Номҳои саргардони тоҷикӣ

Ҳ и к о я т

Гурўҳе ҳукамо ба ҳазрати Кисро дар маслиҳате сухан мегуфтанд ва Бузургмеҳр, ки меҳтари эшон буд, хомўш. Гуфтандаш:

--Чаро ба мо дар ин баҳс сухан нагўйӣ?

Гуфт:

-- Вазирон ба мисоли атиббоанду табиб дору надиҳад ҷуз сақимро (бемор). Чун бинам, ки раъйи шумо бар савоб аст, маро ба сари он сухан гуфтан ҳикмат набошад.

Чу коре бе фузули ман барояд,

Маро дар вай сухан гуфтан нашояд.

В-агар бинам, ки нобинову чоҳ аст,

Агар хомўш биншинам, гуноҳ аст.

Шарҳи калимаи Кисро: «шакли арабишудаи Хусрав (Хисрав) 1. Лақаби Хисрави Анўшервон; 2. Лақаби подшоҳони сулолаи Сосониёни баъд аз Анўшервон» (ФЗТ. Ҷ.1, саҳ. 555).

Бузарҷмеҳрро пурсиданд, ки сабаб чӣ буд, ки подшоҳии Оли Сосон вайрон гашт ва ту тадбиргари ў будӣ ва имрўз бо рою тадбир ва хираду дониш туро дар ҷаҳон назире нест (Низомулмулк).

Байдақ:

Байдақи холиту наронда ҳанўз,

Тўраи каҷбоз ду рух бурд муфт   (Камоли Хуҷандӣ).

Байдақ муарраби пиёда (исми танҳо, шакли ҷамъи он баёдиқ) аст.

Маҳлиё тифлакро бо муҳаббати зиёд нигоҳубин мекард…Ягона ҳамдаму ҳамрози Маҳлиё акнун духтараки зебояш буд («Зан ва мард», 7.01.2015).

Номи занонаи Маҳлиё туркишудаи номи Моҳлиқо (Маҳлиқо) аст, ки аз тоҷикии моҳ (маҳ) ва арабии лиқо сохта шудааст, маҳлиё маъное надорад.

«Дилхироҷ» номи як оҳанги мусиқӣ аст, ки туркишудаи дилхароши тоҷикист.

Мисли ҳамин «Ёсуман»-и тоҷикӣ ба Жасмини русӣ табдил ёфта, боз ба худамон баргаштааст.

Дар шигифт мемонад кас, ки адибону олимони гузаштаамонро чӣ зарурат пеш омада бошад, ки калимаҳои қадимаи дилпазири Хусрав ва Бузургмеҳри форсӣ-тоҷикиро канор гузошта, ба калимаҳои шикастаи мушкилгўйи муарраби Кисро ва Бузарҷмеҳр рўй овардаанд. Вожаҳои ҷавҳар (муарраби гавҳар)ва шакли чамъи он ҷавоҳирот тобиши маънои хос пайдо кардаанд. Муарраби носуфтаи байдақ ҳам дар бозии шоҳмот мавқеи истифода ёфтааст, бинобар ин аз онҳо ҷойи гурез нест. Аммо ба истифодаи Маҳлиё ба ҷойи исми хоси Маҳлиқо ё Моҳлиқо ва Жасмин ё Жасмина ба ҷойи Ёсуман чӣ мегўед?

Б.Камолиддинов,

доктори илмҳои филологӣ, профессор

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj