НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДМТ

Санаи 23.01.2018 дар толори Шӯрои олимони бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва беш аз 20 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио  ва нашрияҳои  ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.
Нахуст ректори ДМТ, академик Имомзода М.С. роҷеъ ба фаъолияти як соли Донишгоҳи миллӣ (2017) мухтасар сухан карда, зикр намуд, ки соли 2017 барои ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ соли бобарор ва хотирмон ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ соли дастовардҳо дониста мешавад. «Ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар таҷлили  санаҳои таърихию фарҳангӣ ва ҳаётан муҳим фаъолона ширкат варзида, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи корҳои таълимию методӣ ва илмию тарбиявии ҷумҳурӣ саҳми намоён гузоштаанд»- афзуд Имомзода М.С.
Дар идомаи суҳбат ректори донишгоҳ Имомзода М.С. доир ба самти таълиму тарбия, илму истеҳсолот, муносибатҳои байналмилалӣ ва корҳои хоҷагию молиявии донишгоҳ суханронӣ намуд.
Дар нишаст миёни роҳбарияти ДМТ ва рӯзноманигорон доир ба ҷараёни таҳсил, имкониятҳои таҳсил дар риштаи аспирантура, докторантура ва магистрӣ, шарту шароити шӯроҳои диссертатсионии дар назди донишгоҳ амалкунанда, робитаҳои илмию таълимии донишгоҳ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои дигар, ҷараёни имтиҳонҳо тариќи тест ва амсоли он суолу ҷавоб сурат гирифт.    
А. Тураев

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj