Нишасти матбуотӣ дар ДМТ

Санаи 28.01.2019 дар толори Шўрои олимони бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва беш аз 30 нафар рўзноманигорони телевизиону радио  ва нашрияҳои  ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.
Нахуст ректори ДМТ, академик Имомзода М.С. роҷеъ ба фаъолияти як соли Донишгоҳи миллӣ (2018) мухтасар сухан карда, зикр намуд, ки соли 2018 барои ҳайати омўзгорон, кормандон ва донишҷўёни донишгоҳ соли бобарору хотирмон ба ҳисоб рафта, дар маҷмўъ соли дастовардҳо дониста мешавад. «Ҳайати омўзгорону кормандон ва донишҷўёни донишгоҳ дар таҷлили  санаҳои таърихию фарҳангӣ ва ҳаётан муҳим фаъолона ширкат варзида, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи корҳои таълимию методӣ ва илмию тарбиявии ҷумҳурӣ саҳми намоён гузоштаанд»- афзуд Имомзода М.С.
Дар идомаи суҳбат ректори донишгоҳ Имомзода М.С. доир ба самти таълиму тарбия, илму истеҳсолот, муносибатҳои байналмилалӣ ва корҳои хоҷагию молиявии донишгоҳ суханронӣ намуда, афзуд, ки «моҳи октябри соли 2018 дар партави сиёсати бунёдкорона ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон дар мувофиќа бо Ҳукумати ҷумҳурӣ бахшида ба 70-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷамъомади идона ва ҳамоишҳои илмӣ доир гардид».
Дар нишаст миёни роҳбарияти ДМТ ва рўзноманигорон доир ба ҷараёни таҳсил, баргузории ҳамоишҳои илмию амалӣ дар давоми соли 2019, имкониятҳои таҳсил дар зинаи докторантура ва магистратура, шарту шароити шўроҳои диссертатсионии дар назди донишгоҳ амалкунанда, инчунин, робитаҳои илмию таълимии донишгоҳ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои дигар суолу ҷавоб сурат гирифт.   
А. Тураев 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj