НИГОҲИ МУХТАСАР ДАР БОРАИ ФАҲЛАВИЁТ

Равшан Раҳмонӣ,

профессори ДМТ

 

Фаҳлавиёт шакли арабишудаи вожаи паҳлавӣ буда, истилоҳи қадимӣ мебошад, ки шакли танҳои он фаҳлавия аст. Он як навъ осори манзуми омиёна буда, ба гуфтори мардумӣ суруда мешудааст. Фаҳлавиёт он навъ таронаҳо ва ашъоре мебошад, ки баъд аз омадани дини ислом, бо гўишҳои маҳаллии ғайри забони тоҷикии форсии дарӣ, аз ҷумла паҳлавӣ, дар шакли дубайтӣ ва тарона вирди забони мардум будааст.

Аҳмади Тафазулӣ ба таври муфассал роҷеъ ба фаҳлавиёт иттилоъ дода ёдовар шудаст, ки ин ном ба вижа барои дубайтиҳо ва хоса ба ашъоре гуфта шуда, ки ба таври куллӣ ба гўишҳои куҳани навоҳии «паҳла / фаҳла» суруда шудаанд. Ба ривояти Ибни Муқаффаъ дар замонҳои пеш фаҳла панҷ ноҳия аз ҷумла Исфаҳон, Рай, Ҳамадон, Моҳи Наҳованд ва Озарбойҷон, яъне сарзамин Модро дар бар мегирифтааст. Ҳамчунин фаҳла дар шакли «баҳла» низ сабт шудааст. Дар сарзамини Мод, дар даврони Ашкониён ба шакли фаҳла (форсии миёна pahlav) будааст. Намунаҳои фаҳлавиёт, ки дар мутуни адабӣ омадааст бештар марбути манотиқи ёдшуда мебошад. Аз дидгоҳи забоншиносӣ сарзамини фаҳларо метавон то ба Гелон густариш дод. Ба таври куллӣ фаҳлавиёт шомили ашъоре мебошад, ки бо гўишҳои ғарбӣ, марказӣ, шимолии эронӣ суруда мешудааст  (ниг.: Tafażżolī Aḥmad. Fahlavīyāt // Encyclopædia Iranica. Vol IX. New York, 1999, с. 158-159).

Дар сарчашмаҳо ишорат гардидааст, ки дар асри севуми ҳиҷрӣ (асри 8 мелодӣ) дубайтиҳои сўфиёнаи эронии бағдодиро дар маҷолиси самоъ бо овоз месароиданд. Шафеи Кадканӣ бар он ишорат мекунад, ки ин дубайтиҳо баид аст ба забони арабӣ бошад. Ба эҳтимоли қавӣ ҳама ба гўишҳои маҳаллии эронӣ будаанд (ниг.: Шафеи Кадканӣ Муҳаммадризо. Рўдакӣ ва рубоӣ // Ёдвораи дуктур Маҳмуди Афшор. Ба кўшиши Эраҷи Афшор. Ҷ.4. Теҳрон, 1367, с.2335-2339).

Пажўҳандагон бар он ишорат намудаанд, ки қадимтарин дубайтиҳои фаҳлавӣ ба гўиши наҳовандӣ будааст. Муҳаммад Муин бар он ишорат намудааст, ки фаҳлавиёт ба лаҳни ороманон (ōrāmanān) сохта ва хонда мешуд. Ба назар мерасад, ки ин истилоҳ дар Курдистон дар шакли авруман (avroman) будааст. Шакли дигари ин калима бо номи орома (ōrāma) гоҳе барои фаҳлавиёт ба кор меравад.

Низомӣ низ дар достонҳои худ «Ҳафт Пайкар» ва «Хусрав ва Ширин» ишорат бар он намудааст, ки фаҳлавиёт бо сози мусиқӣ сароида мешавад. Дар «ал-Муъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ низ аз фаҳлавиёт ёдоварӣ шуда, вале ба таври ҷузъӣ сохтор ва мазмуни он шарҳ наёфтааст. Аз ёдоварии Шамси Қайси Розӣ маълум мешавад, ки вазни аслии фаҳлавиёт дар баҳри ҳазаҷ будааст (ниг.: Шамси Қайси Розӣ. ал-Муъҷам. -Д., 1991, с.88-95).

Ба ғайр аз истилоҳи фаҳлавӣ нисбат ба ашъори маҳаллӣ истилоҳи дигаре низ ба кор мерафт: «рожӣ / розӣ». Ин истилоҳ дар асл барои он ашъоре гуфта мешуд, ки бо гўиши Рай роиҷ будааст. Баъдҳо истилоҳи мазкур тавсеаи маъноӣ ёфта, барои ашъори маҳалии Озарбойҷон ва ашъори маҳалии шерозӣ низ ба кор рафтааст. Истилоҳоти дигар ба монанди «шаҳрӣ» (ба маънои шаҳр дар баробари дашту биёбон), романдӣ (марбути минтақаи Романд, ки дар Қазвин аст) далел бар тарзи хондани шеъри маҳаллӣ мерафтааст.

Алиашрафи Содиқӣ дар чанд навиштаи худ аз ҷумла «Фаҳлавиёти Убайди Зоконӣ», роҷеъ ба ин навъи ашъори омиёна ибрози назар намуда, гуфтааст, ки он бо гўиши маҳаллӣ суруда мешавад. Ба гуфти эшон ва пажўҳандагони дигар ҳамин дубайтиҳои омиёна, ки асосан суруда мешаванд, фаҳлавиёт мебошанд (ниг.: Содиқӣ Алиашраф. Фаҳлавиёти Убайди Зоконӣ // Маҷалаи забоншиносӣ, 1377, соли 13, №1-2 ва №24-25).

Фаҳлавиёт як навъ саргармии оммаи мардум ва маншаи руҳии равашанфикрон низ будааст. Муҳтавои намунаҳои бозмондаи фаҳлавиёт шомили ирфон, тавсифи рангину зебои табиат шудааст. Ба ҳамин далел урафои эронӣ ин ашъорро месуруданд.

Истилоҳоти лаҳни фаҳлавӣ, гулбонги фаҳлавӣ, ғазали паҳлавӣ, байти паҳлавӣ ва суруди паҳлавӣ, на танҳо бар шеъри зебову пероста, балки ёдоварӣ аз сурудаҳои ғиноии мардумӣ аст. Аз ин рў, Абдураҳмони Ҷомӣ беҳуда Қуръонро «Маснавии маънавии Мавлавӣ, Ҳаст Қуръон бар забони паҳлавӣ» нагуфтааст. Яъне, тавре ки Қуръонро бо садои дилнавоз мехонанд, «Маснавии маънавӣ»-ро низ чун фаҳлавиёт месароянд.

Фаҳлавиёт махсусияти адабиёти гуфториро дорад. Дар он содагии вожаҳо, зиндагии сарояндагони гумном ва такрори мазмунҳо дида мешавад. Дар аксари фаҳлавиёт аз сароянда номе бурда нашудаст. Дар бархе ҳолат ин фаҳлавиёт ба қавме ва ё чеҳраҳои афсонавӣ нисбат дода шудаанд.

Сарояндагони фаҳлавиёт идомадиҳандагони суннати шифоҳии портӣ ва хунёгарони баъдии авоили асри исломӣ, усул ва асоси шеъри миёнаи эронӣ мебошанд. Бо гузашти замон арўзи арабӣ ба шеъри форсӣ таъсир расонид. Фаҳлавиёт низ ба тадриҷ аз қоидаҳои авзони арўзӣ баҳраманд гашт, ки маъмултарини онҳо баҳри ҳазаҷ аст. Дар фаҳлавиёт ҳанўз ҳам, то андозае аз қавоиди шеърии пешазисломӣ пайравӣ мешавад. Ноҷуриҳо дар вазни фаҳлавиёт тибқи қавоиди меъёри арўзии шеъри форсӣ эҳсос мегардад. Аммо ин ноҷуриҳо замоне, ки шеърро бо овоз месароянд, чандон эҳсос намегардад. Вақте ҳамин ашъор сароида шавад, арўздон тибқи қавоиди арўз ба вазни он таваҷҷуҳ менамояд.

Фаҳлавиёти ҳар минтақа аз лиҳози овоз тафовут дорад. Онҳо дар партави вижагиҳои сарфӣ ва луғавӣ, дар паҳнои густурдае, аз мағриб то марказ ва шимоли Эрон, сарфи назар аз хостгоҳи арўздонҳо, ба овоз хонда мешаванд.

Вазни ин навъ ашъор ҳиҷоӣ будааст, вале гоҳе дар қолаби вазни арўз ҳам суруда шудааст. Қолаби ин навъ ашъор бештар ба шакли дубайтӣ, ба мисли сурудаҳои Бобо Тоҳири Урён будааст. Бо мурури замон тарона ва дубайтиҳои фаҳлавӣ то рўзгори мо дар шакли дубайтӣ ва тарона расидааст, ки имрўзҳо низ вириди забони тоҷикон ва форсизабонон аст.

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj