аз ҳазор соли дигар бахт ба рўйи ин миллати куҳантаърих боз хандид. Забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт, эътибор ба он зиёда гашта, дар тамоми муассисаҳои давлатӣ коргузорӣ бо ин забон сурат гирифт. Ин сарфарозии мардуми мо ба корнамоии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бастагӣ дорад. Сарвари кишвар мақоми забонро воло ҳисобида, бузургдошти онро дар ҳамаи чорабиниву вохўриҳо таъкид менамоянд. Дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 15-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 8 сентябри соли 2006, Президенти кишвар қайд намуданд, ки «Истиқлолият бо забон робитаи бевосита дорад. Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафт ва комёбиҳои миллат ва давлат аст. Забони тоҷикӣ, ки аз шевотарин, ғанитарин ва қадимтарин забонҳост, моро  на танҳо бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мепайвандад, балки оинаи таърих ва давлатдории мо мебошад». 

Шоири тоҷик Бозор Собир хуб гуфта, ки «Дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон сарҳади тоҷик забони тоҷик аст...». Воқеан, тоҷикон дар тамоми манотиқи дунё умр ба сар мебаранд. Форсизабони дунёро зиёда аз 120 миллион меҳисобанд ва бо забони тоҷикӣ дар ҷумҳуриҳои Ўзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон,  Афғонистону Эрон, шимоли Ҳиндустон, Туркия, Покистон, Курдистон, Кошғари Хитой ва Қафқоз мардумон ҳарф мезананд. Имрўзҳо ҳамаи тоҷикони дунёро Тоҷикистони азиз ба ҳам оварда, дар ин макони муқаддас фарҳангу илми тоҷикон рушд мекунад. Сухани Президенти кишвар раҳнамову муттаҳидсозандаи тамоми тоҷикони дунёст: «Тоҷикистон хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон мебошад». Сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишвар дар бахши забон барои рушду такомули забони модарӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. 

Забони тоҷикӣ бо гузашти вақт ба сифати забони коргузорӣ неруманд мегардад. Дар ҷаҳони муосир ва раванди ҷаҳонишавӣ хатари азиме ба забонҳои камнуфус таҳдид менамояд. Маҳз арҷгузории мо ва ифтихор аз забону миллат аз байн рафтани забонро лағв месозад. Ин нуктаро Сарвари давлат чунин баён намудаанд:  «Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он ки номи миллат аз саҳифаи таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи раҳнамои худшиносию худафрўзиаш – забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад».

Соҳибдавлатии тоҷикон мавқеи истифодаи забони тоҷикиро васеъ мегардонад. Набояд фаромўш сохт, ки дар олам халқияту миллатҳои зиёде ҳастанд, ки бо вуҷуди ақаллиятро ташкил додан (масалан, курдҳо, ки зиёда аз 50 миллион нафарро ташкил медиҳанд), соҳибдавлат нестанд ва албатта, қисмати чунин забонҳо бо гузашти вақт ноаён боқӣ мемонад. Хушбахтона, акнун забони мо ҳомиву пуштибон дорад, зеро он забони давлатист. 

Инак, забони тоҷикӣ ба сифати рукнҳои асосии давлатдорӣ дар худшиносии миллии тоҷикон нақши муассир хоҳад гузошт. Президенти мамлакат овардаанд: «Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллат аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллӣ, ифтихори ватандўстӣ ва ҳувияти давлатдориашро аз даст дода, ба забону тамаддуни халқиятҳои бегона мегаравад ва оқибат завол меёбад. Забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст».  

Баъди қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.07.1989) масъалаи таълиму омўзиши забони тоҷикӣ дар тамоми факултетҳои ғайрифилологии муассисаҳои олии ҷумҳурӣ ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шуд, ки ин иқдоми наку имкони дар сатҳи коргузорӣ омўхтани забони давлатиро барои ҷавонон фароҳам меоварад. Ҳамаи илмҳо бо забон шакл мегиранд ва исбот гаштааст, ки шахси забондону миллатдўст дар омўзиши ҳамаи илмҳо комёб мегардад. Таъриху фарҳанг ва забон имрўзу ояндаи моро бозгўӣ менамоянд, арҷгузориву омўзиши дақиқи ин илмҳо ҳамагонро шарт ва зарур аст. Мутаассифона, имрўзҳо низ баъзе аз ашхоси нотавонбин моҳияти ин масъаларо ба дурустӣ дарк нанамудаанд. Дар ин маврид месазад, ки гуфтаи Сарвари кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шиори худ қарор диҳем: «Ифтихори ватандўстӣ аз донистани таъриху забон ва фарҳанги ватан сарчашма мегирад. Лафзи модарӣ муқаддас аст, онро азизу гиромӣ бояд дошт».

Забони тоҷикӣ имрўз дар низоми сиёсию иҷтимоии мамлакат ба ҳайси забони расмии давлатӣ дар коргузорӣ, гузаронидани ҳамагуна ҷаласаю чорабиниҳои фарҳангӣ, таълиму тарбия, матбуот ва ғайра мавқеи махсус касб кардааст. Дар баробари ин Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос карданд, ки мавқеи забони тоҷикӣ дар таълифи корҳои илмию тадқиқотӣ ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ то андозае суст аст ва ба хулосае омаданд, забоне, ки дар тўли зиёда аз ҳазор сол забони илму адаб буд, барои чӣ наметавонад имрўз худро ба ҳайси забони илм муаррифӣ кунад? Бинобар ин, бо ибтикори Президенти кишвар соли 2015  Комиссияи  олии аттестатсионӣ (КОА) таъсис ёфт, ки ин аз ҳалимию меҳрубонии Сарвари кишвар нисбат ба аҳли илм, махсусан муҳаққиқони ҷавон, дарак медиҳад. Ин иқдоми неки Президенти муҳтарам диққати аҳли илму таҳқиқро ба худ ҷалб намуд, зеро эшон таъкид намуда буданд, ки “аспирантҳо, докторантҳо ва унвонҷўён минбаъд дар дохили кишвар рисолаҳои илмӣ дифоъ намоянд” ва ҳадафи асосии Сарвари кишвар аз таъсиси ин ниҳод дифои рисолаҳои илмӣ бо забони тоҷикӣ буд.

Қудратмандии забон дар арсаи байналхалқӣ аён мегардад. Суханронии Президенти Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкориҳои Аврупо, мамолики араб ва ғайра ҳамагонро хушнуд месозад. Мардуми дунё ба лафзи шевову ширини тоҷикӣ гўш медиҳанд. Воқеан, забони мо ширину дилкашу гўшнавоз аст. 

Имрўзҳо дар давлати соҳибистиқлоли мо барои дар сатҳи зарурӣ омўхтани забони давлатӣ ва коргузорӣ бо ин забон ҳамаи имконият фароҳам оварда шудааст, ки ин аз ғамхории бевоситаи Ҳукумат далолат мекунад. Ҳамасола дар Тоҷикистон қарору қонуне ба тасвиб мерасад, ки он ба худшиносии мардуми мо такони ҷиддие мебахшад. Аз ҷумла, 26 июли соли 2007, таҳти № 91, фармони Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли забони тоҷикӣ эълон кардани соли 2008 ба имзо расид, ки дар асоси он Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2007, таҳти № 426 «Дар бораи омодагӣ ва баргузории Соли забони тоҷикӣ» ба тасвиб расид. Маҳз ин иқдоми наҷиб бори дигар ҳамагонро ҳушдор сохт, ки забони тоҷикӣ аз ҷониби Давлату Ҳукумат бо Сарварии ҳомиву бонии асосии он – Пешвои миллат – Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ меёбад ва рушди забони тоҷикӣ ҳамеша мадди назари давлату ҳукумат қарор дорад.

Дар низоми забонӣ, бегумон, вобаста ба авзои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ тағйирот ба амал меояд. Забонҳои абарқудрату куҳантаърихи  олам зинаҳои инкишофи забонро батадриҷ тай намудаанд ва мувофиқати шакли хаттиву шифоӣ, гуфтори адабӣ ва маҳаллӣ дар ин забонҳои инкишофёфта ба таври назаррас мувофиқа дорад. Забони куҳантаърихи тоҷикӣ низ тўли ҳазорсолаҳо дар доираҳои бузурги фарҳангӣ ташаккул ёфтааст, вале бо таассуф бояд гуфт, ки сатҳи забондонии мардуми мо имрўзҳо ҳанўз ба талабот комилан ҷавобгўй нест. Намояндагони маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон бо гуфтори маҳаллии хеш (лаҳҷаҳо) дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳарф мезананд ва баъзан бо ин амали худ ифтихор ҳам доранд. Бояд қайд намуд, ки ин иқдоми номатлуб боиси заъф дидани забони адабӣ гашта, маҳз аз ҳамин камбудии мо душманони фарҳангу забони тоҷикӣ истифода намудаанд. Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳои худ моро ба ҳушёрии сиёсӣ даъват менамоянд ва гуфтаи зерини эшон ҳақиқати ҳол аст: «Дар чунин шароит агар мо забонамонро азизу гиромӣ надорем ва ҳимоя накунем, имкон дорад, ки он пас аз муддати на чандон тўлонӣ ба як забони доираи истифодааш маҳдуд ва ҳатто забони хонагӣ мубаддал гардад».  

Воқеан, баъд аз ҳазор соли пошхўрии давлати аввалини миллии тоҷикон – Оли Сомон ба бахту иқболи мардуми тоҷик дар харитаи дунё давлате бо номи мубораку накуву муқаддас – Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард. Ин кишвари таърихӣ дар ҳар саҳифаи хотироти худ абармардони ватандўсту ҷонфидо дошт, ки дар сафҳаи таърихи башарӣ номи эшон бо хатҳои зарин сабт гаштааст. Оғози сарнавишти  Тоҷикистони соҳибистиқлол ба корнамоиву ҷонфидоии фарзанди барумандаш, Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Фарҳангу забону таърихи миллати мо тўли ҳазор соли гузашта ин қадар ҳифзу дифоъ нагашта буд, ки бо шарофати  хирадпешагиву адолатпарварии Сарвари он дар даврони  истиқлолият ҳифз шудааст. Воқеан, иқдоми Пешвои миллат дар кулли заминаҳо барои рушду такомули забони куҳантаърихи тоҷик заминаи мусоид фароҳам овард, ки аз самари он ояндагон бо некӣ ёд хоҳанд кард.  

Устодони факултети филология

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj