Нишастҳои илмӣ

Бахшида ба Соли ҷавонон бо ибтикори кафедраи умумидонишгоҳии забони англисӣ дар мавзўи «Масъалаҳои актуалии истилоҳсозӣ дар забонҳои гуногунсохт» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар нишаст устодону муҳаққиқон  аз муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, аз ҷумла устодони Донишгоҳи давлатии омўзгорӣ, Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишкадаи забонҳои ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Нишаст бо сухани муқаддимавии мудири кафедра, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳ.Саидов оғоз ёфт. Дар нишаст масъалаҳои истилоҳсозӣ, забономўзии ҷавонон ва самтҳои дигари омўзишу тарҷума баррасӣ шуданд.  

Ҳамзамон ба ин муносибат дар дар пояи кафедраи менеҷмент ва маркетинги факултети иқтисод ва идора дар мавзўи «Инкишофи менеҷменти инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. 

Дар нишаст аз ҷониби иштирокчиён роҷеъ ба масъалаҳои ҷавонон ва омўзиши илмҳои иқтисодӣ, ташаккулёбии ҳукумати электронӣ ва таъсири он ба раванди инноватсионӣ, ҳамгироии илмӣ ва истеҳсолот чун асоси рушди инноватсионӣ, таҳлили фаолияти инноватсионии субъектҳои хоҷагидор ва ғайра андешаҳо баён гардид.  

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj