Нигоҳе ба таърихи ҷашни Меҳргон

Ҷашни Меҳргон аз ҷашнҳои бисёр бузург ва бо фарру шукўҳи аҷдодони мо дар аҳди бостон будааст. Ин идро дар қадим Митроконо мегуфтанд ва баъдҳо номи Меҳргонро гирифт. Ин ҷашни бузург аз меҳррўз (16 меҳр – 8 октябр) оғоз ёфта, то Ромрўз (21 меҳр – 13 октябр), яъне шаш рўз тўл мекашид. Рўзи оғози ҷашнро меҳргони омма ва рўзи анҷомашро меҳргони хосса мегуфтанд. Бархе аз муҳаққиқон навиштаанд, ки меҳр номи хуршед аст ва дар ин рўз хуршед ошкор шуда, курраи моҳ, ки то он рўз гўё торикӣ буд, аз хуршед фурўғ ва рўшноӣ гирифт. Ба навиштаи «Бундаҳиш» Машӣ ва Машиёна дар ҳамин рўз зода шуданд. Ба гуфтаи Абурайҳони Берунӣ худованд дар ин рўз заминро бигустаронид.
Дар аҳди Ҳахоманишиён Меҳргон бо шукўҳу азамати хосе таҷлил мешудааст. Чунончи табиби хоси Ардашери Дувум Котесиаси Юнонӣ менависад: «Подшоҳони Ҳахоманишиён  ба ҳеҷ наҳв набояд маст шаванд магар дар рўзи ҷашни Меҳргон, ки либоси фохири арғувонӣ мепўшанд ва дар бодапаймоии майхорагон ширкат менамоянд». Муаррихи юнонӣ Дуриус менависад, ки: «Дар ин ҷашн подшоҳон мерақсиданд». Ба қавли Страбон сатрапи (ҳокими) Арманистон дар ҷашни Меҳргон бист ҳазор курраи асп ба расми армуғон ба дарбори подшоҳони Ҳахоманишиён мефиристодааст. Дар аҳди Сосониён низ ҷашни Меҳргон ҳам бо азамати иди Наврўз таҷлил мешудааст. Чунончи шоҳаншоҳ Ҳурмузи Сосонӣ дар ҳама рўзҳои Меҳгон ҷашн барпо менамуд ва ҳар панҷ рўзро ба як табақа аз табақоти иҷтимоӣ аз ҷумлаи шоҳзодагон, мўбадон, бозаргон, сипоҳиён ва деҳқонону косибон медодааст. Маҳз дар ҷашни Меҳргон подшоҳони Сосонӣ ҷойнишини худро интихоб менамудаанд ва баъдан тоҷ бар сари фарзанди худ мениҳодаанд. Дар ин ҷашн мубади мубадон (сарвари рўҳониён) дастархоне, ки дар он лиму, шакар, нилуфар, биҳӣ, себ, як хуша ангури сафед ва 7 дона муруд гузошта шуда буд, назди шоҳ меовард. Ҳафт муруд ва ҳафт чизи дигар, ки дар дастархон мегузоштанд, ҳамон ҳафтсин буд, ки ҷузъи ташрифоти ҷашни Наврўз ба ҳисоб мерафт. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки ҳафтсин дар иди Меҳргон низ маъмул будааст. Ховаршиноси белгиягӣ  Кумант дар китоби худ «Оини Митро » чунин менависад: «Бидуни шак ҷашни Меҳргон, ки дар кишвари Руми қадим рўзи зуҳури хуршед тасаввур мешуд ва онро рўзи вилодати хуршеди мағлубнашуданӣ гуфтаанд, ба 25 – уми моҳи декабр кашида шуда ва иддаи зиёде аз исавиёни пеш аз Исо ба ойини меҳрпарастӣ гаравиданд ва баъд аз нуфузи дини Исо дар Аврупо рўзи вилодати Масеҳ қарор дода шуд, чун исавиён намехостанд ин рўзро ҷашн бигиранд, ба номи таваллуди  Исо ҷашн гирифтанд. Ва дар ҳақиқат крисмаси исавиён бар пояи меҳррўзи эрониёни бостон аст».
Донишманди муосири эронӣ Забеҳулло Сафо перомуни ҷашни Меҳргон чунин менависад: «Дар рўзҳои Меҳргон ва Наврўз порсиён мушку анбар ва уди ҳиндӣ ба якдигар медоданд ва табақоти мардум ҳар кадом ба фарохўри тавоноӣ ва шуғли худ барои подшоҳ ҳадя меоварданд. Русуми ҷашни Меҳргон монанди ташрифоти рўзи авали Наврўз аст».
Бархе аз муаррихони асримиёнагӣ ҷашни Меҳргонро муродиф донистаанд ба рўзи саркўб гардидани Заҳҳок тавассути Коваи оҳангар ва ба тахти подшоҳӣ нишастани Фаридуни Пешдодӣ.
Абуҷаъфар Муҳаммади Табарӣ (839-923) дар китоби «Таърих-ур-расул ва–л-мулук» овардааст, ки: «Рўзе, ки Фаридун бар Заҳҳок даст ёфт ва ўро баста ба занҷир маҳбус сохт, рўзи меҳр буд аз моҳи меҳр, ки мардум онро ид гирифта ва Меҳргон ном ниҳоданд ва гиромӣ доштанд. Зеро зиндагонии худро, ки аз зулми Заҳҳок аз каф дода буданд, ба адли Фаридун ба даст оварданд». Ин муаррих дар ҷойи дигари китобаш мегўяд: «Фаридун ба моҳи меҳр, рўзи меҳр ба Заҳҳок тохт ва бар  ў пирўз шуд ва фармон дод, то касон Меҳргонро, ки рўзи ба банд кашидани Беварасб буд, ид кунанд. Ва Афридун ба тахт нишаст».
Абулқосим Масъудӣ (ваф. 956) дар «Муруҷ – уз – заҳаб ва маодин – ил - ҷавҳар» - аш оварда, ки: «Фаридун рўзи банд кардани Заҳҳокро ид гирифт ва онро Меҳргон номид». Муҳаммади Балъамӣ (ваф.974) дар «Таърихи Табарӣ»- аш доир ба ин қазия чунин менависад: «Афридун рўй ба Заҳҳок ниҳод ва Кова сипаҳсолорои ў буд. Ва ҳама кор ба дасти ў буд. Заҳҳок рўй бад – эшон ниҳод ва ҳарб карданд. Ва Фаридун зафар ёфт ва Заҳҳокро бигирифт ва бикушт. Кова ҳамон рўз тоҷ бар сари Фаридун ниҳод ва ҷаҳон бад-ў супурд. Ва он рўз, ки меҳррўз буд аз моҳи меҳр, Меҳргон карданд. Ва иде карданд бузург. Ва дод ва адл бад–ин ҷаҳон бигустурд … ва Афридун ба подшоҳӣ нишаст ва Коваи оҳангарро сипаҳсолори хеш кард ва ҳар чӣ буд, бад – ў супурд».
         Абулқосим Фирдавсӣ (934 – 1021(26) дар «Шоҳнома» овардааст:
         Ба рўзи ҳуҷаста сари меҳрмоҳ
         Ба сар барниҳад он каёнӣ кулоҳ.
         Замона беандўҳ гашт аз бадӣ,
         Гирифтанд ҳар як раҳи эзадӣ.
         Дил аз довариҳо бипардохтанд,
Ба оини каёнӣ ҷашни нав сохтанд …
 Бифармуд, то оташ афрўхтанд,
Ҳама анбару заъфарон сўхтанд.
Парастидани Меҳргон дини ўст,
Таносоиву хўрдан оини ўст. 
Кунун ёдгор аст аз ў моҳи меҳр,
Бикўшу ба ранҷ эҷ манмой чеҳр.
Абумансури Саолабӣ (961 - 1038)  дар китоби «Ғурар ахбор мулук ал – фурс ва сияриҳум» - аш менависад, ки : «Рўзе, ки Фаридун бар Заҳҳок чира шуд ва ўро бандӣ сохт, рўзи меҳр аз моҳи меҳр буд, ки мардум онро ҷашн гирифтанд ва Меҳргон ном ниҳоданд».
Абўрайҳони Берунӣ (937-1048) дар китоби маъруфи «Осор – ул - боқия» - аш перомуни ин қазия ба тафсил навиштааст. Аз ҷумла мегўяд: «Мегўянд, сабаби ин ки ин рўзро эрониён бузург доштаанд, он аст, ки мардум шуниданд Фаридун хуруҷ кардааст. Пас аз он, ки Кова бар Заҳҳоки Беварасп хуруҷ намуда буду ўро мағлуб ва манкуб сохта буд, мардумро ба Фаридун хонд … Рўзи бистуякум ромрўз аст, ки «Меҳргони бузург» бошад ва сабаби ин ид он аст, ки Фаридун ба Заҳҳок зафар ёфт ва ўро ба қайди асорат даровард. Ва чун Заҳҳокро ба пеши Фаридун оварданд, Заҳҳок гуфт: «Маро ба хуни ҷаддат бикуш». Ва Фаридун аз роҳи инкори ин қавл гуфт: «Оё тамаъ кардаӣ, балки ман туро ба хуни гови наре, ки дар хонаи ҷаддам буд, мекушам». Сипас бифармуд, то ўро банд карданд ва дар кўҳи Давоманд ҳабс намуданд. Ва мардум аз шарри ў роҳат шуданду ин рўзро ид доштанд. Ва Фаридун мардумро амр кард, ки рўймоли махсус ба камар банданду замзама кунанд ва дар ҳангоми таом сухан нагўянд, барои сипосгузории худованде, ки эшонро пас аз ҳазор соли тарс бори дигар дар мулки худ тасарруф дод. Ва ин кор дар эшон суннату одат монд. Ҳамаи эрониён дар ин қавл ҳамдилу ҳамдостонанд, ки Беварасп ҳазор сол зиндагӣ намуд. Ин ҳазор сол муддати подшоҳӣ ва ғалабаи ў буд. Ва гуфтанд, ин ки эрониён ба якдигар ин тавр дуо мекунанд, ки «ҳазор сол бизӣ», аз он рўз расм шуда, зеро чун диданд, ки Заҳҳок тавонист ҳазор сол умр кунад. Ва ин кор дар ҳадди икон аст, ки ҳазор сол зиндагиро таҷвиз намуданд».
Абўсаиди Гардезӣ (асри II) дар китоби «Зайну-л-ахбор» чунин менависад: «Меҳр рўзе буд аз меҳрмоҳ, ки Фаридун Заҳҳокро бигирифт ва бибаст. Ва мардумон шодӣ карданд. Ва Фаридун он рўзро ҷашн кард ва онро Мехргон ном кард». Ў дар ҷои дигари китобаш мегўяд: «Ин рўз Меҳргон бошад ва номи рўз ва номи моҳ муттафиқанд. Ва чунин гўянд, ки андар ин рўз Афридун бар Бевараспи Заҳҳок зафар ёфт ва Заҳҳокро асир гирифт ва бибаст ва ба Дамованд бурд ва он ҷо ба ҳабс кард ўро…»
Ибни Балхӣ (асри 12) дар «Форснома» - аш чунин менависад: «Чун Заҳҳокро Фаридун бигирифт ва банд барниҳод ва дар кўҳи Дамованд маҳбус кард ва бар тахти подшоҳӣ нишаст, фармуд то он рўзро ҷашне созанд. Ва Меҳргон доштанд ва он одат бимондааст ва мустамар шуда».
Дар китоби «Ахбори Эрон» омадааст: «Дастгирии Заҳҳокро рўзи Меҳргон навиштаанд. Эрониён дар ин ҷашн мегўянд: Омад Меҳргон, рўзи куштани касе, ки мардумро мекушт. Ҳамчунин омадааст, ки: меҳррўз буд аз меҳрмоҳ, ки Фаридун Заҳоккро бигирифту бибаст ва мардумон шодӣ карданд. Ва Фаридун он рўзро ҷашн кард ва онро ҷашни Меҳргон ном кард».
Ҷашни Меҳргон дар осори Абуабдуллоҳ Рўдакӣ, Абумансури Дақиқӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Фаррухии Систонӣ, Унсурии Балхӣ, Манучеҳрии Домғонӣ, Азрақии Ҳиравӣ, Асадии Тўсӣ, Сўзании Самарқандӣ, Носири Хусрав, Рашиди Ватвот, Хоқонии Шервонӣ, Замири Ҳамадонӣ ва дигар шоирони классики адабиёти форс – тоҷик бозтоби фаровоне доштааст.
Малико! Ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
Хаз ба ҷои мулҳаму хиргоҳ,
Бадали боғу бўстон омад.
Мўрд ба ҷои савсан омад боз,
Май ба ҷои арғувон омад.
Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,
Май ба бахти ту ҷавон омад.
                                                        Абуабдуллоҳи Рўдакӣ.
Эй амири меҳрубон, ин Меҳргон хуррам гузор,
Фарру фармони Фаридун варз бо фарҳангу ҳанг
                                                          Манучеҳрии Домғонӣ.
 Меҳргон омад, ҷашни малик Афредуно,
Он куҷо гов беҳ парвараш Бармоюно.
                                                                                                                                                      Абумансури Дақиқӣ.
Рўзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Меҳр биафзо, эй нигар, меҳри чеҳри меҳрубон.
                                                                  Масъуди Саъд.
Қаҳҳори Расулиён

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj