ОБ - ОМИЛИ БАҚО БАРОИ ИНСОН

(дар робита ба Даҳсолаи байналмилалии амал ”Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028”)

Баъди оксиген дувумин омили бақо барои инсон об аст. Инсоният бо пешрафти илму техника ба дараҷаи таҳаввулу ташаккули баланд расидааст. Даҳҳо мушкилоти худро осон гардонида, ҷои як чиз чизи дигарро кашф намудааст. Имрўз инсоният хўроки худро иваз намуда, ҳатто дар бархе аз кишварҳо нонро бо дигар анвои хўрокӣ иваз кардаанд. Аммо обу ҳаво он неъматҳое мебошанд, ки дар заминаи ҳама гуна илму таҳаввулот наметавон онҳоро иваз намуд.

Масъалаи ниҳоят муҳимми экологӣ, ки имрўзҳо мавриди омўзиш ва баррасии ҷомеаи ҷаҳони муосир қарор дорад, ин норасоии оби ошомиданӣ аст. Имрўз дар ҷаҳон 1 миллиарду 200 миллион нафар дар минтақаҳое зиндагӣ мекунанд, ки дастрасӣ ба оби нўшокӣ барояшон мушкил аст.

Қабули пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали  Муттаҳид дар бобати эълон намудани Даҳсолаи   байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” барои Тоҷикистон мояи ифтихори бузург аст. Қатъномаи мазкур, пеш аз ҳама, ба ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ, аз қабили ивазшавии қабати озонӣ ва тағйирёбии иқлими сайёра, таъминоти аҳолии курраи замин бо оби нўшокӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳолати экологии муҳити зист бахшида шуда, ҷомеаи ҷаҳониро як бори дигар барои кам кардани исрофи об, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ, истеҳсоли неруи барқ, низоми экологӣ ва рушди устувори инсонӣ  ҳушдор месозад. Ин пешниҳод идомаи пешниҳодҳои қаблии Тоҷикистон марбут ба об мебошад. Яъне, яке аз ҳадафҳои асосии ин пешниҳод аз нав ба роҳ мондани ҳалли масъалаи муҳими ҷаҳонии мазкур дар роҳи рушди ояндаи  ҷомеаи башарист. Эълони даҳсолаи нав даҳҳо ҳадафҳоро пайгирӣ менамояд, ки имрўзу оянда ҷомеаи инсонӣ ба он ниёзманд мебошад. Яке аз ҳадафҳои меҳварӣ он аст, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои  рушди устувор» барои таъмини амнияти экологии сайёра нақши амиқ дорад. 

Тоҷикистони мо аз ҷумлаи он кишварҳоест, ки бинобар ифлосшавии атмосфера ва дигаргун гаштани иқлим аз солҳои шастуми асри гузашта ба суръати баланди обшавии пиряхҳо дар ҳудуди худ мувоҷеҳ аст. Албатта, ин маънои онро надорад, ки обшавии пиряхҳо танҳо манфиат ё зарари Тоҷикистон аст. Имрўз дар ҷаҳон ин раванд суръати бесобиқа дорад ва бетафовутӣ нисбат ба он барои оянда даҳшатбор хоҳад буд. Аз рўи ҳисоби мутахассисон агар тамоми пиряхҳои ҷаҳон об шаванд, сатҳи об дар рўи замин 64 метр баланд мешавад, ки ин фано гаштани ҳаёт дар як қисмати бузурги сайёраи мост.

Ҳадафҳои асосӣ дар ин ҳама пешниҳодот ҳушдор додани ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хавфи бузурге мебошад, ки дар сурати муносибати нодуруст ҷомеа дар наздиктарин фурсатҳо мувоҷеҳ ба он мешавад. Дар робита ба ин даҳсолаи нав дар самти расидан ба ҳадафҳои муҳити зисту беҳдошт,  бахусус дар таъмини устувории муҳити зист хеле созгор буда метавонад.

Ҳадафи дигари қабул ва эълон гардидани ин даҳсола марбут ба омилҳои иқтисодӣ мебошад. Яъне, обро ба манбаи истеҳсоли энергияи арзону безарар табдил додан аст, ки моҳияти аслии инро воқеоти неругоҳи Фукусимои Япония барои тамоми ҷаҳон собит намуд. Дар Тоҷикистон захираҳои об асоси захираҳои энергетикии кишвар ба ҳисоб мераванд, ки инро маротибаи чандум натиҷагириҳову хулосаҳои комиссияҳои махсуси баландпояи байналхалқӣ собит намудаанд. Мавриди зикр аст, ки аз иқтидори  гидроэнергетикии кишвар, ки дар ҳаҷми 527 млрд. кВт.соат баҳогузорӣ карда шудааст, имрўз ҳамагӣ 3-4 фисади он истифода мешавад. Яъне, захираҳо барои аз худ кардани ин сарчашмаи неруи аз лиҳози экологӣ тоза ва аз лиҳози иқтисодӣ нисбатан арзон кифояанд ва феълан зиёда аз 98 фисади неруи барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ба ин бахш марбут аст.

Захираҳои обии Тоҷикистон ба таври васеъ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла барои обёрикунонии заминҳои корами обӣ истифода мешаванд. Махсусан дараҷаи баланди аз об таъмин будани ҷумҳурӣ ба тараққиёти интенсивии заминҳои обӣ мусоидат менамояд.  

Бояд гуфт, ки мушкилоти ҷаҳонии табиат, таъмини оби нўшокӣ ва инкишофи минбаъдаи иқтисодиёти кишварро бо назардошти талаботи экологии имрўза тавассути баланд бардоштани савияи дониш ва маърифати экологии ҳар як сокини сайёра таъмин намудан мумкин аст.

Бо назардошти ин ҳама метавон гуфт, ки ҷомеаи ояндаи инсоният бештар ба проблемаҳои экологии вобаста ба об андармон мешавад. Печидагиҳо ва унсурҳои алоҳидаи онро дарк намуда, Тоҷикистон чун ташаббускори даҳсолаи нав  дар ҳамҷоягӣ дар ҳалли ин проблемаҳои ҷиддӣ мусоидат кардан мехоҳад. Бо ин ҳама тасмимот ҷомеаи ҷаҳониро барои қазовату масъулият даъват менамояд. Зеро тавозуни табиӣ ба куллӣ тағйир ёфтааст ва Тоҷикистон аз ҷумлаи он кишварҳои дорои захираҳои обист, ки дар навбати аввал аз тағйирёбии ин тавозун зарар дида истодааст.

Оби тоза мисли нафту газ аз ҷумлаи сарватҳои миллии мо ба шумор меравад ва муносибати хосаро тақозо мекунад. Мо бояд захираҳои оби худро маҳфуз дорем ва идоракунии пурсамари онҳоро омўзем.

Раҷабалӣ Бобохонов,

устоди ДМТ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj