Норасоии об ва сабабҳои маҳдудшавии ҳуқуқи инсон ба он

(Дар партави қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»)

Ҳуқуқи инсон ба об имконияти истифода намудан аз обе мебошад, ки дар ҳолати табиӣ ё баъди коркард (тоза кардан, безарар гардондан, илова намудани моддаҳои зарурӣ) аз рўи сифати худ ба талаботи меъёрии муқарраршуда ҷавобгў буда, барои нўшидан ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти маишии инсон, инчунин, барои истеҳсоли озуқа ва маводи тиббӣ истифодашаванда мебошад. Оби тозаи ошомиданӣ, озуқаворӣ ва тандурустӣ унсурҳои асосии банди «ҳуқуқ ба сатҳи кофии зиндагӣ» Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (соли 1948) мебошанд, ки расман аз тарафи ҳамаи давлатҳо эътироф шудааст. 

Об захираи муҳим барои нигоҳдошт ва пешбурди ҳаёт дар рўи Замин аст, вале норасоии оби нўшокӣ дар ҷаҳони муосир боиси мушкилоти гуногуни байналмилалӣ ва маҳдудшавии ҳуқуқи инсон мегардад. Об 70%-и ҳудуди заминро дар бар мегирад, аммо танҳо 2,5-3%-и он оби нўшокӣ мебошад. Дар асоси маълумоти СММ беш аз 40%-и аҳолии дунё (2,5 млрд. инсон) дар ноҳияҳое зиндагӣ мекунанд, ки аз норасоии оби нўшокӣ танқисӣ мекашанд. 80%-и бемориҳое, ки дар давлатҳои рў ба инкишоф пайдо мешавад ба об вобастагӣ дорад ва дар як сол боиси марги 3 млн. инсон мегардад.  Тибқи пешбиниҳо дар соли 2020 норасоии оби нўшокӣ ба ҳайси яке аз мушкилоти глобалӣ баромад намуда, монеаи рушди минбаъдаи инсоният, аз ҷумла ҳуқуқи инсон мегардад ва то соли 2025 беш аз 50%-и аҳолии дунё аз норасоии оби нушокӣ танқисӣ хоҳанд кашид.  Бинобар ин, пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» саривақтӣ мебошад. 

Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст». Воқеан, ташабуссҳои Пешвои миллат ҷиҳати андешидани чораҳои судманд дар сатҳи байналмилалӣ оид ба норасоии оби нўшокӣ боиси он гардиданд, ки Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии оби ошомиданӣ (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалҳо  “Об барои ҳаёт” (2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро эълон намояд, ки дар заминаи он қатномаҳои зеринро қабул кард:   қатъномаи СММ таҳти рақами 55/196 аз 20 декабри соли 2000, ки тибқи он соли 2003– Соли байналмилалии оби тоза эълон шуд;  қатъномаи СММ таҳти рақами  58/217 аз 23 декабри соли 2003, ки мувофиқи он давраи солҳои 2005-2015- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон шуд; қатъномаи СММ таҳти рақами 61/192 аз 20 декабри соли 2006, ки тибқи он соли 2008 – Соли байналмилалии беҳдошт» эълон шуд; қатъномаи СММ таҳти рақами 65/154 аз 20 декабри соли 2010, ки мувофиқи он соли 2013– Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон шуд; қатъномаи СММ таҳти рақами 67/204 аз 21 декабри соли 2012 оид ба баргузории Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар соли 2013; қатъномаи СММ таҳти рақами 64/198 аз 21 декабри соли 2009 оид ба шарҳи миёнамуҳлати ҳамаҷонибаи рафти баргузории Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015;   қатъномаи СММ таҳти рақами 69/215 аз 19 декабри соли 2014, ки тибқи он баргузории шарҳи ҳамаҷонибаи пешравие, ки зимни Даҳсолаи баргузоршуда ба мувофиқа расид ва минбаъд низ дар сатҳи байналмилалӣ андешидани тадбирҳо баҳри расидан ба ҳадафҳои марбут ба соҳаи об дархост карда шуд; қатъномаи СММ таҳти рақами 68/157 аз 18 декабри соли 2013 оид ба ҳуқуқи инсон ба оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошт ва ба қатъномаи дахлдори Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла қатъномаҳо таҳти рақамҳои 24/18 аз 27 сентябри соли 2013 ва 27/7 аз 25 сентябри соли 2014; қатъномаи Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ таҳти рақами 1980/67 аз 25 июли соли 1980 оид ба солҳо ва солгардҳои байналмилалӣ; қатъномаҳои Маҷмаи Умумӣ таҳти рақамҳои 53/199 аз 15 декабри соли 1998 ва 61/185 аз 20 декабри соли 2006 оид ба эълон намудани солҳои байналмилалӣ; қатъномҳои СММ таҳти рақамҳои 70/1 аз 25 сентябри соли 2015 таҳти унвони «Табдил додани ҷаҳони мо: Рўзномаи рушди устувор барои то соли 2030» ва 70/299 аз 29 июли соли 2016 оид ба фаъолияти минбаъда дар робита ба Рўзнома барои то соли 2030 ва шарҳи рафти татбиқи он дар сатҳи ҷаҳонӣ; қатъномаи СММ таҳти рақами 16-20894 аз 21 декабри соли 2016 оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва ѓайра. Ин санадҳо дар маҷмуъ фишанги таъсирбахши ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи инсон ба об гардиданд. 

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об, яъне 22 марти соли 2018 оѓоз ёфта, дар Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об - 22 марти соли 2028 анҷом меёбад. Дар заминаи қатъномаи қабулшуда аз давлатҳои аъзо, мақомоти дахлдор ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Миллали Муттаҳид, комиссияҳои минтақавӣ ва дигар сохторҳои таркибии СММ, инчунин, дигар шарикони дахлдор, аз ҷумла бахши хусусӣ даъват ба амал оварда шудааст, ки барои баргузории Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мусоидат намуда, амалҳои мувофиқашударо бо истифода аз таконе, ки дар ҷараёни баргузории Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 мавҷуд аст, барои ҷонибдории амалисозии Рўзномаи рушди устувор барои то соли 2030  амалӣ намоянд.

Дар ин ҷода аҳолии ҷаҳон, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон барои амалишавии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» уҳдадоранд: меъёру қоидаҳои санитарӣ ва дигар қоидаҳоро доир ба таъмини оби нўшокӣ риоя намоянд, инчунин, талаботи қонунгузориро дар ин бахш иҷро кунанд; ба ифлосшавӣ ва камобшавии манбаъҳои таъмини оби нўшокӣ, инчунин, осеб дидани шабакаҳои он роҳ надиҳанд; оби нўшокиро дар рўзгор ва истеҳсолот самаранок ва оқилона истифода баранд; ҳаққи хизмати обрасониро тибқи тарифҳои муқарраргардида саривақт пардохт намоянд; ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои обтаъминкунӣ аз нияту амалҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки метавонанд манбаъҳои обтаъминкуниро ифлос намоянд, саривақт хабар диҳанд; ба ташкилотҳои обтаъминкунӣ дар бораи ҳолати ѓайриқаноатбахши шабакаҳои зикршуда хабар диҳанд.

Дар баробари ин, аз ҷониби давлатҳо барои таъмини ҳуқуқи шаҳрвандонашон ба об бояд чораҳои зерин андешида шавад: амалигардонии сиёсати ягонаи давлатии илмию техникӣ ҷиҳати таъмин кардани шаҳрвандон бо оби нўшокӣ мувофиқи меъёрҳои сифати истеъмоли об; ҳамоҳангсозии тадқиқотҳои илмӣ доир ба таъмини оби нўшокӣ, истеҳсоли мавод барои тоза ва безараргардонии оби нўшокӣ ва таъмини маблаѓгузории онҳо; ташкили меъёргузорӣ ва баҳисобгирии истеъмоли об; муайян намудани чораҳои ҳифзи манбаъ ва шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ; андешидани чораҳо оид ба беҳтар намудани сифати оби нўшокӣ ва истифодаи оқилонаи он, ҳифзи захираҳо ва манбаъҳои таъмини оби нўшокӣ аз ифлосшавӣ, олудашавӣ ва камобшавӣ. 

Д.Ш. Сангинов,

 мудири кафедраи ҳуқуқи соҳикборӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносӣ, 

номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj