Ноҳиди зебоӣ

Модар, чашмаи шири сапеди ту ширинтар аз ҳама шириниҳо, хушбўйтар аз ҳама хушбўиҳо, бонерутар аз ҳама неруҳост. Дарёи дили дардошнои ту пуробтар аз ҳама рўдборҳо ва гуворотар аз ҳама наҳрҳои зиндагист.
Модар, каломи муъҷизабахшат бузургтарин эҳдои табиати Офаридгор аст, фарҳангат  фарҳанги худоиест, ки наслҳоро ба дунёи равшан ҳидоят мекунад, нафосати модариат дар фазилату ҳикмат ва меваи накукорию адолат баррехта, ҳаққо дилат саршори раҳму шафқат аст. Муҳаббати ҳақиқию пок танҳо дар туст, модар, зеро ҳеҷ кас дар зиндагии худ наметавонад муҳаббате амиқтар, бепироятар ва воқеитар аз муҳаббати модари худ биёбад. Модар, номи ту як дунёи пур аз маънист, ки онро ҳарф ба ҳарф  қисмат кунем ҳар як ҳарф дар худ як маънӣ дорад. Мисли ин ки: «М»-меҳр, «О»-одоб, «Д»-дунё, «А»-ақл «Р»-раҳм. Шояд дар партави ин як дунё маънӣ бошад.
Барои фарзанд мисли канори модар биҳиштосо макони дигаре нест. Чун одамӣ ба дунё меояд нахустин  ватани ў оғўши модар аст, ки аз ҳама мавҷудоти олам авлотару зеботар аст. Ин ватани зебост, ки одамиро рўҳмебахшад, мепарварад, тарбият медиҳад ва ба воя мерасонад. Ҳеҷчиз ба андозаи дидани як модар, вақте тифлашро дар оғўш дорад, рўҳпарвар нест ва ҳеҷчиз ҳисси эҳтирому ситоиши моро ба қадри ҳолати модаре, ки тифлонаш ўро иҳота кардаанд, бедор намекунад. Модар, дунёест, саропо  хираду муаммо ва беҳтарин сармояест дар дунё. Аз ин рў,биҳиштро зери қадами ўва аз ҳама бештар эҳсон карданро низ дар ҳаққи ўраво медонанд.
Ҷинон дар зери гоми модарон аст,
Бикаш бар дида хоки зери гомаш.
Макун бар рўйи ўтундӣ, ки бар ту,
Худо фармуда воҷиб эҳтиромаш.
Модар чун табиати пурасрорест, ки дунёи томро мемонад, дунёеро, ки саропо бедориву руъёҳост. Модар ҳақиқати ҳақиқатҳо ва пайвандгари наслҳост. Модар, аз ту одаму олам тавлид мешавад, аммо ҳайфо, ки олам туро такроран нахоҳад зоид, эй сайёраи номакшуф! Эй нури ҷон, эй нури зиндагии масарратбахш, эй омўзгори рўзгор, эй модари бузургвор, бузургиатро ҳар қадар бо сухан васф кунам он кам асту беш на, зеро бузургии ту аз чашмаи пояндаи зиндагӣоғозпазир асту поёнпазир нахоҳад буд ва каломи шаҳдогинатро аз саҳфаи дилҳо марг ҳам набитвонад сутурд.
Зиҳӣ модар, зиҳӣ нозпарвар, зиҳӣ сарчашмаи неку рўшноӣ, зиҳӣ, эй ноҳиди зебоӣ!
Нигина Наҷотова,
устоди ДМТ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj