Номи дуруст- ними ҳусн

(мулоҳизаҳо дар ҳошияи “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ”)

Ба шарофати истиқлолият, ба мақоми давлатӣ соҳиб шудани забони тоҷикӣ ва иқдомҳои ватандўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номгузорӣ низ ба як ҷузъи таркибии фарҳанги миллии мардуми тоҷик табдил ёфт. Аз ибтидои солҳои навадум ба тарзи миллӣ номгузорӣ кардани кўдакони навзод ва табдили ному насабҳо аз шакли русӣ ба шакли миллӣ оѓоз гардид. Аммо густариши ин падида ҳамеша ҳамвору яксон набуда, гоҳе сабабгори пайдо шудани нофаҳмиҳо дар интихоби дурусти шаклҳои насабсозӣ ва пайвасти насабу номҳо мегардид. Ҳанўз соли 2007 мо ба ин масъала дахл намуда, андешаҳои худро дар мавриди дуруст ба роҳ мондани насабсозӣ ва пайвасти ном бо номи падар дар мақолае бо номи “Дар интихоби ному насаб саҳлангорӣ нашояд” ба табъ расонида будем (Ҷумҳурият, 24 июли соли 2007). Ин мақола баъдтар дар шакли мукаммалтар дар нашрияҳои дигар низ ба табъ расида буд. Дар ин мақола ба тарзи расмӣ ба танзим даровардани ин ҷараён низ пешниҳод шуда буд. 

Боиси хурсандист, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ба тасвиб расид. Феҳрист натиҷаи кори шоистаи олимону мутахассисони варзидаи ҷумҳурӣ буда, дар таҳияи он масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишмандон ва кормандони масъули вазорату сохторҳои марбута саҳм гирифтаанд. Нашр ва дастраси омма гардидани Феҳрист, бешубҳа, амри савоб буда, он дар баланд бардоштани фарҳанги миллии номгузорӣ ва  татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” саҳми назаррас хоҳад дошт. Ҳамон тавре ки дар “Муқаррароти умумӣ” зикр гардидааст, ин Феҳрист натанҳо ба эҳёи ҳақиқии арзишҳои миллии номгузорӣ мусоидат мекунад, балки барои раҳо ёфтан аз каҷравию ѓалатҳое, ки дар номгузории замони шўравӣ ба мушоҳида мерасид, кумаки амалӣ мерасонад. Бори дигар таъкид кардан мехоҳем, ки мураттибони Феҳрист кори арзишмандеро ба ҷо овардаанд. 

Дар баробари дастгирии комил аз ин иқдоми нек мехостем чанде аз мулоҳизаҳои худро дар мавриди баъзе ҷиҳатҳои нозуки ному номгузорӣ баён намоем. 

          Пешниҳоди шакли дурусти навишти номҳо

Дар банди дуюми қисми 4 Муқаррарот қайд шудааст, ки “номҳо дар шакли пурра (дуруст) навишта мешаванд”. Ҳамчун намуна нишон дода шудааст, ки шаклҳои ихтисорию ѓалати “мат”, “мад”,  “мамад”, “маҳмад” ба шакли пурраи “Муҳаммад” навишта мешаванд (Муҳаммадкарим, Нормуҳаммад ва ѓ.). 

Ин нукта комилан қобили дастгирист. Вале зикр кардан бамаврид аст, ки он дар ҳолатҳои дигар низ бояд риоя шавад. Масалан, ҳамагон медонанд, ки “Абдулло” шакли гуфтории “Абдуллоҳ” ва “Аҳмадшо” шакли гуфтории “Аҳмадшоҳ” аст. Аз ин рў, новобаста ба тарзи талаффуз, ин номҳо дар ҳуҷҷатҳои расмӣ беҳтар аст дар шакли пурра навишта шаванд ва пешниҳод намудани ҳар ду шакли навишт ҳамчун шаклҳои дуруст хуб нест (Амруллоҳ/Амрулло, Аминуллоҳ/Аминулло (с. 58-59ва ѓ.); Диноршоҳ / Диноршо, Додалишоҳ/Додалишо (с. 70 ва ѓ.). Зимнан, бояд қайд кард, ки бо ҷузъи “моҳ” низ ҳодисаи ихтисоршавӣ (афтиш)-и овози “ҳ” дар забони гуфтугўйӣ ба мушоҳида мерасад (Садафмоҳ/Садафмо). Дар Феҳрист ҷузъи “моҳ” ҳамеша дар шакли пурра дода шудааст, ки комилан дуруст аст. Ҳамчунин, ба эҳтимоли зиёд ҷузъи “бӣ” дар номҳои аз қабили Ашўрбӣ (10), Гулсумбӣ (15), Сайрамбӣ (37) ва ѓайра шакли ихтисории “бибӣ” аст (Ашўрбибӣ, Гулсумбибӣ, Сайрамбибӣ), бинобар ин танҳо шакли пурраи онро пешниҳод кардан ба мақсад мувофиқ аст. 

Ба ин гурўҳ номҳои Муҳаммадаюб ва “Муҳаммадрафиро низ дохил кардан мумкин аст, ки шакли дурусташон Муҳаммадайюб ва  Муҳаммадрафеъ аст.  

Аз тарафи дигар, бо вуҷуди он ки баъзан шаклҳои гуногуни ҳамон як ном дар байни мардум ба мушоҳида мерасанд, танҳо шакли дурусти китобии онро барои ояндагон пешниҳод кардан лозим аст. Масалан, дар  Феҳрист номҳои Ёсуман ва Ёсамин ҳар ду пешниҳод шудаанд, ҳол он ки шакли дурусташ Ёсуман аст. 

Доир ба истифодаи ҷузъҳои номсози “моҳ”, “шоҳ”, “бибӣ”, “гул” “ҷон” ва ѓайра

Дар Феҳрист ба номҳои алоҳида илова кардани ҷузъҳои “моҳ”, “шоҳ”, “бибӣ”, “гул”, “ҷон” пурра равшан нест. Масалан, агар номҳои писаронаи бо ҳарфи “н” саршударо таҳлил кунем, мебинем, ки номҳои Наврўзшоҳ, Назаршоҳ, Назришоҳ, Наимшоҳ, Наҷибшоҳ, Неъматшоҳ, Нодиршоҳ, Ноёбшоҳ дода шудаанд, аммо номҳои Насимшоҳ, Низомшоҳ, Ноилшоҳ, Ноибшоҳ, Нуралишоҳ ва амсоли онҳо нишон дода нашудаанд. Ё худ, номҳои Савригул, Сабзагул, Санамгул, Сифатгул, Сомонгул, Сосонгул ва ѓайра пешниҳод шудаанд, аммо номҳои Савсангул, Хандонгул, Хуморгул ва ѓайра дар Феҳрист навишта нашудаанд. Ин ҳодисаро бо ҷузъҳои дигари номбаршуда низ мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ҷумла, номҳои Алиҷон, Аминҷон, Акрамҷон, Азизҷон омадаанд, аммо номҳои Акбарҷон, Акмалҷон, Амонҷон, Асрорҷон ва ѓайра пешниҳод нашудаанд. 

Андешаи ѓолиб он аст, ки дар шарҳу тавзеҳоти номгузорӣ ва номсозӣ оид ба истеъмоли ин ҷузъҳои номсозӣ маслиҳатҳои муфид дода, ба тарзи пурра овардани ин гуна номҳои мураккаб шарт нест, зеро шумораи ин қабил номҳо номаҳдуд буда метавонад. 

Парҳез аз тафриқаандозӣ

Дар Феҳрист бо истинод ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” таъкид гардидааст, ки ба номи шахс илова намудани тахаллусҳои “мулло”, “халифа”, “тўра”, “хоҷа”, “амир” ва ѓайра, ки боиси тафриқаандозӣ дар байни одамон мегардад, манъ аст. Мисол: Сайид Носири Хусрав, Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ва ѓ. (с. 6). Дар худи ҳамин ҷо илова шудааст: “Вале чун ном ва ҷузъи номсоз истифода шудани калимаҳои мазкур манъ нагардидааст. Мисол: Муллоаҳмад, Саидхоҷа, Амиршоҳ...”

Ѓояи асосӣ – пешгирӣ кардан аз тафриқаандозӣ дар ҷомеа қобили дастгирист, аммо пешниҳоди роҳи пешгирӣ кардан, ба андешаи мо, на он қадар равшан аст. 

Аввалан, ҳамчун намунаи ѓайри қобили қабул будани чунин тарзҳои номгузорӣ овардани номҳои шахсиятҳои шинохта аз ҷониби мураттибон хуб нест. Беҳтар мебуд ба ҷойи он номҳои дигарро истифода мекарданд (бигзор сунъӣ сохта шуда бошанд). 

Сониян, тафриқаандозӣ натанҳо ҳангоми ба тарзи алоҳида истеъмол шудани чунин номҳо (Мулло Ҳабибуллоҳ, Амир Абдуллоҳ ва ѓ.), балки маҳз дар дохили номҳо оварда шудани ин гуна калимаҳо низ ба мушоҳида мерасад. Масалан, то имрўз хонаводаҳое вомехўранд, ки дар номи ҳар аъзои онҳо ин қабил калимаҳо ҳастанд: Саидхоҷа, Амирхоҷа, Раҳимхоҷа, ё худ Сайидмуъмин, Сайидраҳим, Сайидраҳмон, Сайидакрам ва ѓайра. Мардум ба ин гуна ашхос дар ѓайбашон “аз авлоди хоҷаҳо/хўҷаҳо”, ё “аз авлоди сайидон” гуфта муроҷиат ё ишора мекунанд. Бинобар ин таъкид кардан бамаврид аст, ки дар истеъмоли ин гуна калимаҳо дар таркиби номҳои мураккаб ба ҳадди ифрот роҳ дода нашавад, яъне, ба ҳама номи аҷдоду авлод онҳоро илова накунанд. 

Аз тарафи дигар, истеъмоли калимаи “амир” ҳамчун номи алоҳида рад шуда, “Амиршоҳ”  салоҳ дониста шудааст, аммо ин калима (Амир) дар қатори номҳо боз ҷой дода шудааст (с. 59).   

Мавқеи пасванди “а”  дар сохтани номҳои духтарона ва истеъмоли дурусти он

Аз номҳои ҳамсони писарона бо иловаи пасванди “а” сохта шудани номҳои духтарона имрўз ба расмият даромадааст. Истеъмоли пасванди “а” натанҳо бо исмҳои арабиасл (Шариф – Шарифа, Ҳабиб – Ҳабиба, Азиз – Азиза ва ѓ.), балки бо исмҳои хоси тоҷикӣ низ маъмул аст (Умед – Умеда, Хуршед – Хуршеда, Насим – Насима ва ѓ.). Аммо ба назар чунин мерасад, ки дар баъзе мавридҳо мо ба ҳар номи духтарона, бе таваҷҷуҳ кардан ба решаи он, илова кардани пасванди “а”-ро “дўст медорем”. Дар натиҷа, аз номҳои бисёр зебои духтаронаи “Нўшин”, “Маҳин”, “Симин”, “Парвин” номҳои сохтаи “Нўшина”, “Маҳина”, “Симина”, “Парвина” ба вуҷуд омадаанд ва истифода мешаванд. Ҳатто номи “Мижгон” дар Феҳрист танҳо дар шакли “Мижгона” пешниҳод шудааст. Феҳристи номҳои миллӣ барои ояндагон пешниҳод шудааст, бинобар ин месазад, ки дар оянда аз ин гуна каҷравиҳо низ пешгирӣ шавад, яъне танҳо шаклҳои аслии ин номҳо (бе пасванди “а”) пешниҳод шавад.

Номҳои муштарак

Мураттибони феҳрист комилан дуруст қайд кардаанд, ки баъзе номҳо барои писарону духтарон муштараканд. Ин гуна номҳоро дар Феҳрист бо аломати ситорача ишора намуда, дар ин бора чунин тавзеҳот додаанд: “Ситорача аз он шаҳодат медиҳад, ки ин ном дар дигар минтақаи Тоҷикистон ба ҷинси дигар хос аст: Муҳаббат*, Равшан*, Меҳрубон*” (с. 6). Дар ин маврид чанд нуктаро қайд кардан лозим аст: 

Аввалан, баъзе номҳое ҳастанд, ки дар ҳамон як минтақа низ ба ҷинсҳои мухталиф тааллуқ дошта метавонанд: Равшан, Дилшод ва ѓ. Сониян, ишораи “дар дигар минтақаи Тоҷикистон ба ҷинси дигар хос аст” хуб нест. Аз як тараф, маълум нест, ки кадом минтақа барои интихоби ном дар мадди аввал асту кадом минтақа “дигар” шуморида мешавад. Беҳтар аст ин тавзеҳот аз қисми “Муқарроти умумӣ” бароварда шавад. Ниҳоят, вақте ки ин ё он ном муштарак аст, он бояд ҳам дар гурўҳи номҳои духтарона зикр гардад, ҳам дар гурўҳи номҳои писарона. Дар Феҳрист баъзе аз ин гуна номҳо дар гурўҳи номҳои писарона ворид шуда, дар гурўҳи номҳои духтарона танҳо шакли ба истилоҳ занонаи онҳо бо иловаи пасванди “а” дода шудаанд: Дилшод*, Зариф* (ин ном дар ҳамин шакл писарона аст), Муаззам*, Мунаввар*, Муҳтарам* ва ѓайра. Дар гурўҳи номҳои духтарона фақат шаклҳои  Дилшода, Зарифа, Муаззама, Мунаввара, Муҳтарама оварда шудаанд. Ин масъала, ба андешаи мо, хеле муҳим аст. Масалан, агар номи духтаре Мунаввар бошад, ў номи худро фақат дар гурўҳи номҳои писарона пайдо карда, метавонад дар байни дўстонаш дар хиҷолат монад, зеро дар гурўҳи номҳои духтарона фақат шакли Мунаввара дода шудааст. Ҳамчунин баъзе аз номҳо бо аломати ситорача танҳо дар гурўҳи номҳои духтарона оварда шудаанд: Навбаҳор*, Ниҳол*, Офарида*, Санавбар*, Саховат*, Фараҳ*, Шаҳризод* ва ѓайра.       

Ба андешаи мо, баъзе номҳо иштибоҳан “ҷинс”-и худро дигар кардаанд, ё худ иштибоҳан бе ситорача оварда шудаанд. Масалан, номи “Матлаб” фақат дар гурўҳи номҳои писарона ва бе аломати ситорача оварда шудааст, ҳол он ки метавонад духтарона низ бошад. Ё худ, “Меҳрнўш”, ки он бе аломати ситорача дар ҳар ду гурўҳ оварда шудааст. Ин ном, ба андешаи ѓолиб, номи духтарона аст.          

Номи падар: Оё овардани номи падар ҳатмист? 

Ба андешаи мо, ин масъала хеле муҳим аст. Дар қисмати охири Феҳрист Намунаи насабнависӣ дар асоси қисмҳои 4 ва 6-и моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” оварда шудааст. Дар ин Намуна роҳҳои гуногуни сохта шудани насаб ва номи падар дода шудаанд. Ҳамаи намунаҳо аз насаб, ном ва номи падар, яъне се ҷузъ иборатанд. Ин тарзи пешниҳод дар зеҳни хонанда ва кормандони шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ чунин андешаеро талқин мекунад, ки номи пурраи фарзандони мо бояд ҳатман аз се ҷузъ – насаб (номи хонаводагӣ), номи худи шахс ва номи падари ў иборат бошад. 

Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки ин анъана (номҳои сеҷузъа) ба мо аз замони Шўравӣ ба мерос мондааст, аниқтараш аз фарҳанги русӣ гузаштааст.  Дар он замон ҳатто ба номҳое, ки аз ду ҷузъ (насаб ва ном) иборат буданд, ба тарзи шартӣ ҳангоми муроҷиат номи падарро аз ҳамон насаб сохта илова мекарданд. Масалан, ба шахсе, ки ному насабаш дар шиноснома расман Каримов Салим бошад, ҳангоми муроҷиат Салим Каримович, ё Анварова Саодат  бошад, Саодат Анваровна мегуфтанд. Дар аксар фарҳангҳои номгузории халқҳои ҷаҳон танҳо насабу ном истифода мешавад (Пабло Неруда, Марк Твен, Маргарет Тетчер, Жорж Помпиду, Беназир Бҳутто, Азиз Несин). Дар ҳамон замони Шўравӣ низ мо номҳои анъанавие доштем, ки фақат аз насаб ва ном таркиб ёфта буданд: Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ. Имрўз низ чунин тарзи ному насабсозӣ (бе номи падар) маъмул аст. 

Ҳамин тариқ, аз се ҷузъ иборат будани номро ба падару модарони кўдакони навзод талқин кардан он қадар хуб нест. 

Масъалаи дигаре, ки ба миён меояд, сохтани номи падар (агар зарур шуморем) аст. Дар Намуна пешниҳод шудааст, ки дар сохтани номи падар низ аз пасвандҳои “зод”, ”зода”, “ёр”, “ниё” ва “фар” истифода кардан мумкин аст. Пасвандҳои “ӣ”, “он”, “ён”, “иён” танҳо дар насабсозӣ нишон дода шудаанд. 

Аз ин ҷо чанд савол ба миён меояд: 

1) Чаро бо пасвандҳои  “ӣ”, “он”, “ён”, “иён” номи падар сохтан мумкин нест?

2) Оё хуб аст, ки ҳам дар насаб ва ҳам дар номи падар аз шаклҳои гуногуни ҳамон як ҷузъи насабсоз истифода кунем (масалан, Фаррухзод Хуршед Ализода ё Ализода Лола Самадзод, с. 124)?

3) Чаро аз пасвандҳои номи падарсози “пур” (Синопур. Олимпур, Салимпур) ва “духт” (Шоҳиндухт, Парвиздухт) ва ѓайра сарфи назар шудаааст? 

4) Умуман, дар байни пасвандҳои насабсоз ва номи падарсоз тафовуте бояд бошад ё не? 

Ба ин саволҳо бадоҳатан ҷавоб додан хуб нест. Ин масъалаест, ки таҳлили ҳамаҷониба ва беѓаразонаро тақозо мекунад. Бори дигар таъкид кардан мехоҳем, ки Феҳрист барои ояндагон аст. Пас месазад, ки фақат “ба мавҷуд будани чунин тарзи насаб ё номи падарсозӣ дар ҳоли ҳозир” такя накарда, роҳҳои беҳтар ва асилтари ному насабсозиро барои ояндагон пешниҳод кунем. 

Ниҳоят, азбаски аксари падару модарон ва ҳатто кормандони шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз нозукиҳои ному насабсозӣ огоҳии пурра надоранд, Феҳрист бояд бо шарҳу тавзеҳоти бештар пешниҳод шавад. Муҳимтар аз ҳама, Феҳрист бояд орӣ аз ҳар гуна ѓалат ва пешниҳоди нопурра бошад. Вагарна, агар ман набераамро “Шарифабону” ном ниҳодан хоҳам, кормандони шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ метавонанд бо такя ба Феҳрист инро рад кунанду маро маҷбур кунанд, ки “Шарифбону”-ро интихоб кунам, зеро номи Шарифбону пешниҳод шудааст, аммо Шарифабону нест (с. 49).

Дар оянда таҳия ва чоп намудани тафсири муҳимтарин номҳои миллӣ низ ба фоидаи кор аст, зеро пеш аз номгузорӣ кардани кўдак ба маънои он пай бурдан лозим аст.

Умедворем, ки ин нуктаҳо дар нашрҳои минбаъдаи Феҳрист ба эътибор гирифта мешавад. 

Азим Байзоев 

                  

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj